09 Феврал 2025
Санаи 08.02.2025 иҷрокунандаи вазифаи Раиси шаҳри Гулистон Илҳом Пӯлотзода аз даромадгоҳи шаҳр, ҷамоати шаҳраки Сирдарё оғоз карда, то соҳили “Баҳри тоҷик” аз вазъи бинову иншоотии шафати роҳи асосӣ дидан намуд. Иҷрокунандаи вазифаи шаҳрро муовинон, роҳбари дастгоҳи Раиси шаҳр, мудирони шуъбаву бахшҳо, роҳбарони муассисаву ташкилотҳои дахдор ҳамроҳӣ намуданд.
Нахуст аз даромадгоҳи ғарбии шаҳр, ҳудуди ҷамоати шаҳраки Сирдарё дидан карда шуд. Ба масъулин ҷиҳати ободу хуррам гардонидани даромадгоҳ, ки дарвозаи шаҳри Гулистон маҳсуб меёбад, аз ҷумла иваз намудани чамани гулгашт, шинонидани гулҳои ороишии мавсимӣ ва таъмири чароғҳои равшанидиҳандаи таъимрталаб.
Дар идома дар шафати роҳи протоколӣ то маҷмааи “Тоҷикистон ба пеш!” иҷрокунандаи вазифаи Раиси шаҳр Илҳом Пӯлотзода бо ҳамроҳии масъулин дидан карда, ҷиҳати шинонидани дарахтони ҳамешасабз, гулҳои ороишӣ, иваз намудани шиору овезаҳои куҳнашуда ва ба вобаста ба ҷашнҳову маъракаҳои муҳими сиёсӣ мунтазам иваз намудани онҳо дастур дод.
Дар маҷмааи “Тоҷикистон ба пеш!” ва боғи “Зардолузор” ҷиҳати таъмири фаввораҳо, шинонидани гулҳои ороишӣ, насб кардани нишастгоҳҳо ва ба макони беҳтари сайругашти сокинон табдил додани ин мавзуъ дастур дода шуд.
Сипас, аз назди нуқтаи сӯзишворӣ, бинои мактаби санъат, боғи Нишони давлатӣ дар шаҳр ва соҳили “Баҳри тоҷик” дидан карда шуда, ба масъулин ҷиҳати ба роҳ мондани корҳои ободониву хуррамгардонӣ ва пурра чароғонии роҳи асосӣ, тозагиву озодагӣ супоришҳои мушаххас дода шуд.