Матни равон

Санаи 30.10.2024 дар толори мактаби санъати маркази шаҳр семинар-машварати вилоятии раисони шурои собиқадорони шаҳру ноҳияҳои вилояти Суғд баргузор карда шуд.

Нахуст дар даромадгоҳи мактаби санъати маркази шаҳр аз ҷониби хонандагон шеър ва панду гуфтори ҳакимон доир ба панд додани пирон ба насли ҷавон қироат карда шуд.

Дар кори семинар-машварат муовини Раиси шаҳр Шарифҷони Саидраҳмон, раиси Шурои собиқадорони ҷанг ва меҳнати вилояти Суғд Турсунбой Раҳматов, раиси Шурои собиқадорони ҷанг ва меҳанати шаҳри Гулистон Каромат Қосимова ва дигар расиони шурои собиқадорони шаҳру ноҳияҳои вилояти Суғд иштирок намуданд.

Кори машваратро раиси Шурои собиқадорони ҷанг ва меҳнати вилояти Суғд Турсунбой Раҳматов ифтитоҳ намуд.

Муовини Раиси шаҳр Шарифҷони Саидраҳмон зимни суханронӣ зикр намуд, ки Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз оғози даврони соҳибистиқлолӣ таҳти роҳбарии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба масъалаи ғамхорӣ дар ҳаққи собиқадорон эътибори ҷиддӣ зоҳир менамоянд. Зеро дар симои ин қишри ҷомеаи кишвар ашхоси рӯзгордидаю таҷрибадошта, насиҳатгару роҳнамо ва намунаи ибрати созандагони Ватан дида мешавад.

Сол аз сол андозаи нафақаи иштирокчиён ва маъюбони ҷанг, собиқадорони ақибгоҳи солҳои ҷанг ва нафақагирон мутаносибан меафзояд.

Ташкилоти собиқадорони ҷангу меҳнати шаҳри Гулистон, ташкилоти ҷамъиятии ихтиёрии худидоракунӣ, ғайридавлатӣ ва ғайритиҷоратӣ ба ҳисоб меравад, ки мақсад ва вазифаҳои он тибқи Оинномаи ташкилоти ҷамъиятии собиқадорони ҷангу меҳнати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ», «Дар бораи собиқадорон» ва дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқии дахлдор ва санадҳои меъёрии байналмилалие, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон онҳоро эътироф кардааст, амалӣ мегардад.

Ташкилоти собиқадорони ҷангу меҳнати шаҳри Гулистон (Қайроққум) дар радифи дигар ташкилотҳои собиқадорони ҷангу меҳнати шаҳру ноҳияҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон бо мақсади ҳифзи ҳуқуқу манфиатҳои собиқадорони ҷангу меҳнат ва нафақахӯрон, ки қонун муқаррар кардааст, таъсис дода шудааст.

Шурои собиқадорони шаҳри Гулситон дар амалӣ гардидани дастуру супоришҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон оид ба гиромидошт, ҳифзи иҷтимоӣ ва хизматрасонии тиббии собиқадорони ҷангу меҳнат ва дар тарбияи насли наврас дар рӯҳияи садоқат ба Ватану ватандорӣ, меҳнатдӯстӣ, густариши ифтихори миллӣ ва худогоҳиву худшиносӣ мақоми шоиста дорад.

Боиси зикр аст, ки дар шаҳр 12 ташкилоти ибтидоии Шурои собиқадорони ҷанг ва меҳнат амал мекунад. Ташкилотҳои ибтидоии собиқадорон дар 5 ҷамоати  шаҳрак - Адрасмон,  Зарнисор, Консой, Чоруқдаррон, Сирдарё ва 7  ташкилоту корхонаҳо  фаъолият мебаранд.

Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр фаъолияти Шурои собиқадорони ҷанг ва меҳнати шаҳрро зери назар дошта аз фаъолияти он қаноатманд мебошад. Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр ҷиҳати бо ғамхорӣ фаро гирифтани собиқадорони меҳнат тадбирҳои заруриро амалӣ намуда истодааст.

Аъзои Шуро пайваста дар ҳамаи чорабиниҳои ҷамъиятӣ, фарҳангиву сиёсии шаҳр фаъолона иштирок намуда, саҳми худро мегузоранд.

Сипас, як қатор раисони Шурои собиқадорони шаҳру ноҳияҳои вилояти Суғд суханронӣ намуданд.

Шарҳ додан


Защитный код
Нав кардан

Сомонаҳои расмӣ



Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон


МИҲД вилояти Суғд


АМИТ "Ховар"

МУРОҶИАТ БА РАИС!

+992300000018

+992300000018

Эълонҳо

  • 1
  • 2
  • 3
  • 4
  • 5

ДИҚҚАТ! ОЗМУН!

ДИҚҚАТ! ОЗМУН!

Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Гулистон барои ишғоли мансабҳои холии маъмурии хизмати давлатӣ озмун эълон...

24 Апр 2024

Диққат! Озмун!

Диққат! Озмун!

Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Гулистон барои ишғоли мансабҳои холии маъмурии хизмати давлатӣ озмун эълон...

25 Апр 2022

Диққат! Озмун!

Диққат! Озмун!

Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Гулистон ба мансабҳои холии маъмурии хизмати давлатӣ озмун эълон менамояд ...

04 Ноя 2021

Боздошти гурӯҳи қочоқчиёни маводи мухаддир / Ахбори Точикистон

Боздошти гурӯҳи қочоқчиёни маводи мухаддир / Ахбори Точикистон   https://youtu.be/ZH0ryjEAOyE

28 Ноя 2019

ДИҚҚАТ, ОЗМУН!

МАҚОМОТИ ИҶРОИЯИ ҲОКИМИЯТИ ДАВЛАТИИ ШАҲРИ ГУЛИСТОН барои ишғоли мансабҳои холии маъмурии хизмати давлатӣ озмун эълон менамояд: Дастгоҳи...

30 Сен 2019

Мо дар Фейсбук

Ташрифкунандагон


mod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_counter
mod_vvisit_counterИмрӯз:933
mod_vvisit_counterРӯзи гузашта:1367
mod_vvisit_counterҲамин ҳафта:16279
mod_vvisit_counterҲафтаи гузашта:9913
mod_vvisit_counterҲамин моҳ:40282
mod_vvisit_counterМоҳи гузашта:57438
mod_vvisit_counterҲамагӣ:8199037

Райъпурсӣ

Сомона чи хел аст?