15 Май 2025
Бо мақсади таъмини иҷрои Амри Президенти ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз 2-юми январи соли 2025, таҳти рақами 709, қарори Раиси вилояти Суғд аз 31-уми январи соли 2025, № 33, қарори Раиси шаҳри Гулистон аз 12-уми марти соли 2025, №57 «Дар бораи ташкил ва гузаронидани озмуни ҷумҳуриявии «Фурўғи субҳи доноӣ китоб аст» санаи 13.05.2025 даври шаҳрии озмуни оғоз гардид.
Дар маросими кушодашавии озмун муовини Раиси шаҳри Гулистон Муслимахон Ҷамолиён, устодони МДТ «Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров», мудири шуъбаи маорифи шаҳр, директорони муассисаҳои таълимӣ ва омӯзгорону хонандагон бо шукуҳи хосса дар Кохи "Истиқлол" иштирок намуданд.
Муслимахон Ҷамолиён муовини Раиси шаҳр зикр намуд, ки озмуни ҷумҳуриявии "Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст" бо сарпарастӣ ва ташаббусҳои маърифатпарваронаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон роҳандозӣ гардида, ҷиҳати баланд бардоштани сатҳи маънавиёти ҷомеа, густариши маърифати китобдӯстию китобхонӣ ва эҳёи суннатҳои неки ниёгон дар самти илмомӯзӣ ва фарҳангу адаб равона гардидааст.
Ба ҳайати ҳакамон барои дар сатҳи баланд ва беғараз муайян намудани беҳтаринҳо таъкид карда шуда, ба иштирокчиён муваффақият таманно карда шуд.
Ҷавонону наврасони шаҳри Гулистон, омӯзгорону хонандагон бо шавқу рағбати зиёд дар озмун ширкат варзиданд.