Матни равон

Даври ҷамъбастии Озмуни ҷумҳуриявии «Кадбонуи беҳтарин» бо ташаббуси Кумитаи кор бо занон ва оилаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар якҷоягӣ бо вазорату идораҳои дахлдори давлатӣ, мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоятҳо ва шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ дар пойтахти мамлакат шаҳри Душанбе доир гардида, дар он муовини Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон Мансурӣ Дилрабо ва раиси Кумитаи кор бо занон ва оилаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Файзиддинзода Бунафша, сокинону меҳмонони дохилу хориҷи мамлакат, роҳбарону намояндагони вазорату идораҳо, ташкилоту муассисаҳо, беҳтарин кадбонуҳои ВМКБ, вилоятҳои Суғду Хатлон, шаҳри Душанбе, шаҳру ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ ва ноҳияҳои минтақаи Рашт иштирок намуданд.

Озмуни мазкур дар асоси “Ҷадвали баргузории ҷашну солгард, фестивалу намоиш, иду озмунҳои фарҳангию маърифатӣ ва анъанаю ҳунарҳои мардумӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2025” дар се давр:

- даври якум дар сатҳи шаҳру ноҳияҳо бо муайян намудани кадбонуҳои беҳтарин аз маҳаллаҳо, деҳа, деҳот, шаҳраку ҷамоатҳо, шаҳру ноҳияҳо;

- даври дуюм дар сатҳи вилоятҳо, шаҳри Душанбе ва шаҳру ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ роҳандозӣ гардида,

- даври ҷамъбастии озмун дар шаҳри Душанбе баргузор гардид.

Ҳадаф аз баргузор намудани озмуни ҷумҳуриявии “Кадбонуи беҳтарин” тарғиб, эҳё ва ҳифзу нигоҳдошти беҳтарин суннатҳои миллии ниёгони шарафманди тоҷик дар самти омода намудани хўрокҳои миллӣ, хўришҳои болаззат, таомҳои миллии маҳаллӣ, баланд бардоштани завқи кадбонугӣ ва ҳунари дастархонороӣ мебошад.

Мақсади баргузории он ҳавасмандгардонӣ ва ҷалби бонувони ҳунарманд, занони соҳибзавқ ва кадбонувони моҳир ба эҳёи таомҳои милливу маҳаллии азбайнрафта ва ривоҷ додани пухту пази таомҳои миллӣ дар тарабхонаву ошхонаҳо, омода намудани ҷавондухтарон ба ҳаёти мустақилона, баланд бардоштани маърифати хонадорӣ ва завқи дастархонороӣ; баланд бардоштани мақоми зан дар ҷомеа ва зиёд намудани ҷойҳои нави корӣ ва дар ин радиф ошноӣ ба таъриху фарҳанг ва тамаддуни миллӣ аст.

Озмун таҳти роҳбарии раиси Комиссияи ҷумҳуриявии озмун, муовини Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон Мансурӣ Дилрабо ва раиси Кумитаи кор бо занон ва оилаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Файзиддинзода Бунафша доир гардида, ғолибони озмун аз рўи 6 меъёрҳои омода намудани таомҳои миллӣ ва тарзи оростани дастархон тибқи Низомномаи озмун муайян гардида, бо Диплом, Сипоснома ва туҳфаҳои хотиравии Кумитаи кор бо занон ва оилаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон қадрдонӣ гардиданд.

Лозим ба зикр аст, ки дар озмуни мазкур ҳунарманди шаҳри Гулистон Валиева Гулсунҷон дар бахши "Омода намудани хӯриши миллӣ" сазовори ҷойи дуюм гардид.

 

Шарҳ додан


Защитный код
Нав кардан

Сомонаҳои расмӣ



Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон


МИҲД вилояти Суғд


АМИТ "Ховар"

Эълонҳо

  • 1
  • 2
  • 3
  • 4
  • 5

Диққат! Озмун!

Диққат! Озмун!

Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Гулистон барои ишғоли мансабҳои холии маъмурии хизмати давлатӣ озмун эълон...

04 Дек 2024

ДИҚҚАТ! ОЗМУН!

ДИҚҚАТ! ОЗМУН!

Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Гулистон барои ишғоли мансабҳои холии маъмурии хизмати давлатӣ озмун эълон...

24 Апр 2024

Диққат! Озмун!

Диққат! Озмун!

Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Гулистон барои ишғоли мансабҳои холии маъмурии хизмати давлатӣ озмун эълон...

25 Апр 2022

Диққат! Озмун!

Диққат! Озмун!

Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Гулистон ба мансабҳои холии маъмурии хизмати давлатӣ озмун эълон менамояд ...

04 Ноя 2021

Боздошти гурӯҳи қочоқчиёни маводи мухаддир / Ахбори Точикистон

Боздошти гурӯҳи қочоқчиёни маводи мухаддир / Ахбори Точикистон   https://youtu.be/ZH0ryjEAOyE

28 Ноя 2019

Мо дар Фейсбук

Ташрифкунандагон


mod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_counter
mod_vvisit_counterИмрӯз:2892
mod_vvisit_counterРӯзи гузашта:2349
mod_vvisit_counterҲамин ҳафта:13281
mod_vvisit_counterҲафтаи гузашта:17903
mod_vvisit_counterҲамин моҳ:46584
mod_vvisit_counterМоҳи гузашта:99080
mod_vvisit_counterҲамагӣ:8555018

Райъпурсӣ

Сомона чи хел аст?