22 Январ 2025
20 январ дар шоҳроҳи Гулистон — ноҳияи Бобоҷон Ғафуров беш аз 500 бех ниҳолҳои ороишиву ҳамешасабз шинонда шуд.
Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода низ дар ҳашари ниҳолшинонӣ иштирок намуда, ба масъулин барои тозаву озода нигоҳ доштани кӯчаву хиёбонҳо, шафати роҳҳо ва сабзу хуррам намудани муҳити зист супоришҳо дод.
Ба иттилои масъулин бо истифода аз боду ҳавои мусоид имрӯзҳо дар ҳудуди ҷамоату шаҳракҳои шаҳри Гулистон шинонидани дарахтони ҳамешасабз идома дорад.
Тибқи нақша дар назар аст, ки дар доираи корҳои ободонӣ то 10 ҳазор бех дарахтон дар кӯчаву хиёбон ва мавзеъҳои истироҳативу фароғатӣ шинонида шавад.
Сипас, Раиси вилоят дар шаҳри Гулистон аз ҳои собиқадорони меҳант Анвар Атаев, Неъматҷон Исмоилов ва Санавбар Нуруллоева хабар гирифта, ба онҳо саломативу хушиҳои рузгорро таманно намуд.