Матни равон

Озмуни ҳарбӣ-варзишии "Ватанпарвар" як чорабинии муҳимми варзишӣ буда, бо мақсади баланд бардоштани ҳисси ифтихори миллӣ, таҳкими ғояҳои худшиносиву ватандӯстӣ ва омодагии ҷавонон ба хизмати ҳарбӣ ҳамасола дар сатҳи вилоят баргузор мегардад. Он ба хонандагон неруву тавон мебахшад ва ҷисму руҳи шогирдонро тақвият ва омодагии онҳоро ба хизмати ҳарбӣ беҳтар мекунад.

Дар асоси фармоиш ва Низомномаи Раёсати маорифи вилояти Суғд аз 27.01.2025 №21 бо мақсади тарғибу ташвиқи ҳисси ватандӯстиву ватанпарастӣ дар байни хонандагон, баланд бардоштани ҳуввияти миллӣ, ташаккули инсони комил ва ҳимоягари манфиатҳои Ватани хеш, аз худ намудани барномаи омодагии дифои ҳарбӣ дар синфҳои болоӣ, ташаббускорӣ ва худфаъолиятӣ, тарщибу ташвиқи хештаншиносиву бародарӣ мустаҳкам намудани дӯстиву рафоқат, ҷасорату зиракӣ, таҳкими дӯстӣ, ташвиқоти хизмат ба сафи Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон, инкишоф ва оммавияти мусобиқаи варзишӣ байни хонандагони муассисаҳои таҳсилоти умумӣ, муайян намудани ҳайати дастаи беҳтарин ва баланд бардоштани маҳорати варзишии онҳо ба истиқболи 23- юми феврал - Рӯзи таъсисёбии Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон даври шаҳрии озмуни ҳарбӣ-варзишии «Ватанпарвар» санаи 11.02.2025 дар толори варзишии шаҳр баргузор карда шуд, ки дар он шаш дастаи ғолиби даври муассисавӣ аз рӯйи 6 шарт дар сатҳи баланд ташкил ва баргузор гардид.

Дар озмун шахсони масъул хонандагон ва омӯзгоронро бо 32-юмин солгарди Рӯзи таъсисёбии Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон табрик ва ба иштирокчиёни озмун барору комёбӣ ва муваффақият таманно намуданд.Ба иштирокчиён Низомнома ва шартҳои озмунро бори дигар ёдрас карда шуд. Инчунин ба самъи ҷавонон расонида шуд, ки ҳеҷгоҳ зиракии сиёсӣ, эҳсосӣ баланди ватандӯстӣ, худогоҳӣ, ҳифз намудани арзишҳои миллии худро аз даст надиҳанд.

Дар озмун иштирокчиён малакаҳои варзишии худро аз рӯйи сафороӣ, вазнбардорӣ, турниккашӣ, бандкашӣ, омодагии дифои ҳарбӣ, нишонзанӣ, мудофиаи граҷданӣ ва тайёрии тиббию санитарӣ ва ҳамчунин муаррифии кори эҷоди дар намуди варақаи ҳарбӣ – ватанпарварӣ такмил дода, кор бо асбобҳои ҳарбӣ- варзиширо аз бар намудаанд ва худро аз ҳоло нотарсу далер ва чусту чолок ҳис намуда, ба ҳар гуна душвориҳо омода мебошанд.

Иштирок дар озмуни мазкур на танҳо тавоноии ҷисмонии хонандагон, балки ҳисси масъулиятшиносӣ, интизом, ватандӯстӣ ва ҳамбастагиро низ тақвият медиҳад. ҷавонон дар муҳити мусобиқа ва ҳамкорӣ малакаҳои муҳим, аз қабили устуворӣ дар ҳолатҳои душвор, қобилияти кор дар гурӯҳ ва тайёрии аввалияи ҳарбиро меомӯзанд.

Натиҷаи озмун нишон дод, ки хонандагони муассисаҳои таълимӣ то чӣ андоза масъулият ҳис карда, ҳамкориву ҳамдигарфаҳмиро дар миёни худ боло бурда, гурӯҳӣ ва ҳама якҷоя барои ғолибиятро ба даст овардан бо устодон ҳамкорӣ ва омодагии худ дидаанд.

Дар ҷамъбасти озмун ҳайати ҳакамон ишитирокчиёни фаъолро аз рӯйи бахшҳо муайян карданд ва дастаи МТМУ№12–и шаҳраки Адрасмон бо фаъолияти назаррас ва гирифтани холҳои зиёд дар бахшҳои озмун мақоми якумро касб кард ва ба даври минбаъда роҳхат ба даст овард. Хонандагони муассисаи таҳсилоти миёнаи рақами 1 ва 13 ҷойи дуюм ва хонандагони муассисаи таҳсилоти миёнаи рақами 14 ва 10 мақоми сеюмро сазовор гардиданд. Иштирокчиёни фаъоли озмун ва дастаҳо бо Диплому Ифтихорнома ва туҳфаҳои хотиравии Маркази таҳсилоти иловагӣ қадршиносӣ карда шуданд.

 

Шарҳ додан


Защитный код
Нав кардан

Сомонаҳои расмӣ



Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон


МИҲД вилояти Суғд


АМИТ "Ховар"

Эълонҳо

  • 1
  • 2
  • 3
  • 4
  • 5

Диққат! Озмун!

Диққат! Озмун!

Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Гулистон барои ишғоли мансабҳои холии маъмурии хизмати давлатӣ озмун эълон...

04 Дек 2024

ДИҚҚАТ! ОЗМУН!

ДИҚҚАТ! ОЗМУН!

Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Гулистон барои ишғоли мансабҳои холии маъмурии хизмати давлатӣ озмун эълон...

24 Апр 2024

Диққат! Озмун!

Диққат! Озмун!

Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Гулистон барои ишғоли мансабҳои холии маъмурии хизмати давлатӣ озмун эълон...

25 Апр 2022

Диққат! Озмун!

Диққат! Озмун!

Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Гулистон ба мансабҳои холии маъмурии хизмати давлатӣ озмун эълон менамояд ...

04 Ноя 2021

Боздошти гурӯҳи қочоқчиёни маводи мухаддир / Ахбори Точикистон

Боздошти гурӯҳи қочоқчиёни маводи мухаддир / Ахбори Точикистон   https://youtu.be/ZH0ryjEAOyE

28 Ноя 2019

Мо дар Фейсбук

Ташрифкунандагон


mod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_counter
mod_vvisit_counterИмрӯз:3645
mod_vvisit_counterРӯзи гузашта:2224
mod_vvisit_counterҲамин ҳафта:13075
mod_vvisit_counterҲафтаи гузашта:12509
mod_vvisit_counterҲамин моҳ:42046
mod_vvisit_counterМоҳи гузашта:68472
mod_vvisit_counterҲамагӣ:8386619

Райъпурсӣ

Сомона чи хел аст?