Матни равон

Омӯзгорони арҷманд!

Касби омӯзгорӣ, фаъолияти ҳамарӯзаи муаллими ҳақиқӣ ва заҳматҳои пайвастааш дар роҳи таълиму тарбияи насли наврас, тайёр кардани мутахассисон ва маърифатноксозии мардум сазовори иззату эҳтиром мебошад.

Омӯзгор машъали фурӯзон аст, ки тинати мардумро нур мебахшад. Нақши омӯзгор, махсусан дар даврони соҳибистиқлоли кишварамон  ба маротиб афзуд.

Дар замони Истиқлолият дар соҳаи маориф ҷиҳати бунёди муассисаҳои нави таълимӣ ва таҷдиду барқароркунии муассисаҳои таълимӣ дигаргуниҳои зиёде ба амал омад.

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон муаллимро «Ақл, шарафу виҷдони ҷомеа ва симои асосии он» номидаанд. Ҳукумати Тоҷикистон баҳри пешрафти кори муаллим ва беҳбудии рӯзгори ӯ пайваста ғамхориҳо мекунад.

Муқаррар гардидани як қатор имтиёзҳо барои муаллимон, таъсиси Ҷоизаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соҳаи маориф ба он хотир аст, ки омӯзгор тамоми донишу заковат, гармии дили хешро бедареғ ба фарзондони халқ бидиҳад ва ҳамзамон худро хушбахт шуморад.

Бузургони адабиёти мо дар тамоми давру замонҳо муаллим, устодро ситоиш кардаанд. Камолиддин Биноӣ устодро «аз падар пеш» гузоштааст. Шайх Саъдии хирадманд «ҷабри устодро беҳ зи меҳри падар» гуфтааст. Мавлоно  Абдураҳмони Ҷомӣ «ҳастиро бе омӯзгор тираву рӯзгорро бехирад» маънидод кардааст.

Хушбахтона, дар даврони соҳибихтиёрӣ омӯзгорони мо рисолати таърихии худро сарбаландона идома дода, дар эъмори давлати демократӣ, ҳуқуқбунёд, дунявӣ, ягона ва пойдории сулҳу ваҳдат ва худшиносии миллӣ, таълими илму фан ва тарбияи ватандӯстии насли навраси Гулистон чун созандагони ҷомеаи навин нақши босазо гузошта истодаанд.

Дар интиҳо омӯзгоронро бо ҷашни фархундаи иди касбии Рӯзи омӯзгор самимона муборакбод гуфта, барояшон тансиҳатӣ, комёбиҳо дар роҳи таълим ва дастовардоҳои тоза ба тозаро таманно менамоям.

Ид муборак, омӯзгорони гиромӣ!

Шарҳ додан


Защитный код
Нав кардан

Сомонаҳои расмӣ



Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон


МИҲД вилояти Суғд


АМИТ "Ховар"

МУРОҶИАТ БА РАИС!

+992300000018

+992300000018

Эълонҳо

  • 1
  • 2
  • 3
  • 4
  • 5

Диққат! Озмун!

Диққат! Озмун!

Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Гулистон барои ишғоли мансабҳои холии маъмурии хизмати давлатӣ озмун эълон...

04 Дек 2024

ДИҚҚАТ! ОЗМУН!

ДИҚҚАТ! ОЗМУН!

Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Гулистон барои ишғоли мансабҳои холии маъмурии хизмати давлатӣ озмун эълон...

24 Апр 2024

Диққат! Озмун!

Диққат! Озмун!

Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Гулистон барои ишғоли мансабҳои холии маъмурии хизмати давлатӣ озмун эълон...

25 Апр 2022

Диққат! Озмун!

Диққат! Озмун!

Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Гулистон ба мансабҳои холии маъмурии хизмати давлатӣ озмун эълон менамояд ...

04 Ноя 2021

Боздошти гурӯҳи қочоқчиёни маводи мухаддир / Ахбори Точикистон

Боздошти гурӯҳи қочоқчиёни маводи мухаддир / Ахбори Точикистон   https://youtu.be/ZH0ryjEAOyE

28 Ноя 2019

Мо дар Фейсбук

Ташрифкунандагон


mod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_counter
mod_vvisit_counterИмрӯз:342
mod_vvisit_counterРӯзи гузашта:1418
mod_vvisit_counterҲамин ҳафта:342
mod_vvisit_counterҲафтаи гузашта:9535
mod_vvisit_counterҲамин моҳ:10515
mod_vvisit_counterМоҳи гузашта:50757
mod_vvisit_counterҲамагӣ:8220027

Райъпурсӣ

Сомона чи хел аст?