08 Январ 2025
Имрӯз, 08.01.2025 и.в Раиси шаҳри Гулистон Илҳом Пӯлотзода аз варзишгоҳи марказии шаҳр, муассисаи давлатии мактаби варзишӣ ва кохи варзишии "Истиқлол" дидан намуд.
Зимни боздид масъулини соҳа иттилоъ доданд, ки дар ҳудуди шаҳр дар маҷмуъ 136 иншооти варзишӣ фаъолият дошта, аз ин теъдод 56 майдончаи варзишӣ, 6 ҳавзи шиноварӣ, 6 варзишгоҳ, 26 толори варзишӣ ва 34 майдончаи бозии кӯдакона мебошад. Аз ҷумла, иншооти варзишӣ дар маркази шаҳр - 5 варзишгоҳ, 14 толори варзишӣ, 17 майдончаи варзишӣ, 6 ҳавзи шиноварӣ; дар шаҳраки Сирдарё - 1 варзишгоҳ, 1 толори варзишӣ ва 1 майдончаи варзишӣ; дар шаҳраки Консой – 1 варзишгоҳ, 1 толори варзишӣ ва 5 майдончаи варзишӣ; дар шаҳраки Чоруқдаррон – 1 варзишгоҳ, 1 толори варзишӣ ва 2 майдончаи варзишӣ; дар шаҳраки Адрасмон – 1 варзишгоҳ, 6 толори варзишӣ ва 10 майдончаи варзишӣ; дар шаҳраки Зарнисор – 2 толори варзишї ва 7 майдончаи варзишї ва дар шаҳраки Навгарзан – 1 толори варзишӣ ва 2 майдончаи варзишӣ амал мекунанд.
Дар шаҳр як мактаби варзишӣ амал менамояд, ки дар он 23 нафар мураббӣ фаъолият дошта, аз онҳо 12 нафар бо маълумоти олии махсуси варзишӣ, 8 нафар бо маълумоти миёнаи махсус ва 2 нафар донишҷў ва 1 нафар бо литсензияи варзишӣ кору фаъолият мебаранд. Дар мактаби варзишӣ 10 намуди варзиш: футбол, волейбол, баскетбол, бокс, муайтай, дастхобонӣ, вазнбардорӣ, гўштини тарзи юнонӣ-румӣ ва гуштини тарзи озод, шоҳмот ва тениси рӯйи миз амал намуда, ба 48 гурӯҳҳои машқӣ бо ҷалби 644 нафар наврасону ҷавонон, аз ҷумла 48 нафар духтарон машқу тамрин менамоянд.
Варзишгарони шаҳр дар давоми сол дар 16 мусобиқаи дохилимактабӣ – бо гирифтани 425 медал, 19 мусобиқаи шаҳрӣ бо гирифтани 556 медал, 5 мусобиқаи вилоятӣ 18 медал, 2 мусобиқаи ҷумҳуриявӣ 3 медал ва 2 чемпионати ҷумҳуриявӣ бо гирифтани 4 медал мушарраф гардиданд. Дар маҷмуъ варзишгарон давоми соли 2024 соҳиби 1006 медал гардиданд.
И.в. Раиси шаҳр Илҳом Пулотзода ба масъулини соҳа доир ба таъмиру азнавсозии иншооти варзишӣ, дар ҳолати хуби истифодабарӣ нигоҳдории онҳо, рушди соҳаи варзиш, фарогирии бештари машқварзон ва ба даст овардани дастовардҳои назаррас супоришҳои мушаххас дод.