15 Май 2025
Санаи 14.05.2025 муовини Раиси вилояти Суғд Зайнура Азимӣ бо ҷараёни корҳои ободонию созандагӣ дар шаҳри Гулистон, ки ба истиқболи Ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон вусъат ёфта истодаанд шинос гардид.
Бо мақсади таъмини иҷрои дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва дар доираи ҳадафи стратегӣ эълон гардидани саноатикунонии мамлакат дар шаҳру ноҳияҳои вилоят бунёд ва ба кор андохтани иқтидорҳои нави истеҳсолӣ таваҷҷуҳи хоса зоҳир гардида, ҳамасола даҳҳо корхонаҳои хурду бузург бунёд карда мешавад.
Дар шаҳри Гулистон низ бунёди корхонаҳои саноатӣ бо маром идома дорад. Муовини Раиси вилоят Зайнура Азимӣ дар минтақаи саноатии шаҳр аз корхонаҳои навбунёди саноатии ҶДММ “Тиглат”, ҶДММ “Парандаи зарин”, ҶДММ “Истиқлоли Гулистон” ва яхдони “Товус” дидан намуданд.
Сипас, дар маркази шаҳр аз боғи фароғатии “Темурмалик” ва беморхонаи марказии шаҳр дидан карда шуд.
Ҳамчунин, бо фаъолон ва роҳбарони воҳидҳои сохторӣ оид ба ҷараёни корҳои ободонию созандагӣ, сатҳу сифати иншооти бунёдшаванда бахшида ба ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатӣ, вазъи воқеии корхонаву коргоҳҳои истеҳсолӣ, истеҳсолоти маҳсулот дар онҳо ва таъмини аҳолӣ бо ҷойи корӣ, таъмиру таҷдид ва тозагии ҳар як манзили истиқоматӣ, кӯча, маҳалла ва шаҳраку деҳот ҷаласа баргузор карда шуд. Инчунин, Зайнура Азимӣ доир ба вазъи муассисаҳои соҳаи тандурустӣ дар самти таъминот бо катҳо, доруворӣ, таҷҳизот, табибон ва хизматрасонии тиббӣ ба аҳолӣ ибрози назар намуда, барои тақвияти корҳо супориш ва тавсияҳои судманд дод ва ба муносибати Рӯзи байналмилалии оила ба модарони кӯдакони навзод туҳфаҳо тақдим намуд..
Лозим ба зикр аст, ки дар шаҳри Гулистон барои тибқи нақшаи чорабиниҳо то Ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатӣ бояд 280 иншоот бунёду азнавсозӣ карда шавад ва то имрӯз 184 адад мавриди баҳрабардорӣ қарор дода шудааст, ки 65,7% нақшаро фаро мегирад.