15 Октябр 2024
Дар кӯчаи Дӯстии халқҳои маркази шаҳри Гулистон дар доираи нақшаи корҳои ободонию созандагӣ ба истиқболи Ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон 1880 метри мураббаъ роҳҳои маҳаллӣ бо дастгирии мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр мумфарш карда шуд.
Раиси шаҳри Гулистон Раъно Ҳошимзода зимни оғоз бахшидан ба корҳои мумфаршнамоӣ зикр намуд, ки дар шаҳри Гулистон дар соли 2024 таъмири 53,4 километр роҳҳои автомобилгарди шаҳр ва ҷамоати шаҳракҳо ба нақша гирифта шудааст. Аз ҷумла 7,5 км таъмири асосӣ, 21,4 километр таъмири ҷорӣ ва 25,5 километр шағалпўш мебошад. Барои иҷрои корҳо аз манбаъҳои гуногун 9,0 миллион сомонӣ маблағ ба нақша гирифта шудааст.
Дар давоми нуҳ моҳи соли 2024, 81,7 километри роҳҳо таъмиру тармим гардиданд, ки 152,0 фоизи иҷрои нақша мебошад. Аз ҷумла: 19 километр таъмири асосӣ, 29,7 километр таъмири ҷорӣ ва 32,9 километр шағалпӯш карда шуда, маблағи сарфшуда 18,5 миллион сомониро ташкил дод.
Чуноне ки аз қадим мегӯянд: “Ободии роҳ ободии диёр аст”. Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр кӯшиш менамояд, ки давра ба давра роҳҳои дохили маҳалро мумфарш намояд.
Сокинони кӯчаи “Дӯстии халқҳо” барои роҳандозии иқдоми мазкур изҳори сипос намуданд.