24 Октябр 2024
Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Гулистон ҷиҳати иҷрои Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 27 августи соли 2024, №856 “Дар бораи ба эҳтиёт рухсат додани хизматчиёни ҳарбие, ки муҳлати муқарраргардидаи хизмати ҳарбиро адо намудаанд ва даъвати навбатии шаҳрвандони солҳои таваллуди 1997-2006 Ҷумҳурии Тоҷикистон ба хизмати ҳарбӣ”, қарори Раиси вилояти Суғд ва қарори Раиси шаҳр корбарӣ намуд. Тавре ки қаблан иттилоъ дода шуда буд дар рӯзи нахустини даъвати тирамоҳӣ ҷамоати шаҳракҳои Адрасмон, Сирдарё ва Навгарзан нақшаи даъватро пурра иҷро намуда буданд.
Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр корбариро дар ин самт идома дода нақшаи даъватро пеш аз муҳлат иҷро намуд.
Дар даъвати тирамоҳӣ бо дастгирии мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр 30 нафар даъватшаванда курсҳои ронандагиро дар Ташкилоти ҷамъиятии мададгори мудофиа ба итмом расонида соҳиби шаҳодатномаи ронандагӣ гардиданд.
Масъулини мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр ҷиҳати дар рӯҳияи ватандӯстӣ, ҳисси баланди хештаншиносӣ, муҳаббат ба обу хоки Ватан, арҷгузорӣ ба арзишҳои миллӣ тарбия намудани насли ҷавон кӯшиш намуда, дар оянда низ барои бо сарбаландӣ иҷро намудани нақшаи даъват ва ба сафи Қувваҳои мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон сафарбар намудани ҷавонони бо нангу номуси гулистонӣ тадбирҳои зарурӣ меандешанд.