25 Ноябр 2024
Имрӯз, 25.11.2024 доир ба сазовор таҷлил намудани ҷашни таърихии миллат ва дар асоси нақшаи муштараки бахши кор бо ҷавон ва варзиши шаҳри Гулистон ва қисми ҳарбии 45025 КҲФ МГ назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вилояти Суғд, таҳти унвони “Парчамат бодо парафшон Тоҷикистони азиз!” бахшида ба гиромидошти Рӯзи Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиш баргузор гардид.
Дар кори ҳамоиши мазкур мудири бахши кор бо ҷавонон ва варзиши шаҳри Гулистон Аҳлиддин Абдураҳмонов ва Абуалӣ Абдуворисзода муовин оид ба корҳои сиёсиву тарбиявии қисми ҳарбии 45025 КҲФ МГ назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вилояти Суғд иштирок ва суханронӣ намуданд.
Таъкид карда шуд, ки дар таърихи инсоният парчам аз давраҳои қадим ҳамчун рамзи давлатдорӣ истифода мешуд. Силсилаи подшоҳони Пешдодӣ, Каёниёну Сосониён ва Сомониён дар лаҳзаҳои корзор аз дирафшу ливоҳои гуногунҳаҷму гуногунранг васеъ истифода мебурдаанд.
Солҳои 1991-1992 Тоҷикистон парчами шӯравиро бо андаке дигаргунӣ (бидуни ситораи панҷгӯша ва досу болға) истифода менамуд.
Пас аз ба даст овардани Истиқлолияти давлатӣ дар соли 1991 ва шурӯъ намудан ба тайёр кардани лоиҳаи нави қонуни асосӣ, ҳам-замон кори аз нав тартиб додани рамзҳои нави давлатии Тоҷикистон ибтидо гирифт. Зеро рамзҳои давлатии ҶСШ Тоҷикистон ба вазъи нави ҳуқуқию сиёсии ҷумҳурӣ аз ҷиҳати моҳияту мазмун ва шакли худ мувофиқат намекарданд. Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон 28-уми июни соли 1991 қарор «Дар бораи рамзҳои давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон»-ро қабул кард. Ба зудӣ комиссияи махсус барои таҳияи Парчами давлатӣ ташкил гардид. Барои таҳия ва тасвири Парчам озмуни умумиҷумҳуриявӣ эълон гардид. Баъди ҷамъбасти озмун дар Иҷлосияи таърихии ХVI Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Парчами давлатӣ тасдиқ гардид.
Бо шарофати истиқлолияти давлатии тоҷикон мо имрўз соҳиби Парчами миллии худ гардидем ва ҳамчун рамзи давлатӣ дар таърихи давлатдории тоҷикон бо мақоми хоса дошта, тибқи сарчашмаҳои таърихи беш аз умри зиёда аз чор ҳазорсола дорад.
Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба нишони эҳтирому садоқат ба Парчами миллиамон бо фармони худ аз 20-уми ноябри соли 2009 рўзи 24 ноябрро «Рўзи Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон» эълон намуданд.
Воқеан ҳам, донистани мазмуну муҳтавои парчам, шаклу маъно ва ишораҳои дар он таҷассумёфта дунёи ботинии касро рангину муаттар мегардонад. Таърихӣ моро водор намудааст, ки барои барқарор намудани хотира ё кору пайкор рамзеро ифода намояд. Яъне, рамзҳо як навъ муаррифгари орзуву омол ва сарнавишти қавму қабила, наҷод ва миллату давлатҳо мебошад. Ин аст, ки парчами миллии тоҷикон дорои рангҳои сурху сафед ва сабз буда, аз аҳди бостон то кунун дар миёни мардум бо маъно ва манзалати хеш ҷойгоҳи худро нигоҳ доштаанд.
Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон матои росткунҷаест, ки дар рўи он се рахи рангаи ба таври уфуқӣ ҷойгирифта кашида шудааст: рахи боло ранги сурх дошта, паҳнои он ба рахи сабзи поён баробар мебошад; рахи сафеди мобайнӣ якуним баробари паҳнои яке аз рахҳои ранга аст. Дар рўи рахи сафед, аз ҷои чўбдаста дар мобайни парчам бо зарҳал рамзи тоҷ ҷойгир шуда ва дар болои он ҳафт ситора дар шакли нимдоира тасвир ёфтааст.
Ранги сурх – мубориза ва ҷоннисориҳои халқ баҳри озодӣ ва истиқлолият.
Ранги сафед – бахту иқболи сафед, покизагӣ
Ранги сабз – сайу кушиш ва заҳмату меҳнати сокинон баҳри сарсабзу хуррам гардонидани Ватан.
7 Ситора – 7 иқлим, 7 табақаи осмон, 7 ситораи бародарон, 7 рўз таҷассум ёфтааст
Имрўз мо ҳамчун рамзи ифтихор аз соҳибдавлатӣ парчами худро болои биноҳои сиёсиву маъмурӣ, фарҳангу идораҳо, муассисаҳову корхонаҳо, ташкилотҳо, иттиҳодияҳо ва ташкилотҳои ҷамъиятӣ парафшонанд.
Парчами давлатии тоҷикистон бо чунин бузургию ҳашамат, ки назираш дар дунё нест, бори нахуст дар паҳлўи чапи Қасри Миллат таҳти ҳамовозии Суруди миллии Тоҷикистон бо иштирок ва дар ҳузури Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, роҳбарияти Парлумону ҳукумати кишвар ва сокинону меҳмонони бешумори пойтахт – шаҳри Душанбеи нозанин ба баландии рекордӣ дар ҷаҳон – 165 метр бардошта шуд.
Баландии худи парчам 30 метр ва дарозӣ ё паҳноияш 60 метр мебошад.
Парчами давлати ифтихори миллии ҳар фарди соҳибватан буда барои нигоҳ доштани ин неъмати бебаҳо ва поку беолоиш расонидани амонати аҷдодонамон ба наслҳои оянда вазифаи авлиндараҷаи ҳар яки мо мебошад.