28 Апрел 2025
Имрӯз, 28.04.2025 дар толори хурди Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Гулистон муаррифии кадри тозатаъин баргузор гардид.
Раиси шаҳри Гулистон Илҳом Пӯлотзода маросисми муаррифиро оғоз намуда, таъкид намуд, ки дар мувофиқа бо Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба вазифаи муовини Раиси шаҳр кадри нав таъин гардид.
Сипас, Ғолибҷон Шарифзода мудири шуъбаи кадрҳои дастгоҳи Раиси вилояти Суғд кадри тозатаъинро муаррифӣ намуд.
Зикр карда шуд, ки бо пешниҳоди Раиси шаҳри Гулистон, Раиси вилояти Суғд ва дар мувофиқа бо Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба вазифаи муовини Раиси шаҳри Гулистон Ҷамолиён Муслимахон Ғайбуллозода таъин гардид.
Раиси шаҳри Гулистон Илҳом Пӯлотзода таъкид намуд, ки Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, бевосита Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон доир ба сиёсати давлатии занон, дастгирӣ ва ҷобаҷогузории кадрҳои болаёқат аз ҳисоби занон таваҷҷуҳи хоса зоҳир мекунанд. Дар ин самт як қатор барномаҳову консепсияҳои давлатӣ амал мекунад. Ҳамин дастгириву ғамхориҳост, ки дар сатҳи вазифаҳои роҳбарикунандаи ҳамаи шаҳру ноҳияҳои кишвар ҳатман занҳо низ ба ҳайси роҳбар фаъолият мекунанд.
Муовини Раиси шаҳр Муслимахон Ҷамолиён сипоси хешро ба Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барои боварӣ ва дастгирии занон изҳор дошта, таъкид намуд, ки барои Ватан содиқона хизмат менамояд.
Дар самти иҷрои вазифаҳои хизматӣ ба муовини Раиси шаҳр барору комёбиҳо орзу карда шуд.