10 Апрел 2025
Санаи 09.04.2025 иҷрокунандаи вазифаи Раиси шаҳри Гулистон Илҳом Пӯлотзода ба шаҳраки Адрасмон сафари корӣ доир намуд ва аз фаъолияти як қатор муассисаҳои тиббӣ ва корҳои бунёдкорӣ дар шаҳрак дидан намуд. Нахуст дар деҳаи Гулдараи шаҳраки Адрасмон бо бунёди майдончаи варзишии замонавӣ барои бозии футбол шинос гардид, ки аз ҷониби соҳибкори маҳаллӣ бунёд гардида истодааст. Зикр карда шуд, ки дар шаҳраки Адрасмони шаҳр 1 варзишгоҳ, 6 толори варзишӣ ва 9 майдончаи варзишӣ мавҷуд аст, ки сокинон аз онҳо васеъ истифода мебаранд. Бунёди майдончаи варзишии мазкур барои сокинони деҳаи Гулдара шароити мусоид барои машғул гардидан ба варзишро муҳайё менамояд.
Сипас, иҷрокунандаи вазифаи раиси шаҳр Илҳом Пӯлотзода аз хонаи саломатии деҳаи Зарчашмаи шаҳраки Адрасмон дидан намуда, бо фаъолияти он аз наздик шинос гардид. Зимни шиносоӣ ба масъулин ҷиҳати таъмири хонаи саломатӣ ва муҳайё кардани шароит барои хизматрасонии босифати тиббӣ ба аҳолӣ таъкид карда шуд.
Баъдан аз беморхонаи маркази шаҳраки Адрасмон дидан карда шуд. Пас аз шиносоӣ Илҳом Пӯлотзода ба масъулин ҷиҳати бо таҷҳизот ва лавозимоти тиббӣ таъмин намудани шуъбаи бачагонаи беморхонаи шаҳраки Адрасмон ва ҳамчунин бо кадрҳои дорои маълумоти олии тиббӣ таъмин намудани беморхона дастур дод.