19 Июн 2025
Санаи 18.06.2025 Клуби футболи "Гулистон"-и шаҳри Гулистон дар доираи даври ҳаштуми Лигаи дуюми Чемпионати Тоҷикистон оид ба футбол дар минтақаи Суғд КФ "Темурмалик"-и шаҳри Хуҷандро дар майдони худ қабул намуд.
Бозигарони дастаи "Гулистон" аз оғоз ташаббусро ба даст гирифта, пайваста ба ҳариф фишор меоварданд. Натиҷаи ҳамин ҳуҷумҳои пайиҳам буд, ки дар қисми аввали бозӣ се маротиба хати дарвозаи меҳмононро рахна намуданд.
Дар қисми дуюми дидор гулистониён ҳамоно бо фишороварӣ ва ҳуҷумҳои пайваста тавонистанд, ки 2 маротибаи дигар тубро ба тури дарвозаи ҳариф равона созанд.
Ҳамин тавр бо натиҷаи бузурги 5-0 дидори дастаҳои "Гулистон" ва "Темурмалик" ба фоидаи дастаи "Гулистон" ба охир расид.
Аз ҳайати дастаи "Гулистон" тубҳоро Дилшод Бозоров 3 маротиба (хетрик) ва Шаҳзод Нурматов 2 маротиба (дубл) ба ҳадаф расониданд.
Дастаи "Гулистон" барои роҳ ёфтан ба зинаи аввали ҷадвали мусобиқа як қадами устувор гузошт.
Пирӯзӣ муборак бод!