29 Сентябр 2024
Аз 24 сентябр дар Муассисаи давлатии «Китобхонаи миллии Тоҷикистон» даври дуюми Озмуни ҷумҳуриявии «Хонандаи беҳтарини асарҳои Пешвои миллат» оғоз гардид ва то 28 сентябр идома ёфт.
Дар даври ниҳоии озмуни мазкур донишҷӯӣ бахши сеюми Муассисаи ғайридавлатии коллеҷи тибии шаҳри Гулистон Абдуқодирова Зарнигор фаъолона иштирок намуда, сазовори ҷойи ифтихорӣ гардида, бо Ифтихорномаи Кумита оид ба таҳсилоти ибтидоӣ ва миёнаи касбии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва сипосномаи Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон қадрдонӣ гардид.
Ёдовар мешавем, ки бо мақсуди арҷгузорӣ ба таърихи пурифтихори миллати тоҷик, омӯзиши амиқу ҳамаҷонибаи корнамоиҳои наҷиб ва фаъолияти шоистаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар роҳи наҷоти давлат, таҳкими ваҳдати миллӣ, эъмори модели нави давлати демократӣ, ҳуқуқбунёд, дунявӣ ва ягонаи Тоҷикистон дар шароити нави таърихӣ ва ба ин васила дарёфти чеҳраҳои нави суханвару сухандон, арҷ гузоштан ба арзишҳои миллию фарҳангӣ, инкишофи қобилияти эҷодӣ, таҳкими эҳсоси худогоҳию худшиносӣ, ифтихори миллӣ, тақвияти қобилияти кордониву роҳбарӣ, омӯзиши ҳамаҷонибаи Мактаби давлатдории Пешвои миллат дар байни насли ҷавони аҳолии ҷумҳурӣ, бахусус донишҷӯёни муассисаҳои таҳсилоти миёна ва олии касбӣ дар мамлакат Озмуни ҷумҳуриявии «Хонандаи беҳтарини асарҳои Пешвои миллат» доир мегардад.