Матни равон

Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Гулистон Шуморо самимона ба ифтихори 60-умин солгарди мавлуди муборакатон табрику таҳният намуда, бароятон тансиҳатӣ, бахту иқболи некӯ ва дар фаъолияти эҷодиатон комёбиҳои беназирро таманно менамояд.

Шоистаи ифтихор аст, ки Шумо ҳамчун шоири эъҷозгар ба масири адабиёти оламшумули тоҷик ворид гардида, дар як муддати кутоҳ дар миёни аҳли илму адаби кишвар ва форсизабонони олам мавқеи арзандаи худро касб намудед.

Ихлосмандони шеър ва аҳли илму фарҳанги тоҷик ҳанӯз аз нашри маҷмуаи нахустинатон «Тулӯи хандарез» (1987) ба ашъори Шумо дил бастаанд ва пайваста аз каломи сеҳрангези Шумо лаззати маънавӣ мебаранд.

Ҳанӯз, дар оғози фаъолияти эҷодиатон шоири бузурги тоҷик устод Лоиқ Шералӣ ба маҳорати шоириатон баҳои баланд дода, ҳадафи шоирии Шуморо бо мисраъҳои килки сеҳрангезатон “Дини ман отшапарастӣ не, Дини ман одампарастӣ бод!” арзёбӣ карда буданд.

Сотим Улуғзода Нависандаи халқии Тоҷикистон доир ба фаъолияти эҷодии Шумо таъкид кардаанд, ки: “Ман ҳоло ашъори Фарзонаро дар қатори осори бузургони форсӣ мутолиа мекунам ва умедворам, ки ин суханвари неруманд минбаъд низ ба сӯи авҷи ҳунар роҳ мепаймояд ва ҳамчунин итминон ҳосил кардам, ки замини шоирхези мо боз адибонеро эҳдо мекунад, то имрӯзи моро бо дирӯз ва фардо бипайвандад”.

Ҳамчунин, устоди бузурги сухан Муъмин Қаноат шеъри шуморо “Намунаи эҳсоси поки бадеъ ва ниҳоят мастур” унвон кардаанд.

Шумо бо фаъолияти пурмаҳсули эҷодиатон роҳи оғознамуда ва умеди кулли устодонатонро ба авҷи қуллаи мақсуд расонидед.

Асарҳои гаронмояатон «Тулӯи хандарез» (1987), «Шабохуни барқ» (1989), «Двадцать лепестков» (1991), «Ояти ишқ» (1994), «Паёми ниёкон» (1996), «То бекаронаҳо» (1998), «Меъроҷи шабнам» (2000), «Булбуле дар қафаси синаи ман» (2010), «Қатрае аз Мӯлиён» (дар 3 ҷилд; Хуҷанд, 2003), «Як ғунча роз» (Хуҷанд, 2005), «Сӯзи нотамом» (Хуҷанд, Теҳрон, 2005), «Мӯҳри гули мино» (Хуҷанд, 2007), «Гузидаи ашъор» (Белорус, 2009), «Сад барги ғазал» (Хуҷанд, 2008), «Гулчини ашъори Фарзонаи Хуҷандӣ» (Инглистон, 2008), «Парниёни ҷон» (Душанбе, 2011), «Себарга» (Хуҷанд, 2011), «Набзи борон» (Теҳрон, 2013), «Ҳама гул, ҳама тарона» (Хуҷанд, 2014), «Дарёи сӯзон» (2014) ва дигар осори эҷодкардаатон то ҷовидон барои аҳли шеърдӯстони форсизабон хизмат хоҳанд кард.

Ҳунари асил ва заҳмати бешуморатон дар ин ҷода буд, ки бо унвони олии "Шоири халқи Тоҷикистон", Ҷоизаи Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон ба номи Мирзо Турсунзода (1995), ҷоизаи ҷавонони вилояти Суғд (1995), Ҷоизаи давлатии Тоҷикистон ба номи Абӯабдуллоҳ Рӯдакӣ (2008), “Килки заррин” (2018) ва ордени “Шараф” сазовор гардидаед.

Имрӯзҳо ҳазорҳо нафар шогирдон бо ифтихор аз мактаби адабии Шумо гузашта, худро идомадиҳандаи кору пайкори устоди роҳнамояшон медонанд.

Бори дигар Шуморо ба муносибати ҷашни фархундаи мавлудатон табрику муборакбод намуда, ба Шумо офиятмандӣ, хонаободӣ ва тамоми хушиҳои зиндагиро таманно менамоем.

Бо эҳтиром,
Раиси шаҳри Гулистон
Раъно Ҳошимзода

 

Шарҳ додан


Защитный код
Нав кардан

Сомонаҳои расмӣ



Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон


МИҲД вилояти Суғд


АМИТ "Ховар"

МУРОҶИАТ БА РАИС!

+992300000018

+992300000018

Эълонҳо

  • 1
  • 2
  • 3
  • 4
  • 5

Диққат! Озмун!

Диққат! Озмун!

Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Гулистон барои ишғоли мансабҳои холии маъмурии хизмати давлатӣ озмун эълон...

04 Дек 2024

ДИҚҚАТ! ОЗМУН!

ДИҚҚАТ! ОЗМУН!

Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Гулистон барои ишғоли мансабҳои холии маъмурии хизмати давлатӣ озмун эълон...

24 Апр 2024

Диққат! Озмун!

Диққат! Озмун!

Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Гулистон барои ишғоли мансабҳои холии маъмурии хизмати давлатӣ озмун эълон...

25 Апр 2022

Диққат! Озмун!

Диққат! Озмун!

Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Гулистон ба мансабҳои холии маъмурии хизмати давлатӣ озмун эълон менамояд ...

04 Ноя 2021

Боздошти гурӯҳи қочоқчиёни маводи мухаддир / Ахбори Точикистон

Боздошти гурӯҳи қочоқчиёни маводи мухаддир / Ахбори Точикистон   https://youtu.be/ZH0ryjEAOyE

28 Ноя 2019

Мо дар Фейсбук

Ташрифкунандагон


mod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_counter
mod_vvisit_counterИмрӯз:497
mod_vvisit_counterРӯзи гузашта:1357
mod_vvisit_counterҲамин ҳафта:8011
mod_vvisit_counterҲафтаи гузашта:29213
mod_vvisit_counterҲамин моҳ:59148
mod_vvisit_counterМоҳи гузашта:50757
mod_vvisit_counterҲамагӣ:8268660

Райъпурсӣ

Сомона чи хел аст?