29 Сентябр 2024
Санаи 27.09.2024 дар осоишгоҳи ҶДММ "Баҳористон" ба ифтихори Рӯзи умумиҷаҳонии сайёҳӣ чорабинии идона баргузор карда шуд. Дар чорабинии идона ҳаҷвнигорон ва ҳофизон ширкат намуда, табъи истироҳаткунандагонро болида гардониданд.
Рӯзи умумиҷаҳонии сайёҳӣ яке аз ҷашнҳои байналмилалӣ буда, аз ҷониби Ассамблеяи генералии Созмони Умумиҷаҳонии сайёҳӣ соли 1979 дар шаҳри Торремолиноси Испания таъсис ёфта, ҳамасола 27 сентябр ҷашн гирифта мешавад.
Хотирнишон бояд кард, ки бо талошҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо мақсади заминаи воқеӣ гузоштан ва ворид шудани соҳаи сайёҳии кишвар ба бозори ҷаҳонии сайёҳӣ 27 – ноябри соли 2007-ум дар шаҳри Картахена Индасии Ҷумҳурии Колумбия дар ҷаласаи 54 Асамблеияи Созмони умумиҷаҳонии сайёҳии Созмони Милали Муттаҳид кишвари азизи мо ҳамчун узви комилҳуқуқи ин созмони бонуфӯз пазируфта шуд.
Ҳамасола бахшида ба Рӯзи умумиҷаҳонии сайёҳӣ дар кишвар чорабиниҳои гуногун баргузор гардида, ин рӯз бо як шукуҳу шаҳомати хоса дар кишвар таҷлил мегардад.