Матни равон

Дар идоракунии давлатии Тоҷикистон низоми интихобот дар маҳал ҳамчун падидаи муҳими сиёсӣ ба ҳисоб рафта, раванди он тибқи Конститутсияи Ҷумҳурии Тољикистон, Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи мақомоти худидоракунии шаҳрак ва деҳот» аз 5 августи соли 2009, №549, санадҳои дигари меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба роҳ монда мешавад.

Тибқи моддаи 78 Конститусия мақомоти худидоракунии шаҳрак ва деҳот Ҷамоат мебошад, ки тартиби ташкил, ваколат ва фаъолияти онро қонун танзим менамояд. Боби 4 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи мақомоти худидоракунии шаҳрак ва деҳот» ба масъалаҳои низоми интихоботи вакилони ҷамоат бахшида шудааст, ки масъалаи интихоботи вакилони ҷамоатро пурратар танзим менамояд. Вазъи ҳуқуқии низоми интихобот дар ҷамоат дар ҷумҳурӣ тибқи қонунгузорӣ муқаррар шудааст, ки муносибатҳои ҷамъиятӣ оид ба ташкил, ваколат ва фаъолияти мақомоти худидоракунии шаҳрак ва деҳот, инчунин, асосҳои ҳуқуқи, иқтисодӣ ва молиявии он танзим карда мешавад.

Дар ин замина, Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи таъини интихоботи даъвати нави Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва маҷлисҳои маҳаллии вакилони халқ» аз 4 декабри соли 2024, №882 ба тасвиб расидааст. Мутобиқи банди 3 Фармони мазкур ба назар гирифта шавад, ки интихоботи вакилони ҷамоатҳои шаҳрак ва деҳот тибқи талаботи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи мақомоти худидоракунии шаҳрак ва деҳот» гузаронида мешавад.

Боиси тазаккур аст, ки ҳангоми баргузории интихоботи вакилони ҷамоат нақши худидоракунии маҳаллӣ дар ҷомеа муҳим мебошад. Сатҳи ибтидои идораи иҷтимоӣ пеш аз ҳама аз худидоракунии маҳаллӣ оғоз ёфта, зинаи идоракунии мазкур ба мардум наздиктар буда, ҷиҳати ҳалли босифати мушкилоти ҷойдошта дар маҳал мусоидат менамояд. Дар ҷумҳурӣ 430 ҷамоатҳои шаҳрак ва деҳот фаъолият менамоянд, ки аз он 65 ҷамоатҳои шаҳрак ва 365 ҷамоатҳои деҳот мебошанд.

Барои баргузории интихоботи Ҷамоат ҳавзаҳои интихоботӣ ташкил карда мешавад: комиссияи интихоботи Ҷамоат ва комиссияи ҳавзавии интихоботи вакили Ҷамоат. Комиссияи интихоботи ҷамоат аз тарафи Ҷамоат таъсис дода мешавад. Он на дертар аз панҷ рӯзи баъди таъин гардидани интихобот дар ҳайати 7-13 нафар ташкил карда мешавад. Комиссияи интихобти Ҷамоат дар ҳайати раис, муовини раис, котиби Комиссия ва аъзои он интихоб карда мешаванд.

Ташкили Комиссияи ҳавзавии интихобот оид ба интихоботи вакилони Ҷамоат салоҳияти Комиссияи интихоботи Ҷамоат мебошад. Онро Комиссияи интихоботи Ҷамоат на дертар аз 10 рӯзи баъди таъини интихоботи Ҷамоат дар ҳайати 5-11 нафар ташкил менамояд, аз ҷумла, раис, муовини раис, котиби комиссияро интихоб мекунад.

Дар баргузории интихоботи Ҷамоат ба Комиссияи интихоботи Ҷамоат ваколатҳои васеъ дода шудааст: назорати иҷрои якхелаи муқаррароти Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи мақомоти худидоракунии шаҳрак ва деҳот»; ташкили ҳавзаҳои интихоботи бо дарназардошти шумораи интихобкунандагон дар ҳудуди шаҳрак ва деҳот, инчунин, ба онҳо ному рақам гузоштан; ташкил намудани комиссияҳои ҳавзавии интихобот; тасдиқ намудани бюллетени намунааш муқарраршудаи интихобот ва таъмин намудани комиссияҳои ҳавзавии интихобот бо бюллетенҳои интихобот; ҳалли масъалаҳои таъминоти моддию техникии интихобот; бақайдгирии вакилони интихобшуда, ҷамъбаст кардани натиҷаи интихоботи Ҷамоат оид ба натиҷаи ҷамъбасти интихобот ба аҳолӣ, мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ хабар додан ва ғайра.

Инчунин, дар интихоботи Ҷамоат комиссияҳои участкавӣ ташкил намешаванд, вазифаи комиссияҳои участкавиро комиссияи ҳавзавии интихобот оид ба интихоботи вакилони Ҷамоат иҷро менамоянд, яъне рӯйхати интихобкунандагонро тартиб медиҳанд, интихобкунандагонро ба рӯйхати интихобкунандагони ҳавзаи интихобот шинос менамоянд, бинои овоздиҳӣ, қуттиҳои овоздиҳӣ ва дигар таҷҳизоти интихоботро омода менамояд; овоздиҳиро дар рӯзи интихобот ташкил менамояд; овозҳои интихобкунандагонро дар ҳавзаҳои интихобот ҳисоб менамояд ва ғайра.

Қобили зикр аст, ки тибқи талаботи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон барои номзад ба вакилии Ҷамоат таҳсилоти олӣ ҳатми намебошад. Мувофиқи моддаи 19 Қонуни Ҷумҳурии  Тоҷикистон «Дар бораи мақомоти худидоракунии шаҳрак ва деҳот» раиси Ҷамоат дар маҷлиси Ҷамоат аз ҳайати вакилони он бо тарафдории аксарияти шумораи умумии вакилони Ҷамоат ба вазифа интихоб ва аз вазифа озод карда мешавад. Номзадии раиси Ҷамоатро раиси шаҳру ноҳия пешниҳод менамояд. Инчунин, муовини раис ва котиби Ҷамоат аз ҳайати вакилони Ҷамоат бо пешниҳоди раиси Ҷамоат дар маҷлиси Ҷамоат бо тарафдории аксарияти шумораи умумии вакилони Ҷамоат ба вазифа интихоб ва аз вазифа озод карда мешавад. Ғайр аз ин номзадии раис, муовини ӯ ва котиби Ҷамоат бояд ба талаботи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи хизмати давлатӣ» мувофиқат намояд. Мутобиқи қисми 2 моддаи 6 Қонуни мазкур шахсони мансабдори мақомоти худидоракунии шаҳрак ва деҳот ба хизматчиёни давлатии маъмурӣ баробар карда мешаванд. Дар асоси Феҳристи мансабҳои давлатии ҶТ, ки бо Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 15 августи соли 2016 тасдиқ шудааст, мансаби раиси Ҷамоат ба мансаби маъмурии хизмати давлатии категорияи дуюм, муовини раис ва котиби Ҷамоат ба мансабҳои маъмурии хизмати давлатии категорияи сеюм баробар мебошад. Тибқи Дастурамали талаботи тахассусӣ барои хизматчиёни давлатии маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки бо фармоиши муовини сардори Раёсати хизмати давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 24 августи соли 2011 №153 тасдиқ шудааст, раис, муовин ва котиби Ҷамоат бояд дорои таҳсилоти олии касбӣ, ихтисоси ба мансаби ишғолкарда мувофиқ ва собиқаи дахлдори хизмати давлатӣ ё умумии меҳнатӣ дошта бошанд.

Дар баробари ин, ходимони касбии ташкилотҳо ва иттиҳодияҳои динӣ, хизматчиёни ҳарбии Қувваҳои Муссаллаҳ, дигар қушуну сохторҳои ҳарбӣ, судяҳо, прокурорҳо, шахсони ҳайати қаторӣ ва роҳбарикунандаи мақомоти корҳои дохилӣ, мақомоти гумрук, кормандони ҳифзи ҳуқуқи Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсия ва Агентии назорати маводи нашъаовари назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҳолати аз вазифа рафтанашон ҳуқуқ доранд, номзад ба вакили Ҷамоат пешбарӣ шаванд.

Шаҳрвандони зерин ҳуқуқи ба вакили Ҷамоат номзад шуданро надоранд. Аз ҷумла: - мутобиқи ҳалномаи суд ғайриқобили амал дониста шудаанд; - дар асоси ҳукми суд дар ҷойҳои маҳруми аз озодӣ мебошанд; - бо қарори суд дар муассисаҳои табобати маҷбурӣ қарор доранд; - ҷиноятҳои вазнин ва махсусан вазнини қасдона содир кардаанд (қатъи назар аз гузаштани муҳлат ва бардошта шудани доғи судӣ); - барои содир кардани ҷиноятҳои вазнин ва махсусан вазнин айбдор шудаанд ё дар кофтуков мебошанд.

Боиси тазаккур аст, ки тибқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соҳаи забони давлатӣ ҳар як шаҳрванд вазифадор аст забони давлатиро донад. Тартиби муайян кардани донистани забони давлати аз ҷониби номзадҳо ба вакилии Ҷамоат тибқи муқаррароти моддаи 36 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи мақомоти худидоракунии шаҳрак ва деҳот» сурат мегирад. Ҳар як шаҳрванди Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки синни ӯ аз 20 кам набошад, дар ҳудуди шаҳрак ва деҳоти дахлдор на камтар аз 3 соли охир истиқомат дошта бошад ва забони давлатиро донад, метавонад номзад ба вакили Ҷамоат пешбарӣ шавад.

Яке аз рукнҳои давлатдорӣ ин таҳкими Ваҳдат ва ягонагии Тоҷикистони соҳибистиқлол мебошад. Аз ин рӯ, ҳар як шаҳрванд вазифадор аст, ки барои рушди ҷомеаи шаҳрвандӣ ва идоракунии давлатӣ дар интихобот иштирок намуда, саҳми арзандаи худро гузорад. Чунин амалҳои шаҳрвандон идоракунии давлатӣ мусбат арзёбӣ гардида, боиси қаноатмандии мардуми маҳал мегардад ва эътимоди шаҳрвандон ба мақомоти давлатӣ бештар мегардад.

Қаҳҳорзода Меҳрубон Қаҳҳор - мудири шуъбаи ташкилӣ ва кор бо кадрҳои дастгоҳи Раиси шаҳри Гулистон.

Шарҳ додан


Защитный код
Нав кардан

Сомонаҳои расмӣ



Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон


МИҲД вилояти Суғд


АМИТ "Ховар"

Эълонҳо

  • 1
  • 2
  • 3
  • 4
  • 5

Диққат! Озмун!

Диққат! Озмун!

Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Гулистон барои ишғоли мансабҳои холии маъмурии хизмати давлатӣ озмун эълон...

04 Дек 2024

ДИҚҚАТ! ОЗМУН!

ДИҚҚАТ! ОЗМУН!

Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Гулистон барои ишғоли мансабҳои холии маъмурии хизмати давлатӣ озмун эълон...

24 Апр 2024

Диққат! Озмун!

Диққат! Озмун!

Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Гулистон барои ишғоли мансабҳои холии маъмурии хизмати давлатӣ озмун эълон...

25 Апр 2022

Диққат! Озмун!

Диққат! Озмун!

Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Гулистон ба мансабҳои холии маъмурии хизмати давлатӣ озмун эълон менамояд ...

04 Ноя 2021

Боздошти гурӯҳи қочоқчиёни маводи мухаддир / Ахбори Точикистон

Боздошти гурӯҳи қочоқчиёни маводи мухаддир / Ахбори Точикистон   https://youtu.be/ZH0ryjEAOyE

28 Ноя 2019

Мо дар Фейсбук

Ташрифкунандагон


mod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_counter
mod_vvisit_counterИмрӯз:3607
mod_vvisit_counterРӯзи гузашта:2224
mod_vvisit_counterҲамин ҳафта:13037
mod_vvisit_counterҲафтаи гузашта:12509
mod_vvisit_counterҲамин моҳ:42008
mod_vvisit_counterМоҳи гузашта:68472
mod_vvisit_counterҲамагӣ:8386581

Райъпурсӣ

Сомона чи хел аст?