25 Октябр 2024
Санаи 24.10.2024 Раиси шаҳри Гулистон Раъно Ҳошимзода ҷиҳати шиносоӣ бо рафти корҳои созандагиву бунёдкорӣ ба Ҷамоати шаҳраки Адрасмон ташриф овард. Дар Ҷамоати шаҳраки Адрасмон бахшида ба 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон 31 адад иншооти ҷашнӣ ба нақша гирифта шуда, то ҳол 25 адади он мавриди баҳрабардорӣ қарор дода шудааст. Иншооти мазкур бо дастгирии мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр ва соҳибкорону саховатмандони шаҳраки Адрасмон бунёд ва таъмиру азнавсозӣ гардидаанд.
Раиси шаҳр Раъно Ҳошимзода зимни сафар ба шаҳрак аз рафти корҳои соҳилмустаҳкамкунӣ ба дарозии 1800 метр, кашидани хати нави интиқоли неруи барқ, хати оби нӯшокӣ ва ҳамчунин оғози корҳои сохтмонии майдончаи варзишӣ ва сохтмони толори варзишӣ дар маркази шаҳраки Адрасмон, толори варзишӣ дар деҳаи Зарчашма ва майдончаи варзишии замонавӣ дар деҳаи Гулдараи шаҳраки Адрасмон шинос гардид. Иттилоъ дода шуд, ки корҳои сохтмонӣ дар иншооти мазкур оғоз гардида, масъулин ният доранд, ки дар муҳлати муқарраргардида иншоотро сохта мавриди баҳрабардорӣ қарор диҳанд. Раиси шаҳр ба масъулин ҷиҳати бо тарҳи замонавӣ бунёд намудани майдончаҳо ва толорҳои варзишӣ дастур дод. Бунёди толор ва майдончаҳои варзишӣ аз ҷониби соҳибкорони маҳаллӣ амалӣ гардида истодааст.
Ҳамчунин, Раиси шаҳр Раъно Ҳошимзода дар муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №12-и деҳаи Зарчашма аз маркази инкишофи нутқи кӯдак, раванди таълим дар синфҳои ибтидоӣ, ошхона ва толори варзишии муассиса дидан намуд. Иттилоъ дода шуд, ки дар муассисаи мазкур 604 нафар хонандагон ба таҳсил фаро гирифта шуда, ба онҳо 37 нафар омӯзгор дарс мегӯянд. Муассиса бо системаи ягонаи гармидиҳӣ пайваст мебошад. Соли ҷорӣ ошхона ва толори варзишии муассиса аз таъмир бароварда шуд.
Ба масъулин ҷиҳати баланд бардоштани сифати таҳсил, омодагии ҳамаҷониба ба мавсими тирамоҳу зимистони солҳои 2024-2025, иштироки фаъоли хонандагон дар олимпиадаву озмунҳои ҷумҳуриявӣ супориш дода шуд.