Матни равон

Ҳамшаҳриёни гиромӣ!

Бо фарорасии 30-юмин солгарди Рӯзи қабули Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамаи сокинони шаҳрро муборакбод гуфта, барояшон тансиҳатӣ, бахту иқбол, рӯзгори пурсаодат ва ба Тоҷикистони азизамон пешравиҳои рӯзафзунро таманно менамоям.

Таҷрибаи қабули Конститутсия дар кишвари мо баръало нишон медиҳад, ки он ҳамчун ҳуҷҷати бисёр муҳими сиёсӣ ва санади олии ҳуқуқӣ бо Истиқлоли давлатӣ робитаи ногусастанӣ дорад. Қабули Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон яке аз дастовардҳои бузурги даврони Истиқлолият буда, ҳамчун санади муқаддас ва тақдирсоз роҳи рушди давлати соҳибистиқлоли тоҷикон ва мардуми онро барои садсолаҳо муайян кардааст.

Бузургӣ ва аҳамияти ин санади муҳими таърихӣ, пеш аз ҳама, дар он ифода меёбад, ки он бори нахуст аз ҷониби худи халқ ва барои халқ бо роҳи ифодаи озодонаи майлу иродаи шаҳрвандони мамлакат қабул карда шудааст.

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон  муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таъкид намудаанд, ки «Конститутсияи Тоҷикистон ҳамчун ҳуҷҷати сарнавиштсози мардуми куҳанбунёду соҳибтамаддуни мо оини давлату давлатдории тоҷиконро, ки дар тӯли таърихи чандинҳазорсолаи халқамон идома ва сайқал ёфтааст, ҳамчунин кӯшишу талошҳои фарзандони хирадманду фарзонаи ин халқро дар роҳи расидан ба соҳибистиқлолӣ ва давлатдории миллӣ ҷомаи амал пӯшонид».

Аҳамияти таърихии Конститутсия дар он аст, ки ин ҳуҷҷати сиёсиву ҳуқуқӣ арзишҳои олии халқи тоҷикро дар худ таҷассум намуда, суннатҳои таърихии давлатдорӣ ва ғояҳои инсондӯстонаи миллати фарҳангсолори моро инъикос кардааст ва таъмин намудани адолати иҷтимоӣ, волоияти қонуну тартиботи ҳуқуқиро яке аз мақсадҳои  асосии фаъолияти тамоми шохаҳои ҳокимияти давлатӣ қарор додааст.

Хушбахтона, аз рӯзи қабул шудани Конститутсияи Тоҷикистон ва воридшавии тағйиру иловаҳо дар марҳилаҳои мухталифи таърихӣ аз ҷониби мутахассисони чӣ дохилию чӣ хориҷӣ ва коршиносони созмонҳои байналхалқӣ баҳои баланд гирифт. Зеро он ҳам аз ҷиҳати сифат ва ҳам мазмун ҷавобгӯи меъёрҳои демократикунонии ҷомеа мебошад.

Бунёди ҷомеаи ҳуқуқбунёд, демократӣ ва дунявӣ мувофиқи иродаи кулли мардуми Тоҷикистон буда, дар мамлакат сулҳу субот ва ваҳдати комил таъмин гардид, ки имрӯз таҳким ва ҳифзи онҳо қарзи фахрии конститутсионии ҳар фарди ҷомеа ба шумор меравад.

Риоя ва татбиқи Конститутсия вазифаи муқаддаси тамоми рукнҳои ҳокимияти давлатӣ ва шаҳрвандон аст. Дар ҷомеае, ки волоияти қонун ва тартибу низом ҳукмфармост, пешрафту тараққиёт ва густариши тамоми соҳаҳои ҳаёт низ таъмин мешавад. Танҳо ҳамон миллате дар байни оламиён соҳиби обрӯ мегардад, ки Конститутсия ва қонунҳои худро эҳтиром ва риоя мекунад, танҳо ҳамон давлате эътибор пайдо менамояд, ки шаҳрвандонаш сарфи назар аз мансубияти наҷодӣ, миллӣ ва диниаш эҳтиром ва волоияти қонунро ба ҷо меоранд ва дар айни замон ба арзишҳои беҳтарини башарият қадргузорӣ мекунанд.

Боварии комил дорам, ки мардуми сарбаланди шаҳри Гулистон ва шаҳракҳои он минбаъд низ тавассути эҳтиром ва риояи дақиқи меъёрҳои Конститутсия қарзи шарҳвандии худро сарбаландона адо хоҳанд кард. Зеро эҳтиром, риоя ва ҳифзи Конститутсия кафолати таъмини қонуният, амният ва сулҳу суботи давлат ва ҷомеа мебошад. Бинобар ин, риояи Конститутсия ва таъмини волоияти қонун вазифаи ҳамаи мақомоти давлатӣ, ҷомеаи шаҳрвандӣ ва ҳар як фарди бонангу номус мебошад.

Бо самимият кулли мардуми шарафманду сарбаланди шаҳри Гулистонро ба ифтихори 30-солагии Рӯзи қабули Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон самимона табрик менамоям ва ба хонадонатон сулҳу субот, хушбахтӣ ва файзу баракат таманно дорам.

30-солагии Рӯзи қабули Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон муборак бод!

Шарҳ додан


Защитный код
Нав кардан

Сомонаҳои расмӣ



Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон


МИҲД вилояти Суғд


АМИТ "Ховар"

МУРОҶИАТ БА РАИС!

+992300000018

+992300000018

Эълонҳо

  • 1
  • 2
  • 3
  • 4
  • 5

ДИҚҚАТ! ОЗМУН!

ДИҚҚАТ! ОЗМУН!

Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Гулистон барои ишғоли мансабҳои холии маъмурии хизмати давлатӣ озмун эълон...

24 Апр 2024

Диққат! Озмун!

Диққат! Озмун!

Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Гулистон барои ишғоли мансабҳои холии маъмурии хизмати давлатӣ озмун эълон...

25 Апр 2022

Диққат! Озмун!

Диққат! Озмун!

Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Гулистон ба мансабҳои холии маъмурии хизмати давлатӣ озмун эълон менамояд ...

04 Ноя 2021

Боздошти гурӯҳи қочоқчиёни маводи мухаддир / Ахбори Точикистон

Боздошти гурӯҳи қочоқчиёни маводи мухаддир / Ахбори Точикистон   https://youtu.be/ZH0ryjEAOyE

28 Ноя 2019

ДИҚҚАТ, ОЗМУН!

МАҚОМОТИ ИҶРОИЯИ ҲОКИМИЯТИ ДАВЛАТИИ ШАҲРИ ГУЛИСТОН барои ишғоли мансабҳои холии маъмурии хизмати давлатӣ озмун эълон менамояд: Дастгоҳи...

30 Сен 2019

Мо дар Фейсбук

Ташрифкунандагон


mod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_counter
mod_vvisit_counterИмрӯз:2254
mod_vvisit_counterРӯзи гузашта:1844
mod_vvisit_counterҲамин ҳафта:6437
mod_vvisit_counterҲафтаи гузашта:10454
mod_vvisit_counterҲамин моҳ:20527
mod_vvisit_counterМоҳи гузашта:57438
mod_vvisit_counterҲамагӣ:8179282

Райъпурсӣ

Сомона чи хел аст?