Матни равон

Имрӯз, 12.12.2024 таҳти раёсати Раиси шаҳри Гулистон, Раиси Маҷлиси вакилони халқи шаҳр Раъно Ҳошимзода Иҷлосияи ғайринавбатии бистуми Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Гулистон, даъвати шашум баргузор гардид.

Иҷлосия бо садо додани суруди миллӣ ва интихоби котибот оғоз гардид.

Дар кори Иҷлосия муовини якум, муовинони Раиси шаҳр, роҳбари дастгоҳи Раиси шаҳр, роҳбарони сохторҳои шаҳр ва вакилони Маҷлиси вакилони халқи шаҳр иштирок намуданд.

Дар Иҷлосия масъалаҳои интихоботи вакилони Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Гулистон, даъвати ҳафтум, ташкил намудани Комиссияи шаҳрии интихобот оид ба интихоботи вакилони Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Гулистон, даъвати ҳафтум, миқдори ҳавзаҳои ҳудудии интихобот оид ба интихоботи вакилони Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Гулистон, даъвати ҳафтум ба баррасӣ гузошта шуда, аз ҷониби вакилон қарорҳои дахлдор қабул карда шуд.

Раиси шаҳри Гулистон Раъно Ҳошимзода дар оғоз иброз дошт, ки тибқи Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 4 декабри соли 2024, №882 рӯзи 2 марти соли 2025 интихоботи даъвати нави вакилони Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Маҷлисҳои вакилони халқи Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, вилоятҳо, шаҳри Душанбе, шаҳру ноҳияҳо баргузор мегардад. Бо назардошти ин, зарур аст, ки мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр барои татбиқи меъёрҳои муқаррарнамудаи Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи интихоботи вакилон ба Маҷлисҳои маҳаллии вакилони халқ” тадбирҳои мушаххас андешад. Дар ин бора қарори Раиси шаҳр ба тавсиб расидааст ва он ироа карда шуд.

Сипас, бо қарори Маҷлиси вакилони халқи шаҳр,  Комиссияи шаҳрии интихобот оид ба интихоботи вакилони Маҷлиси вакилони халқи шаҳр, даъвати ҳафтум иборат аз 15 нафар ташкил гардид, муаррифӣ шуданд ва он тасдиқ карда шуд. Барои гузаронидани интихобот ба Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Хуҷанд 35 адад ҳавзаи ҳудудии интихобот ташкил карда мешавад.

Раиси шаҳри Гулистон Раъно Ҳошимзода дар охири Иҷлосия ба масъулин ҷиҳати омодагӣ ва дар сатҳи баланд гузаронидани ин маъракаи сиёсӣ тибқи талаботи Қонунҳои конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи интихоботи Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон» ва «Дар бораи интихоботи  вакилон ба Маҷлисҳои маҳаллии вакилони халқ» дастуру супоришҳо дод.

Шарҳ додан


Защитный код
Нав кардан

Сомонаҳои расмӣ



Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон


МИҲД вилояти Суғд


АМИТ "Ховар"

МУРОҶИАТ БА РАИС!

+992300000018

+992300000018

Эълонҳо

  • 1
  • 2
  • 3
  • 4
  • 5

Диққат! Озмун!

Диққат! Озмун!

Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Гулистон барои ишғоли мансабҳои холии маъмурии хизмати давлатӣ озмун эълон...

04 Дек 2024

ДИҚҚАТ! ОЗМУН!

ДИҚҚАТ! ОЗМУН!

Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Гулистон барои ишғоли мансабҳои холии маъмурии хизмати давлатӣ озмун эълон...

24 Апр 2024

Диққат! Озмун!

Диққат! Озмун!

Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Гулистон барои ишғоли мансабҳои холии маъмурии хизмати давлатӣ озмун эълон...

25 Апр 2022

Диққат! Озмун!

Диққат! Озмун!

Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Гулистон ба мансабҳои холии маъмурии хизмати давлатӣ озмун эълон менамояд ...

04 Ноя 2021

Боздошти гурӯҳи қочоқчиёни маводи мухаддир / Ахбори Точикистон

Боздошти гурӯҳи қочоқчиёни маводи мухаддир / Ахбори Точикистон   https://youtu.be/ZH0ryjEAOyE

28 Ноя 2019

Мо дар Фейсбук

Ташрифкунандагон


mod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_counter
mod_vvisit_counterИмрӯз:1360
mod_vvisit_counterРӯзи гузашта:1952
mod_vvisit_counterҲамин ҳафта:5024
mod_vvisit_counterҲафтаи гузашта:11751
mod_vvisit_counterҲамин моҳ:26948
mod_vvisit_counterМоҳи гузашта:50757
mod_vvisit_counterҲамагӣ:8236460

Райъпурсӣ

Сомона чи хел аст?