Матни равон

Имрӯз, 03.07.2025 дар толори бахши ҳифзи муҳити зисти шаҳри Гулистон Шурои ҳамоҳангсозии “Барномаҳои миллии тандурустӣ” бо иштироки аъзои Шуро ва дигар масъулин таҳти раёсати раиси Шуро, муовини Раиси шаҳр Ҷамолиён Муслимахон баргузор гардид.

Дар кори Шуро “Барномаи давлатии солимии репродуктивӣ барои солҳои 2023-2027” дар нимсолаи аввали соли ҷорӣ дар шаҳри Гулистон мавриди баррасӣ қарор дода шуд.

Доир ба фаъолияти нақшаи чорабиниҳои амалигардонии Барномаи мазкур дар нимсолаи соли ҷорӣ Саида Исоева сарвари Маркази солимгардонии репродуктивӣ гузориш пешниҳод намуд. Зикр карда шуд, ки баҳри татбиқи қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 31 августи соли 2023, №481 «Дар бораи Барномаи давлати солимии репродуктивӣ барои солҳои 2023-2027», қарори Раиси вилояти Суғд №318 аз 30.10.2023 “Дар бораи тадбирҳои таъмини Барномаи давлатии солимии репродуктивӣ барои солҳои 2023-2027 дар вилояти Суғд”, қарори Раиси шаҳр ва фармоиши Раёсати тандурустии вилоят як қатор корҳо ба анҷом расонида шудааст. Барномаи мазкур аз 4 самтҳои афзалиятнок, 20 адад зербандҳо иборат “буда, дар давраи сипаригашта иҷрои он зина ба зина таъмин карда шудааст. Дар ин раванд барои таъмини хизматрасонии сифатноки контрасептивӣ ба аҳолӣ тамоми марказҳои саломатии шахру шахракхо бо маводҳои пешгирандаи ҳамли номатлуб таъмин карда шуда, инчунин ба ин марказхо 5 усули замонавии контрасептивӣ ба аҳолӣ дастрас шуда, бунгоҳҳои саломатӣ 3 намуди усули замонавии контрасептивӣ ба аҳолӣ дастрас шуда, мутахассисони муассисаҳо оид ба машваратдиҳӣ вобаста ба банақшагирии оила омӯзонида шуда, корбарӣ карда истодаанд. Қайд намудан зарур аст, ки танзими оила-ин таваллуди кӯдаки дилхоҳ дар вақти мувоффиқ бо розигии зану шавҳар, бо риояи фосилаҳои байни таваллуд на кам аз 2 сол мебошад. Таҳлили ҳолат оид ба заноне, ки фосилаи байни таваллудиро риоя намекунанд, дар 6-моҳи соли равон ба 18,5% расидааст, ки нисбати ҳамин давраи соли 2024 дар (16,8%) ба 1,7% баланд гардидааст. Бо мақсади беҳтар намудани дастрасии хизматрасониҳои контрасептивӣ дар шаҳри Гулистон дарси омузиши оид ба машваратдиҳи дар маъсалаҳои танзими оила ба 31 нафар кормандони тиб гузаронида шудааст.

Қайд карда шуд, ки Барнома ба ҳалли маъсалаҳои афзалиятноки Стратегияи миллии рушд то соли 2030 мусоидат намуда, ба рушди сармояи инсонӣ тавассути беҳтар намудани дастрасӣ, сифат ва самаранокии хизматрасониҳои тиббӣ ва инкишофи захираҳои тандурустиӣ таваҷҷуҳи асосӣ зоҳир менамояд ва дар амалӣ намудани ҳадафҳои барномаи солимии репродуктивии аҳолӣ тамоми субектҳои дахлдор саҳми худро гузоранд.

Сипас, Ӯктамой Негматова мудири шуъбаи таваллуди беморхонаи марказии шаҳр ва Бираҷаб Сафарова табиби оилавии маркази саломатии шаҳр ба музокира баромаданд.

Раиси Шурои ҳамоҳангсозии “Барномаҳои миллии тандурустӣ”, муовини Раиси шаҳр Ҷамолиён Муслимахон аз масъулин доир ба иҷрои нақшаи чорабиниҳои Барнома пурсиш намуда, ҷиҳати минбаъд низ тақвият бахшидани корҳо ҷиҳати иҷрои нақшаи чорабиниҳои Барнома вазифаҳои мушаххас гузошт.

 

Шарҳ додан


Защитный код
Нав кардан

Сомонаҳои расмӣ



Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон


МИҲД вилояти Суғд


АМИТ "Ховар"

Эълонҳо

  • 1
  • 2
  • 3
  • 4
  • 5

Диққат! Озмун!

Диққат! Озмун!

Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Гулистон барои ишғоли мансабҳои холии маъмурии хизмати давлатӣ озмун эълон...

04 Дек 2024

ДИҚҚАТ! ОЗМУН!

ДИҚҚАТ! ОЗМУН!

Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Гулистон барои ишғоли мансабҳои холии маъмурии хизмати давлатӣ озмун эълон...

24 Апр 2024

Диққат! Озмун!

Диққат! Озмун!

Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Гулистон барои ишғоли мансабҳои холии маъмурии хизмати давлатӣ озмун эълон...

25 Апр 2022

Диққат! Озмун!

Диққат! Озмун!

Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Гулистон ба мансабҳои холии маъмурии хизмати давлатӣ озмун эълон менамояд ...

04 Ноя 2021

Боздошти гурӯҳи қочоқчиёни маводи мухаддир / Ахбори Точикистон

Боздошти гурӯҳи қочоқчиёни маводи мухаддир / Ахбори Точикистон   https://youtu.be/ZH0ryjEAOyE

28 Ноя 2019

Мо дар Фейсбук

Ташрифкунандагон


mod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_counter
mod_vvisit_counterИмрӯз:953
mod_vvisit_counterРӯзи гузашта:2896
mod_vvisit_counterҲамин ҳафта:10887
mod_vvisit_counterҲафтаи гузашта:19444
mod_vvisit_counterҲамин моҳ:9008
mod_vvisit_counterМоҳи гузашта:68306
mod_vvisit_counterҲамагӣ:8753735

Райъпурсӣ

Сомона чи хел аст?