Матни равон

Имрӯз, 20.09.2024 дар толори хурди мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр ҷаласаи Ситоди ҳарбӣ доир ба рафти иҷрои қарори Раиси шаҳр “Дар бораи даъвати шаҳрвандони соли таваллудашон 1997 – 2006 ба хизмати ҳарбӣ дар даъвати тирамоҳии соли 2024” баргузор гардид.

Дар ҷаласаи корӣ муовини якуми Раиси шаҳр, муовинони Раиси шаҳр, мудирони шуъбаву бахшҳо, раисони ҷамоати шаҳракҳо, корхонаву муассисаҳо, раисони маҳаллаҳо ва дигар шахсони дахлдор иштирок доштанд.

Раиси шаҳр Раъно Ҳошимзода кори ҷаласаро ифтитоҳ бахшида зикр намуд, ки ҳимояи манфиати давлат, таҳкими истиқлолият, амният ва иқтидори мудофиавии он вазифаи муқаддаси шаҳрванд аст. Воқеан, дар замони соҳибистиқлолии кишвар зери роҳбарии бевоситаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон ба мактаби мардонагиву ҷасорат, марҳилаи ташаккули инсони тавонманду чобук ва хештаншиносу ватандӯст табдил ёфта, дар камолоти ҷисмониву эҳсоси ватанпарастии насли шоистаи замон нақши арзишманд мегузорад.

Вобаста ба рафти иҷрои қарори раиси шаҳр комиссари ҳарбии шаҳр Хайрулло Сатторзода маълумот пешниҳод намуд.

Сипас, ба масъулин доир ба тақвият бахшидани корҳо дар самти ҷалб намудани шаҳрвандони соли таваллудашон 1997 – 2006 ба хизмати ҳарбӣ дар даъвати тирамоҳии соли 2024, ҷалби даъватшавандагон ба курсҳои кутоҳмуддати ронандагӣ, таъсиси гурӯҳи корӣ ва баргузор намудани корҳои фаҳмондадиҳӣ бо сокинон супоришҳо дода шуд.

Инчунин, ба раисони ҷамоати шаҳракҳо ва дигар шахсони масъул  ҷиҳати саривақт иҷро намудан  нақшаи даъвати ҳарбӣ супориш дода шуд.

Шарҳ додан


Защитный код
Нав кардан

Сомонаҳои расмӣ



Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон


МИҲД вилояти Суғд


АМИТ "Ховар"

МУРОҶИАТ БА РАИС!

+992300000018

+992300000018

Эълонҳо

  • 1
  • 2
  • 3
  • 4
  • 5

ДИҚҚАТ! ОЗМУН!

ДИҚҚАТ! ОЗМУН!

Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Гулистон барои ишғоли мансабҳои холии маъмурии хизмати давлатӣ озмун эълон...

24 Апр 2024

Диққат! Озмун!

Диққат! Озмун!

Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Гулистон барои ишғоли мансабҳои холии маъмурии хизмати давлатӣ озмун эълон...

25 Апр 2022

Диққат! Озмун!

Диққат! Озмун!

Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Гулистон ба мансабҳои холии маъмурии хизмати давлатӣ озмун эълон менамояд ...

04 Ноя 2021

Боздошти гурӯҳи қочоқчиёни маводи мухаддир / Ахбори Точикистон

Боздошти гурӯҳи қочоқчиёни маводи мухаддир / Ахбори Точикистон   https://youtu.be/ZH0ryjEAOyE

28 Ноя 2019

ДИҚҚАТ, ОЗМУН!

МАҚОМОТИ ИҶРОИЯИ ҲОКИМИЯТИ ДАВЛАТИИ ШАҲРИ ГУЛИСТОН барои ишғоли мансабҳои холии маъмурии хизмати давлатӣ озмун эълон менамояд: Дастгоҳи...

30 Сен 2019

Мо дар Фейсбук

Ташрифкунандагон


mod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_counter
mod_vvisit_counterИмрӯз:794
mod_vvisit_counterРӯзи гузашта:8635
mod_vvisit_counterҲамин ҳафта:11194
mod_vvisit_counterҲафтаи гузашта:11288
mod_vvisit_counterҲамин моҳ:44729
mod_vvisit_counterМоҳи гузашта:43614
mod_vvisit_counterҲамагӣ:8146046

Райъпурсӣ

Сомона чи хел аст?