Матни равон

Санаи 11.12.2024, дар толори хурди Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Гулистон дар асоси нақшаи муштараки бахши кор бо ҷавонон ва варзиши шаҳр ва хадамоти шиносномадиҳӣ ва бақайдгирии  ШВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Гулистон ҳамоиш таҳти унвони "Ҳифзи арзишҳои миллӣ рисолати шаҳрвандист!" ва маросими шиносномадиҳӣ баргузор гардид. Дар ҳамоиши мазкур мудири бахши кор бо ҷавонон ва варзиши шаҳри Гулистон Аҳлиддин Абдураҳмонов ва сардори хадамоти шиносномадиҳӣ ва бақайдгирии ШВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Гулистон майори милится Тағоймуродзода Сулаймон  иштирок ва суханронӣ намуданд.

Таъкид гардид, ки имрӯз мебояд асоси тафаккури нави сиёсӣ ва фарҳангии шаҳрвандон ба хусус ҷавононро ғояи таҳкими истиқлолияти давлатӣ, ваҳдату худшиносии миллӣ, ҳисси ватандӯстиву ватанпарастӣ, таъмини амнияти давлату миллат, ҳифзи тамомияти арзӣ ва манфиатҳои умумимиллӣ ва эҳтиром ба шиносномаи миллӣ ташкил диҳад. Арзишҳои умумимиллӣ ва умумидавлатии Тоҷикистони соҳибистиқлол ва ҳифзи манфиатҳои кишвар бояд аз ҳама гуна манфиатҳои сиёсӣ, мазҳабӣ ва гурӯҳӣ боло бошад ва пойдевори тарбияи ватандӯстии ҷавононро фаро гирад. Ҷавонон бояд муҳофизони боэътимоди Ватан, амнияти давлату миллат, сарчашмаи ташаббусҳо ва манбаи асосии кадрҳои ояндаи кишвар бошанд.

Онҳо дар дигаргунсозиҳои демокративу иқтисодии Тоҷикистон такягоҳи боэътимод ва ҷузъи ҷудонопазири муносибатҳои байни ҷомеаи шаҳрвандӣ ва давлат мебошанд. Аз ин лиҳоз ҷавонон бояд аз фарҳанги сиёсӣ ва арзишҳое бархурдор бошанд, ки онҳоро барои ба манфиати ҷомеа ва давлати Тоҷикистон фаъолият намудан ҳидоят созанд. Фаромӯш набояд кард, ки танҳо шахси воқеан ватандӯст метавонад дилсӯзона ва бо тамоми ҳастӣ ҳифзи амният ва ободии Ватани худро таъмин созад. Ҷавононе, ки воқеан Ватани худро дӯст медоранд ва ободиву тараққиёти онро мехоҳанд, бояд аз дастовардҳои илму техникаи муосир, аз таҷрибаи ҷаҳонии пешбурди иқтисодиёт воқиф бошанд ва бо ташаббускории худ ба манфиати давлату миллати хеш кӯшишу талош намоянд. Барои он, ки дар замири ҷавонон ҳисси ватандӯстӣ ва ифтихор аз давлатдории миллии хеш маскан дошта бошад, онҳо пеш аз ҳама бояд аз таърих ва фарҳанги куҳанбунёдамон бархурдор гарданд. Ҳамчунин моҳияти истиқлолияти давлати худро ба хубӣ дарк карда, ба рамзҳои давлатӣ ва забони модарӣ ҳамчун муқаддасоти миллӣ эҳтиром дошта бошанд. Маҳз дар ҳамин сурат Ҳукумати кишвар аз амнияти давлату миллат ва рушду ободии Ватан дар оянда хотирҷамъ буда метавонад.

Лозим ба зикр аст, ки арзишҳои миллӣ дар давоми садсолаҳо ба зиндагии мо ворид шуда, чун меҳвари муттамаркази пешбаранда оини давлатдории тоҷиконро дар мушкилтарин лаҳзаҳои таърих бо сабру таҳаммул, ҳусни тадбир, талоши фарҳангӣ, рисолати маънавӣ, худшиносиву худогоҳӣ ва ифтихори ватандорӣ пуштибонӣ намудаанд. Аз ин лиҳоз, ба осонӣ пушти по задани дастовардҳои ҳазорсолаи таърихию фарҳангӣ аз ҷониби баъзе ҷавонони кӯтоҳандешу бегонапараст оқибати нек надорад. Фарде, ки аз сарчашмаи суннатҳои аҷдодӣ ғизо намегирад, аз фарҳанги қадимаву ғановатманди гузаштагон баҳравар намегардад, ба қадри забони шевои модарӣ, адабиёти чандинҳазорсола, таърихи бою пурифтихор ва Ватани тамаддунпарвари аҷдодӣ намерасад, чун дарахтест, ки аз решаи ҳаётбахш канда шудааст. Арзишҳои инсондӯстонаи миллию фарҳангии мо аз қабили дӯстию рафоқат, иззату эҳтироми падару модар ва калонсолон, заҳматписандию накӯкорӣ, пуштибонӣ аз инсофу адолат, дастгирии ятимону муҳтоҷон, канораҷӯӣ аз ҳирсу ҳасад, кибру ғурур, кинаю адоват, хиёнат ва аҳдшиканӣ табиатан ба ғояҳои умумибашарӣ ва арзишҳои умумиинсонӣ ҳамоҳанг буда, ҳазорон чеҳраҳои намоёни илму фарҳанг ва фарзандони фарзонаи миллатро ба камол расондаанд. Бинобар ин шаҳрвандони кишвар ба хусус ҷавононро лозим аст, ки рисолати шаҳрвандии худро ба ҷо оваранд ва арзишҳои миллии худро ҳифз намоянд.

Дар охир аз ҷониби хадамоти шиносномадиҳӣ ва бақайдгирии ШВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Гулистон ба якқатор ҷавононе, ки бори аввал шиноснома мегиранд дар вазъи тантанавӣ шиносномаҳо супорида шуд.

Шарҳ додан


Защитный код
Нав кардан

Сомонаҳои расмӣ



Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон


МИҲД вилояти Суғд


АМИТ "Ховар"

МУРОҶИАТ БА РАИС!

+992300000018

+992300000018

Эълонҳо

  • 1
  • 2
  • 3
  • 4
  • 5

Диққат! Озмун!

Диққат! Озмун!

Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Гулистон барои ишғоли мансабҳои холии маъмурии хизмати давлатӣ озмун эълон...

04 Дек 2024

ДИҚҚАТ! ОЗМУН!

ДИҚҚАТ! ОЗМУН!

Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Гулистон барои ишғоли мансабҳои холии маъмурии хизмати давлатӣ озмун эълон...

24 Апр 2024

Диққат! Озмун!

Диққат! Озмун!

Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Гулистон барои ишғоли мансабҳои холии маъмурии хизмати давлатӣ озмун эълон...

25 Апр 2022

Диққат! Озмун!

Диққат! Озмун!

Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Гулистон ба мансабҳои холии маъмурии хизмати давлатӣ озмун эълон менамояд ...

04 Ноя 2021

Боздошти гурӯҳи қочоқчиёни маводи мухаддир / Ахбори Точикистон

Боздошти гурӯҳи қочоқчиёни маводи мухаддир / Ахбори Точикистон   https://youtu.be/ZH0ryjEAOyE

28 Ноя 2019

Мо дар Фейсбук

Ташрифкунандагон


mod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_counter
mod_vvisit_counterИмрӯз:1354
mod_vvisit_counterРӯзи гузашта:1952
mod_vvisit_counterҲамин ҳафта:5018
mod_vvisit_counterҲафтаи гузашта:11751
mod_vvisit_counterҲамин моҳ:26942
mod_vvisit_counterМоҳи гузашта:50757
mod_vvisit_counterҲамагӣ:8236454

Райъпурсӣ

Сомона чи хел аст?