Матни равон

Ҳамшаҳриёни гиромӣ!

Бо шарофати Истиқлолияти давлатии Тоҷикистон ва тавассути сиёсати дурбинона ва хирадмандонаи Асосгузории сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бисёр чеҳраҳои оламшумули адабиёту фарҳанги мо аз нав зинда ва хотираи онҳо абадӣ гардонида шуданд.

Бо пешниҳоди Пешвои муаззами миллат ва тасдиқи созмони фарҳангии ЮНЕСКО соли 2007 дар Тоҷикистон ва дар тамоми дунё 800-солагии Мавлоно Ҷалолуддини Балхӣ ботантана таҷлил карда шуда, адолати таърихӣ нисбати ин ҳакими бузурги давру замонҳо барқарор карда шуд.

 

Мавлоно Ҷалолиддини Балхӣ яке аз пурмаҳсултарин адибони тоҷику форс ба ҳисоб рафта, бо осори гаронмояи манзуму мансури худ дар густариши фарҳанги мо – тоҷикон саҳми бузурге дорад. Осори гаронмояи Мавлоно Балхӣ дар «Девони Шамс», «Маснавии маънавӣ», «Маҷолиси саъба», «Фиҳӣ мо фиҳӣ» ва «Мактубот» фароҳам омадаанд. Мақоми ин суханвари беназир ончунон баланд аст, ки ҳамагон ӯро бузургтарин шоири ҷаҳон, барҷастатарин намояндаи адабиёти форсу тоҷик ва монанди ин ба қалам додаанд.

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зикр менамоянд, ки шинохти Мавлоно хусусиятҳои ҷолиберо бозгӯ менамояд: “Шинохти  Мавлавӣ вежагии хос ва ҷолибро возеҳ месозад: он пайванди ниҳоят наздик ва амалан ногусастании таълимоти ӯ бо рафтор ва амалии иҷтимоӣ мебошад. Мутафаккир аз ганҷинаи бекарони ҳикмат ва хиради халқи худ ва мардумони дигар ҳикоёт, достон, ривоят, қисса, масал, ибороти муъҷаз, ҳунарҳои гуногун  ва гӯиши тарзи баёнро эҷодкорона истифода намудааст ва нигоришу баёни худро бо назокату ҷаззобияти онҳо таровиш додааст. Бар асари ин корбурд осори Мавлоно ба қалби ҳазорон ва миллионҳо ҳамнаво ва ҳамроз гардидааст, сухани ҳикматбор ва ибратомӯзи ӯ вирди забонҳо ва сармашқи амал шудааст, худи ӯ муршиди маънавӣ ва ахлоқӣ гардидааст”.

«Маснавии маънавӣ»-и Мавлоно Ҷалолиддини Балхӣ, воқеан, имрӯз китоби серхаридори ҳам Шарқу ҳам Fарб аст ва он қомуси миллист, ки ба мо тоҷикон аз дарозои таърих аз ин марди Худо мерос мондааст. Мавлоно дар ҷустуҷӯи инсони комил аст. «Маснавии маънавӣ» сар то сар ғояҳои адолатхоҳии ин марди бузург дар ҳаққи инсонро доро мебошад. Бояд гуфт, ки Мавлоно адолатро ниҳоят доманадор ва ҷавҳарӣ шинохтаасту шарҳу тавзеҳи муфассал додааст. Дар фаҳмиш ва дарки ин ҳикмати маънавӣ адолат воситаи усули ҳастии инсон, воситаи муносибати одам бо ҳамтоёни худ ва ҳам тарзи зисту ҳастии иҷтимоиёт аст. Агар мухтасар нигоҳу диди Мавлоноро оид ба адолат шиносем, бояд ин тавр гуфта бошем, ки адолатро ӯ пойдевор ва ҷавҳари ҳастию амали иҷтимоии инсонӣ медонад ва нақл андар нақл, ҳикоя андар ҳикоят, панд андар панд, фасл андар фасл дар шаш дафтари «Маснавӣ»-и беш аз 25 ҳазор байти ин шайхи инсонҷӯ бо қалами эъҷозгар паёпай сохтани нақши одамизода роҳ мепаймояд ва аз таърихи гузаштагон бо нақлу нақд мегӯяд ва аз ривоятҳо бо ҳикояҳои дилошӯб ҳикмат мегӯяд ва оинаи зиндагии моро меофараду месозад.

Имрӯз моро мебояд, ки аз ин осори гаронмоя ва оламшумумли Мавлоно то қадри тавон хабардор бошем. Онро мутолиа намоем ва аз он баҳрабардор гардем. Зеро як тан фарзанди фарзонаи тоҷик Ҷалолуддини Балхӣ бо хости худу мардумони зодгоҳи аҷдодиаш не, бо хоҳишу талаботи китобдӯстони асили ҷаҳонӣ дар қитъаҳои олам соҳибтоҷ гардида, на танҳо беист, балки гузашта аз ин бо майлони афзуншавии рӯз ба рӯз азизтарин ва хонотарин адиби ҷаҳонӣ шинохта шуда истодааст.

Рӯзи Мавлоно Ҷалолиддини Балхӣ муборак бод!

Шарҳ додан


Защитный код
Нав кардан

Сомонаҳои расмӣ



Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон


МИҲД вилояти Суғд


АМИТ "Ховар"

МУРОҶИАТ БА РАИС!

+992300000018

+992300000018

Эълонҳо

  • 1
  • 2
  • 3
  • 4
  • 5

ДИҚҚАТ! ОЗМУН!

ДИҚҚАТ! ОЗМУН!

Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Гулистон барои ишғоли мансабҳои холии маъмурии хизмати давлатӣ озмун эълон...

24 Апр 2024

Диққат! Озмун!

Диққат! Озмун!

Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Гулистон барои ишғоли мансабҳои холии маъмурии хизмати давлатӣ озмун эълон...

25 Апр 2022

Диққат! Озмун!

Диққат! Озмун!

Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Гулистон ба мансабҳои холии маъмурии хизмати давлатӣ озмун эълон менамояд ...

04 Ноя 2021

Боздошти гурӯҳи қочоқчиёни маводи мухаддир / Ахбори Точикистон

Боздошти гурӯҳи қочоқчиёни маводи мухаддир / Ахбори Точикистон   https://youtu.be/ZH0ryjEAOyE

28 Ноя 2019

ДИҚҚАТ, ОЗМУН!

МАҚОМОТИ ИҶРОИЯИ ҲОКИМИЯТИ ДАВЛАТИИ ШАҲРИ ГУЛИСТОН барои ишғоли мансабҳои холии маъмурии хизмати давлатӣ озмун эълон менамояд: Дастгоҳи...

30 Сен 2019

Мо дар Фейсбук

Ташрифкунандагон


mod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_counter
mod_vvisit_counterИмрӯз:814
mod_vvisit_counterРӯзи гузашта:1396
mod_vvisit_counterҲамин ҳафта:2210
mod_vvisit_counterҲафтаи гузашта:18962
mod_vvisit_counterҲамин моҳ:45175
mod_vvisit_counterМоҳи гузашта:57438
mod_vvisit_counterҲамагӣ:8203930

Райъпурсӣ

Сомона чи хел аст?