05 Феврал 2025
Имрӯз, 05.02.2025 дар толори КИ ҲХДТ дар шаҳри Гулистон тибқи нақшаи муштараки мулоқоту вохӯриҳои гурӯҳҳои тарғиботӣ-ташвиқотии назди Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давулатии вилояти Суғд ва Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар вилояти Суғд, ки аз ҷониби Раиси вилояти Суғд муҳтарам Раҷаббой Аҳмадзода аз 30-юми январи соли ҷорӣ тасдиқ гардидааст, ҷиҳати шарҳу тавзеҳи Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии ҷумҳурӣ” аз 28 декабри соли 2024 бо иштироки кормандони гуногуни соҳаҳои хоҷагии халқи шаҳр вохӯрӣ доир мегардад.
Дар вохӯрии мазкур муовини Раиси шаҳри Гулистон Шарифҷони Саидраҳмон, раиси КИ ҲХДТ дар шаҳри Гулистон Ғайрат Оқилзода, муовини директори донишкадаи иқтисод ва савдои Донишгоҳи давлатии тиҷорати Тоҷикистон Аҳрорӣ Гулчеҳра Усмонзода, Мирзохоҷаева Азиза мудири шуъбаи занони Кумитаи иҷроияи Ҳизби халқии демократии Тоҷикистон дар вилояти Суғд ва Исомитдинов Ҷӯрабек устоди Муассисаи давлатии таълимии “Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров” иштирок ва суханронӣ намуданд.
Зикр гардид, ки санаи 28-уми декабри соли 2024 аз ҷониби Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Паёми навбатӣ ироа гардид. Дар Паёми Пешвои миллат роҳи минбаъдаи рушди мамлакат, барномаи фаъолияти Ҳукумати кишвар, мақомоти иҷроияи марказӣ ва маҳаллии ҳокимияти иҷроия ба таври возеҳу равшан баён гардид.
Моро зарур аст, ки Паёми Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии кишварро бо рўҳияи баланди ифтихор аз ватандориву соҳибистиқлолӣ қабул намуда, онро чун барномаи мушаххаси рушди минбаъдаи иқтисодиёту иҷтимоиёт ва рушди сиёсати давлатии ҷавонон сармашқи кори худ қарор диҳем.
Паёми навбатӣ пурмуҳтаво буда, фарогири паҳлуҳои мухталиф — иқтисодиёт, иҷтимоиёт, фарҳанг, маориф, ҷавонон ва варзиш ва дигар соҳаҳои муҳими ҳаёт мебошад ва ба сифати як роҳнамо дар рушди иқтисодиву иҷтимоии Тоҷикистон нақши хеле муҳим дорад.
Дар фарҷом изҳори итминони карда шуд, ки иштирокчиён бори дигар ба мавзуъ ва муҳтавои Паёми навбатии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат, Раиси муаззами Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон огаҳӣ пайдо намуданд ва лозим аст, ки дастур ва супоришҳои дар Паём зикр гардидаро сармашқи кори худ қарор дода, тамоми имконот ва саъю кӯшиши худро ба роҳ монда, дар рушду инкишофи Ватани азизу маҳбубамон саҳми арзандаи худро гузорем.