27 Июн 2025
Имрӯз, 27.06.2025 дар Ҷамоати шаҳракҳои Сирдарё ва Консойи шаҳр Раиси шаҳри Гулистон Илҳом Пӯлотзода ва муовини Раиси вилояти Суғд Зайнура Азимӣ як қатор собиқадорони соҳаҳои гуногуни шаҳрро ба муносибати 28-умин солгарди Рӯзи Ваҳдати миллӣ аёдат намуда ба ифтихори ин санаи фархунда муборакбод гуфтанд.
Собиқадорон бо шукргузорӣ аз сиёсати хирадмандонаи Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва фазои сулҳу суботи кишвар баҳри боз ҳам гул-гулгукуфоии кишвари азизамон дасти дуо бардоштанд.
Ба собиқадорон кумакҳои моддии мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр тақдим карда шуд.