Матни равон

Бо мақсади татбиқи босамари сиёсати пешгирифтаи давлат ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар самти саноатиконии босуръати кишвар дар шаҳри Гулистон тадбирҳои густурда баҳри рушди соҳаи саноат, таъсиси ҷойҳои нави корӣ ва истеҳсоли маҳсулоти рақобатпазир амалӣ мегарданд.

Раиси вилояти Суғд Раҷаб Аҳмадзода зимни сафари корӣ бо ҷараёни корҳои сохтмонӣ дар корхонаҳои нави саноатӣ ва фаъолияти корхонаҳои амалкунанда шинос гардид.

Ба иттилои масъулин, то поёни соли ҷорӣ дар шаҳри Гулистон панҷ корхонаи нави саноатӣ мавриди истифода қарор мегирад, ки бо ба фаъолият оғоз намудани онҳо на танҳо ҷойҳои нави корӣ таъсис меёбанд, балки ҳаҷми истеҳсоли маҳсулот низ ба маротиб афзоиш меёбад.

Феълан дар шаҳри Гулистон 48 корхонаи саноатӣ ба қайд гирифта шуда, танҳо дар панҷ моҳи аввали соли 2025 ҳаҷми маҳсулоти истеҳсолшуда дар корхонаҳои саноатии шаҳр ба 2 миллиард сомонӣ расидааст. Дар ин миён "Корхонаи металлургии тоҷик" нақши намоён дорад, ки дар давоми ҳамин давра ба маблағи 10 миллиону 555 ҳазор сомонӣ маҳсулот истеҳсол намуда, масъулин иқдом гирифтаанд, ки ҳаҷми истеҳсолотро боз ҳам афзоиш диҳанд.

Маҳсулоти корхонаҳои саноатии шаҳри Гулистон феълан ба 90 номгӯй расида, ба 22 кишвари дуру наздик содирот мегардад. Ин раванд нишон медиҳад, ки корхонаҳои шаҳр дар самти истеҳсоли маҳсулоти ба содирот нигаронидашуда ва ивазкунандаи воридот саҳми назаррас доранд.

Бо ҳадафи самаранок истифода бурдани иқтидорҳои мавҷуда дар Ҷамъияти саҳҳомии кушодаи “Қолинҳои Қайроққум” ду хатти нави истеҳсолӣ ба фаъолият оғоз намуд, ки боиси зиёд гардидани ҳаҷми истеҳсолот то 500 ҳазор метри мураббаъ дар як сол ва таъсиси ҷойҳои нави корӣ гардидааст. Хатҳои истеҳсолии мазкур аз кишвари Белгия ворид карда шуда, маҳсулоти истеҳсолӣ мутобиқ ба стандартҳои ҷаҳонӣ ва талаботи бозори муосир пешниҳод мегардад.

Раиси вилоят зимни боздид аз иншооти саноатӣ аз дастуру ҳидоятҳои Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар самти рушди истеҳсолот, афзоиши содирот ва таъсиси ҷойҳои нави корӣ ёдовар шуда, ба масъулин барои таҳкими ин самт дастурҳои мушаххас дод. Тавре роҳбари вилоят иброз дошт, бо истифодаи пурраи зарфияти соҳаи саноат, шаҳри Гулистон метавонад ба яке аз марказҳои бузурги саноатии кишвар мубаддал гардад.

Ба ифтихори Рӯзи Ваҳдати миллӣ, ки ҳамасола 27 июн бо шукуҳу шаҳомати хоса таҷлил мегардад, Раиси вилояти Суғд Раҷаб Аҳмадзода собиқадорони меҳнатро дар шаҳри Гулистон аёдат намуда, бо онҳо суҳбатҳои самимӣ анҷом дод.

Зимни дидорбинӣ бо Мусаллам Рашидова- собиқадори соҳаи саноат ва Уктамой Раҳмонова- собиқадори хизмати давлатӣ, Раъно Султонова- собиқадори соҳаи маориф роҳбари вилоят саҳми собиқадоронро дар рушди ҷомеа ва тарбияи кадрҳои баландихтисос махсус арзёбӣ намуда, таъкид кард, ки давлату Ҳукумат хизматҳои онҳоеро, ки барои ободӣ ва пешрафти кишвар заҳмат кашидаанд, ҳамеша пос медорад.

Собиқадорон дар навбати худ ба Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барои таваҷҷуҳу ғамхориҳои пайваста изҳори сипосу миннатдорӣ намуда, ба миллати тоҷик сулҳу осоиш ва ба Тоҷикистони соҳибистиқлол рушду шукуфоӣ таманно карданд.

Шарҳ додан


Защитный код
Нав кардан

Сомонаҳои расмӣ



Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон


МИҲД вилояти Суғд


АМИТ "Ховар"

Эълонҳо

  • 1
  • 2
  • 3
  • 4
  • 5

Диққат! Озмун!

Диққат! Озмун!

Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Гулистон барои ишғоли мансабҳои холии маъмурии хизмати давлатӣ озмун эълон...

04 Дек 2024

ДИҚҚАТ! ОЗМУН!

ДИҚҚАТ! ОЗМУН!

Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Гулистон барои ишғоли мансабҳои холии маъмурии хизмати давлатӣ озмун эълон...

24 Апр 2024

Диққат! Озмун!

Диққат! Озмун!

Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Гулистон барои ишғоли мансабҳои холии маъмурии хизмати давлатӣ озмун эълон...

25 Апр 2022

Диққат! Озмун!

Диққат! Озмун!

Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Гулистон ба мансабҳои холии маъмурии хизмати давлатӣ озмун эълон менамояд ...

04 Ноя 2021

Боздошти гурӯҳи қочоқчиёни маводи мухаддир / Ахбори Точикистон

Боздошти гурӯҳи қочоқчиёни маводи мухаддир / Ахбори Точикистон   https://youtu.be/ZH0ryjEAOyE

28 Ноя 2019

Мо дар Фейсбук

Ташрифкунандагон


mod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_counter
mod_vvisit_counterИмрӯз:2318
mod_vvisit_counterРӯзи гузашта:2722
mod_vvisit_counterҲамин ҳафта:17418
mod_vvisit_counterҲафтаи гузашта:17466
mod_vvisit_counterҲамин моҳ:64401
mod_vvisit_counterМоҳи гузашта:82840
mod_vvisit_counterҲамагӣ:8740822

Райъпурсӣ

Сомона чи хел аст?