Матни равон

Дар Кохи фарҳангии “Истиқлол”-и маркази шаҳр санаи 15.11. 2024 ба ифтихори Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷамъомади ботантана бо иштироки фаъолони соҳаҳои хоҷагии халқи шаҳри Гулистон баргузор гардид.

Дар чорабинии тантанавӣ Раиси шаҳри Гулистон Раъно Ҳошимзода ва сардори Раёсати рушди иқтисод, савдо ва мониторинги Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд Ҳокимҷон Ҳакимзода иштирок намуданд.

Раиси шаҳри Гулистон Раъно Ҳошимзода  ҳамагонро бо Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муборакбод намуда, дар доираи Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон шакли идораи президентиро шарҳу тавзеҳ дод. Зикр карда шуд, ки рӯзи 16-уми ноябри соли 1994 – дар ин рӯзи тақдирсозу муайянкунандаи рушди минбаъдаи бомароми Тоҷикистон марҳилаи нави муҳими давлатӣ, яъне тибқи Конститутсияи давлати соҳибихтиёр дар Ҷумҳурии Тоҷикистон идоракунии президентӣ оғоз ёфта, Президенти тозаинтихобгардида ба иҷрои вазифа шурӯъ намудаанд.

Бо манзури эҳтирому эътирофи фазилати сиёсатмадориву давлатдории навини кишвар, таъмини сулҳу ваҳдату ягонагии мардуми сарзамин ва болоравии обрӯву нуфузу мақоми Тоҷикистони соҳибистиқлоли мо дар арсаи байналмилалӣ, ки ин паёмадҳо дар маҷмӯъ, ба салоҳиятнокиву фаъолияти босамари Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон вобастагӣ дорад, дар қонунгузории кишварамон рӯзи 16 ноябр ҳамчун Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон пазируфта шудааст.

Бинобар ин, бузургдошти Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба маънои дарки аҳамияти калидии ин ниҳоди давлатӣ дар ҳифзу тараққии давлатдории миллии мо ва ҳамчунин, ҷашни қадрдонию сипос ба тамоми он арзишҳои баланди давлатӣ, миллӣ ва шаҳрвандие мебошад, ки Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчун кафили конститутсионии онҳо фаъолият мекунанд. Ин аст, ки Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Точикистон ҷашни ҳар як шаҳрванди худшиносу ватандӯст ва ҷашни ҳар як сокини озоду осудаи Тоҷикистони азиз аст.

Интихоб шудани Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба мақоми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ин ниҳоди давлатӣ рӯҳ ва маънои бузург бахшида, мақоми президентиро ба як неруи наҷотдиҳандаи давлат ва сарҷамъии миллат табдил дод. Маҳз ба Ҷаноби Олӣ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон муяссар гашт, ки тамоми таҷрибаи таърихию байналмилалӣ ва ҳуқуқию сиёсии ниҳоди президентиро истифода намуда, ин тарзи давлатдориро ба модели наҷоти миллии мо табдил диҳанд. Илова бар ин фаъолияти Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳамчун Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ин тарзи идоракунии давлатиро такмил дода, дар меҳвари он мактаби нави давлатдории миллии тоҷиконро ба вуҷуд оварданд, ки имрӯз бо бартарию хусусиятҳои худ эътирофи байналмилалӣ касб намудааст.

Ҳамчунин, сардори Раёсати рушди иқтисод, савдо ва мониторинги Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд Ҳокимҷон Ҳакимзода паёми табрикии Раиси вилояти Суғдро ба самъи иштирокдорон расонид.

Дар охир санъаткорони бахши фарҳанги Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Гулистон барномаи марғуби консертиро таҳти унвони “Президенти мо-ифтихори мо” манзури иштирокчиён намуданд.

Шарҳ додан


Защитный код
Нав кардан

Сомонаҳои расмӣ



Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон


МИҲД вилояти Суғд


АМИТ "Ховар"

МУРОҶИАТ БА РАИС!

+992300000018

+992300000018

Эълонҳо

  • 1
  • 2
  • 3
  • 4
  • 5

Диққат! Озмун!

Диққат! Озмун!

Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Гулистон барои ишғоли мансабҳои холии маъмурии хизмати давлатӣ озмун эълон...

04 Дек 2024

ДИҚҚАТ! ОЗМУН!

ДИҚҚАТ! ОЗМУН!

Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Гулистон барои ишғоли мансабҳои холии маъмурии хизмати давлатӣ озмун эълон...

24 Апр 2024

Диққат! Озмун!

Диққат! Озмун!

Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Гулистон барои ишғоли мансабҳои холии маъмурии хизмати давлатӣ озмун эълон...

25 Апр 2022

Диққат! Озмун!

Диққат! Озмун!

Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Гулистон ба мансабҳои холии маъмурии хизмати давлатӣ озмун эълон менамояд ...

04 Ноя 2021

Боздошти гурӯҳи қочоқчиёни маводи мухаддир / Ахбори Точикистон

Боздошти гурӯҳи қочоқчиёни маводи мухаддир / Ахбори Точикистон   https://youtu.be/ZH0ryjEAOyE

28 Ноя 2019

Мо дар Фейсбук

Ташрифкунандагон


mod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_counter
mod_vvisit_counterИмрӯз:252
mod_vvisit_counterРӯзи гузашта:847
mod_vvisit_counterҲамин ҳафта:23299
mod_vvisit_counterҲафтаи гузашта:16310
mod_vvisit_counterҲамин моҳ:59750
mod_vvisit_counterМоҳи гузашта:50757
mod_vvisit_counterҲамагӣ:8269262

Райъпурсӣ

Сомона чи хел аст?