Матни равон

Бо мақсади таъмини иҷрои Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 19 феврали соли 2025, №967 “Дар бораи ба эҳтиёт рухсат додани хизматчиёни ҳарбие, ки муҳлати муқарраргардидаи хизмати ҳарбиро адо намудаанд ва даъвати навбатии шаҳрвандони солҳои таваллуди 1998-2007 Ҷумҳурии Тоҷикистон ба хизмати ҳарбӣ”, қарори дахлдори Раиси вилояти Суғд "Дар бораи даъвати шаҳрвандони солҳои таваллудашон 1998-2007 ба хизмати ҳарбӣ дар моҳҳои апрел-майи соли 2025" ва қарори раиси шаҳри Гулистон, баҳри иҷрои сифатноки нақшаи даъват дар шаҳр чораҳои зарурӣ андешида шуд.

Роҳандозии тадбирҳои судманд ва ба роҳ мондани корҳои тарғиботиву ташвиқотӣ, анҷом додани мулоқоту вохӯриҳо бо насли ҷавон ва волидайни онҳо, баргузории силсилаи чорабиниҳои маърифатӣ, фарҳангӣ ва варзишӣ, рӯзи дарҳои кушод дар қисмҳои ҳарбӣ ва дигар чорабиниҳои ҳадафманд имкон дод, ки шаҳри Гулистон санаи 16 апрели соли ҷорӣ, нақшаи босифати даъвати навбатии шаҳрвандони солҳои таваллуди 1998-2006 Ҷумҳурии Тоҷикистон ба хизмати ҳарбиро ба пуррагӣ иҷро намояд.

Фаъолияти дастаҷамъонаи масъулини мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр бо комиссариати ҳарбӣ ва дигар сохторҳои ҳифзи ҳуқуқу ниҳодҳои давлатӣ, раисони кумитаи маҳаллаҳо ҷиҳати ҷалби ихтиёриёни ҷавон ба курси кӯтоҳмуддати ронандатайёркунӣ дар ташкилоти ҷамъиятии "Мададгори мудофиа" низ ба иҷрои саривақтиву босифати нақшаи даъвати баҳорӣ мусоидат намуд.

Боиси хушнудист, ки шаҳри Гулистон тӯли солҳои охир нақшаи даъвати ҷавонписарон ба сафи Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистонро пеш аз муҳлати муайяншуда иҷро менамояд.

Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Гулистон барои эҳсоси баланди ватандӯстӣ ва ифтихори миллӣ ба падару модари даъватшудагон, ҷавонписарони матинирода, масъулини комиссариати ҳарбӣ, роҳбарони воҳидҳои сохторӣ, мудирони шуъбаву бахшҳо, ташкилоту муассисаҳо, мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ва раисони кумитаи маҳаллаҳо изҳори сипосмандии хешро баён менамояд.

 

Шарҳ додан


Защитный код
Нав кардан

Сомонаҳои расмӣ



Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон


МИҲД вилояти Суғд


АМИТ "Ховар"

Эълонҳо

  • 1
  • 2
  • 3
  • 4
  • 5

Диққат! Озмун!

Диққат! Озмун!

Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Гулистон барои ишғоли мансабҳои холии маъмурии хизмати давлатӣ озмун эълон...

04 Дек 2024

ДИҚҚАТ! ОЗМУН!

ДИҚҚАТ! ОЗМУН!

Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Гулистон барои ишғоли мансабҳои холии маъмурии хизмати давлатӣ озмун эълон...

24 Апр 2024

Диққат! Озмун!

Диққат! Озмун!

Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Гулистон барои ишғоли мансабҳои холии маъмурии хизмати давлатӣ озмун эълон...

25 Апр 2022

Диққат! Озмун!

Диққат! Озмун!

Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Гулистон ба мансабҳои холии маъмурии хизмати давлатӣ озмун эълон менамояд ...

04 Ноя 2021

Боздошти гурӯҳи қочоқчиёни маводи мухаддир / Ахбори Точикистон

Боздошти гурӯҳи қочоқчиёни маводи мухаддир / Ахбори Точикистон   https://youtu.be/ZH0ryjEAOyE

28 Ноя 2019

Мо дар Фейсбук

Ташрифкунандагон


mod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_counter
mod_vvisit_counterИмрӯз:698
mod_vvisit_counterРӯзи гузашта:3446
mod_vvisit_counterҲамин ҳафта:698
mod_vvisit_counterҲафтаи гузашта:19706
mod_vvisit_counterҲамин моҳ:51060
mod_vvisit_counterМоҳи гузашта:99080
mod_vvisit_counterҲамагӣ:8559494

Райъпурсӣ

Сомона чи хел аст?