Матни равон

Дар кӯчаи Дӯстии халқҳои маркази шаҳри Гулистон дар доираи нақшаи корҳои ободонию созандагӣ ба истиқболи Ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон  1880 метри мураббаъ роҳҳои маҳаллӣ бо дастгирии мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр мумфарш карда шуд.

Раиси шаҳри Гулистон Раъно Ҳошимзода зимни оғоз бахшидан ба корҳои мумфаршнамоӣ зикр намуд, ки дар шаҳри Гулистон дар соли 2024  таъмири  53,4 километр роҳҳои автомобилгарди шаҳр ва ҷамоати шаҳракҳо ба нақша гирифта шудааст. Аз ҷумла 7,5 км таъмири асосӣ, 21,4 километр таъмири ҷорӣ ва 25,5 километр шағалпўш мебошад. Барои иҷрои корҳо аз манбаъҳои гуногун  9,0 миллион сомонӣ маблағ ба нақша гирифта шудааст.

Дар давоми нуҳ моҳи соли 2024, 81,7 километри роҳҳо таъмиру тармим гардиданд, ки 152,0 фоизи иҷрои нақша мебошад. Аз ҷумла: 19 километр таъмири асосӣ, 29,7 километр таъмири ҷорӣ ва 32,9 километр  шағалпӯш карда шуда, маблағи сарфшуда 18,5 миллион сомониро ташкил дод.

Чуноне ки аз қадим мегӯянд: “Ободии роҳ ободии диёр аст”. Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр кӯшиш менамояд, ки давра ба давра роҳҳои дохили маҳалро мумфарш намояд.

Сокинони кӯчаи “Дӯстии халқҳо” барои роҳандозии иқдоми мазкур изҳори сипос намуданд.

Шарҳ додан


Защитный код
Нав кардан

Сомонаҳои расмӣ



Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон


МИҲД вилояти Суғд


АМИТ "Ховар"

МУРОҶИАТ БА РАИС!

+992300000018

+992300000018

Эълонҳо

  • 1
  • 2
  • 3
  • 4
  • 5

ДИҚҚАТ! ОЗМУН!

ДИҚҚАТ! ОЗМУН!

Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Гулистон барои ишғоли мансабҳои холии маъмурии хизмати давлатӣ озмун эълон...

24 Апр 2024

Диққат! Озмун!

Диққат! Озмун!

Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Гулистон барои ишғоли мансабҳои холии маъмурии хизмати давлатӣ озмун эълон...

25 Апр 2022

Диққат! Озмун!

Диққат! Озмун!

Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Гулистон ба мансабҳои холии маъмурии хизмати давлатӣ озмун эълон менамояд ...

04 Ноя 2021

Боздошти гурӯҳи қочоқчиёни маводи мухаддир / Ахбори Точикистон

Боздошти гурӯҳи қочоқчиёни маводи мухаддир / Ахбори Точикистон   https://youtu.be/ZH0ryjEAOyE

28 Ноя 2019

ДИҚҚАТ, ОЗМУН!

МАҚОМОТИ ИҶРОИЯИ ҲОКИМИЯТИ ДАВЛАТИИ ШАҲРИ ГУЛИСТОН барои ишғоли мансабҳои холии маъмурии хизмати давлатӣ озмун эълон менамояд: Дастгоҳи...

30 Сен 2019

Мо дар Фейсбук

Ташрифкунандагон


mod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_counter
mod_vvisit_counterИмрӯз:1951
mod_vvisit_counterРӯзи гузашта:1765
mod_vvisit_counterҲамин ҳафта:3716
mod_vvisit_counterҲафтаи гузашта:11288
mod_vvisit_counterҲамин моҳ:37251
mod_vvisit_counterМоҳи гузашта:43614
mod_vvisit_counterҲамагӣ:8138568

Райъпурсӣ

Сомона чи хел аст?