09 Январ 2025
Имрӯз, 09.01.2025 бо мақсади сазовор истиқбол намудани ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, иҷрои дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҷиҳати сарсабзу хуррам намудани шаҳр дар ҳудуди шаҳр дарахтони ороишии ҳамешасабз аз қабили санавбари сӯзанбарг ва сафедор бо иштироки иҷрокунандаи вазифаи Раиси шаҳр Илҳом Пӯлотзода шинонида шуд.
И.в Раиси шаҳр Илҳом Пӯлотзода ба масъулин таъкид намуд, ки бояд аз фазои мусоид истифода намуда, барои зебову хуррам намудани шаҳр ҳар чи бештар ниҳолҳои ороишии ҳамешасабз шинонем.