Матни равон

Бемориҳои музмин аз ҳисоби бисёр омилҳо ба амал омада, дар тӯли тамоми ҳаёти инсон идома ёфта, боиси паст шудани сифати зиндагӣ мешаванд.

Бемориҳои музмин ба табобати мунтазами тиббӣ ниёз доранд. Шиддати нишонаҳои ба ин беморӣ гирифторбуда гуногун аст. Беморӣ метавонад дар баъзе давраҳо шиддат гирад ва аз роҳи гуногун гузарад ва ҳамчунин дараҷаи беморӣ метавонад кам ва зиёд шавад.

Вобаста ба он, ки беморони гирифтори бемориҳои шадид ва музмин одатан дар шароити хона табобат карда мешаванд баъзе нуктаҳоро ҷиҳати пешгирии сироятёбии дигар аъзои оила зикр намоем. Дар хона табобат гирифтан хатари интиқоли бемории сироятиро ба аъзоёни оила ва шахсоне, ки беморонро нигоҳубин мекунанд ва ҳамчунин ба аҳолии атроф ба вуҷуд меорад. Шахсоне, ки ба парастории чунин беморон машғуланд бояд усулҳои зерини пешгирии сироятро дар ёд гиранд ва онҳоро ба таври қатъӣ риоя намоянд ва бо ин роҳ метавонанд хатари сироятро коҳиш диҳанд:

- беҳдоштии дастҳо:  пеш аз тамос бо бемор, хун ё моеъҳои бадани онҳо мунтазам ва бодиққат шустани дастҳо бо собун ва оби равон (масалан, аз чумак ё рехтани об аз кӯза), ё  истифода бурдани антисептикҳо барои дастон дар асоси спирт;

-  беморон бояд дар ҳуҷраи равшан ва ҳавои тоза нигоҳубин карда шаванд;

- беморон бояд либоси тоза пӯшида бошанд ва кати хобашон ҳамеша тоза ва хушк нигоҳ дошта шавад;

- шахсе, ки парастори беморро ба уҳда дорад, бояд либоси тоза пӯшад. Либосҳо, рӯйпӯшҳоро бо собун ё маводи шустушӯй шуста, дар офтоб хушк карда, либосҳоро дарзмол кардан лозим аст;

- дезинфексия намудани сатҳҳое, ки зуд-зуд ламс карда мешаванд, лозим мебошад. Нақшаи чорабиниҳои тозакунӣ ва безараргардонии ҳаррўза ва ҳафтаро вобаста ба ҷойгиршавӣ ва сатҳи ифлосшавӣ бояд муайян кард. Вақте ки дар оила одамони бемор ҳастанд, бояд хонаро зуд-зуд тоза кард;

- пешгирии муддати дароз дар як паҳлу хобидани бемор, кумак кардан ба ӯ дар гардиши мунтазам ё иваз кардани мавқеъ барои пешгирии пайдоиши захмҳои бистарӣ;

- ҳамаи аъзоёни оила бояд одоби нафаскаширо риоя кунанд. Ҳангоми сулфа ва атса кардан, бо қисми дарунии дастатон даҳонро пӯшонидан, на кафи даст ва ҳангоми сулфа даҳони худро бо рӯймол (беҳтараш) ё матоъ пӯшонидан. Ҳамеша рӯймолҳои истифодашударо бояд ба партовгоҳ партофт ва ҳар дафъа пас аз сулфа ва атса дасҳоро шуст;

- агар бемор дарунравӣ дошта бошад, ӯ бояд аз ҳоҷатхона ё тубак истифода барад ва пас аз ҳар як ихроҷ ва пеш аз хӯрок хӯрдан, тамос ё омода кардани хӯрок ва нӯшокиҳо дастҳои худро бо собун ва оби тозаю равон хуб бишӯяд;

- бистарро бо матои обногузар (клеёнка) пӯшонед, ки онро ба осонӣ дезинфексия кардан ва шустан мумкин аст;

-  боварӣ ҳосил кунед, ки бемор ҳама доруҳои таъиншударо саривақт мегирад;

- агар тамоси мустақим бо бофтаҳо, хун, моеъҳои бадан, секрет ё наҷосат имконпазир бошад, шахсе, ки беморро нигоҳубин мекунад, бояд дастпӯшак пӯшад, ки пас аз амалиёт онҳоро дуруст кашида нобуд кунад. Ҳатто агар дастпӯшак пӯшида шуда бошад ҳам, пеш аз пӯшидани дастпӯшакҳо ва пас аз кушодани онҳо дастҳо бояд шуста шаванд. Агар дастпӯшак мавҷуд набошад, ҳатто халтаҳои оддии пластикӣ (тоза ва хушк) аз сироят муҳофизат мекунанд;

- агар мӯйро гирифтан лозим бошад, онро натарошед - агар лозим бошад, мӯйро бо қайчӣ ба сатҳи пӯст наздиктар паст кунед, аммо тамомияти пӯстро вайрон накунед;

- ҳама гуна матоъ, рӯйпӯши пластикӣ ё либосе, ки бо хун, моеъҳои бадан, секретҳо ё наҷосат тамос гирифтаанд, бояд нест карда шаванд. Дар сурати зарурати такроран истифода бурдани онҳо, онҳоро дар маҳлули 0,5%-и хлор дар муддати 10 дақиқа безарар карда, бо собун ё маҳлули шустушӯй шуста, дар офтоб хушк кардан (либосро баъд дарзмол кардан лозим аст);

- сатҳи сахтро (матрасҳо, мизҳо), ки шояд бо хун, моеъҳои бадан, секрет ё наҷосат дар тамос бошанд, бо матои дар маҳлули 0,5%-и хлор таршуда пок кунед;

- агар ягон асбоб такроран истифода шавад (масалан, корд), онҳо бояд дар маҳлули хлори 0,5% дар давоми 10 дақиқа безарар карда шаванд, бо собун ё шустушӯй барои тоза кардани хун ва матоъ шуста шаванд ва 20 дақиқа ҷӯшонида шаванд;

- ҳама маводҳоеро, ки бо хун, моеъҳои бадан, секрет ё наҷосат дар тамос буданд, ба таври мувофиқ партоед, то онҳо ба оила ва ҷомеаи атроф таҳдид накунанд;

- усули беҳтарин сӯзондан ва гӯрондани тамоми маводҳое мебошад, ки бо хун, моеъҳои бадан, секрет ё наҷосат (сафеткаҳо, матоъҳо ё пластмассаҳо, дастпӯшҳо, теғҳо ва ғайра) тамос гирифтаанд.

- партовҳоро дар чуқури гӯрондан ва пурра бо хок пушондан лозим аст, то ки ба онҳо бачагон ва одамони дигар даст нарасонанд. Онҳо инчунин метавонанд ба чоҳи чуқури партовҳо партофта шаванд.

- Ҳангоми тоза кардани бино ё партофтани партовҳо бояд дастпӯшакҳо пӯшида шавад.

Риояи усулҳои зерин зимни нигоҳубини бемори дорои бемориҳои музмини сироятӣ хавфи гузариши бемориро ба маротиб кам карда, имкон фароҳам меорад, ки беморӣ ба дигар аъзои оила сироят накунад. Худ ва наздиконатонро аз гирифторӣ ба бемориҳои сироятӣ муҳофизат намоед, саломатии шумо пеш аз ҳама дар дасти худи шумост.

Исматилло Қуқанов,
директори Маркази назорати давлатии санитарию эпидемиологии шаҳри Гулистон

 

Шарҳ додан


Защитный код
Нав кардан

Сомонаҳои расмӣ



Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон


МИҲД вилояти Суғд


АМИТ "Ховар"

Эълонҳо

  • 1
  • 2
  • 3
  • 4
  • 5

Диққат! Озмун!

Диққат! Озмун!

Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Гулистон барои ишғоли мансабҳои холии маъмурии хизмати давлатӣ озмун эълон...

04 Дек 2024

ДИҚҚАТ! ОЗМУН!

ДИҚҚАТ! ОЗМУН!

Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Гулистон барои ишғоли мансабҳои холии маъмурии хизмати давлатӣ озмун эълон...

24 Апр 2024

Диққат! Озмун!

Диққат! Озмун!

Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Гулистон барои ишғоли мансабҳои холии маъмурии хизмати давлатӣ озмун эълон...

25 Апр 2022

Диққат! Озмун!

Диққат! Озмун!

Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Гулистон ба мансабҳои холии маъмурии хизмати давлатӣ озмун эълон менамояд ...

04 Ноя 2021

Боздошти гурӯҳи қочоқчиёни маводи мухаддир / Ахбори Точикистон

Боздошти гурӯҳи қочоқчиёни маводи мухаддир / Ахбори Точикистон   https://youtu.be/ZH0ryjEAOyE

28 Ноя 2019

Мо дар Фейсбук

Ташрифкунандагон


mod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_counter
mod_vvisit_counterИмрӯз:1820
mod_vvisit_counterРӯзи гузашта:2896
mod_vvisit_counterҲамин ҳафта:11754
mod_vvisit_counterҲафтаи гузашта:19444
mod_vvisit_counterҲамин моҳ:9875
mod_vvisit_counterМоҳи гузашта:68306
mod_vvisit_counterҲамагӣ:8754602

Райъпурсӣ

Сомона чи хел аст?