Матни равон

Санаи 31.07.2025 тибқи нақшаи омӯзиши вазъи корҳо вобаста ба пешгирии равандҳои номатлуби ҷаҳони муосир, муқовимат ба экстремизм ва терроризм, тарғибу ташвиқи суннат ва фарҳанги миллӣ, ҳифз ва гиромидошти арзишҳои даврони истиқлоли давлатӣ дар шаҳру ноҳияҳои вилоят вобаста ба дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати милӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар маҷлиси васеи КИМ ҲХДТ аз 17-уми июли соли 2025, инчунин рафти иҷрои нақшаҳои муштараки корҳои идеологӣ аз рӯйи усули “деҳа ба деҳа” ва “маҳалла ба маҳалла” аз ҷониби гурӯҳи кории Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд, ки аз ҷониби Раиси вилояти Суғд Раҷаб Аҳмадзода аз 21.07.2025 тасдиқ гардидааст, гурӯҳи кории вилоятӣ бо роҳбарии муовини Раиси вилоят Зуфар Исмоилзода ба шаҳри Гулистон ташриф овард.

Гурӯҳи корӣ вазъи корҳоро дар самти пешгирии равандҳои номатлуби ҷаҳони муосир, муқовимат ба экстремизм ва терроризм, тарғибу ташвиқи суннат ва фарҳанги миллӣ, ҳифз ва гиромидошти арзишҳои даврони истиқлоли давлатӣ ва рафти иҷрои нақшаи муштараки сохторҳои дахлдори шаҳри Гулистон вобаста ба тақвияти корҳои идеологӣ, тарғиботиву фаҳмондадиҳӣ бо сокинони деҳаю маҳаллаҳо барои давраи аз 1-уми июл то 31-уми декабри соли 2025 дар Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Гулистон, бахши кор бо ҷавонон ва варзиши шаҳр, бахши дин, танзими ҷашну маросим, шуъбаи Агентии меҳнат ва шуғли аҳолӣ дар шаҳри Гулистон, Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар шаҳри Гулистон, шуъбаи Гулистони РКДАМ Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вилояти Суғд, комиссариати ҳарбии шаҳр ва фаъолияти ҷамоати шаҳракҳои Сирдарё, Адрасмон, Консой ва Чоруқдаррон мавриди омӯзиш қарор дод.

Баъди нисфирӯзӣ дар толори хурди Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Гулистон ҷаласаи машваратии гурӯҳи корӣ бо иштироки Раиси шаҳри Гулистон Илҳом Пӯлотзода ва муовини Раиси вилояти Суғд Зуфар Исмоилзода баргузор гардид.

Дар ҷаласаи машваратӣ инчунин, аъзои гурӯҳи кории вилоятӣ, муовинони Раиси шаҳр, сардори шуъбаи Гулистони РКДАМ Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вилояти Суғд, муовини сардори ШВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳр, комиссари ҳарбии шаҳр, мудирони шуъбаву бахшҳо, раисони ҷамоати шаҳракҳо ва дигар масъулин иштирок доштанд.

Масъулини гурӯҳи кории вилоятӣ аз натиҷаи вазъи омӯзишӣ корҳо дар сохторҳои шаҳри Гулистон гузориш манзур намуданд.

Муовини Раиси вилояти Суғд Зуфар Исмоилзода пас аз ироаи гузоришҳо доир ба тақвияти фаъолияти сохторҳои дахлдори шаҳри Гулистон, пешгирии равандҳои номатлуби ҷаҳони муосир, муқовимат ба экстремизм ва терроризм, тарғибу ташвиқи суннат ва фарҳанги миллӣ, ҳифз ва гиромидошти арзишҳои даврони истиқлоли давлатӣ, мунтазам ба роҳ мондани вохӯриҳо тибқи нақшаи муштарак аз рӯйи усули "деҳа ба деҳа" ва "маҳалла ба маҳалла" ва пас аз шуруи соли нави хониш аз рӯйи усули "мактаб ба мактаб" ва "факултет ба факултет", вохӯриҳо бо усули "масҷид ба масҷид", истифодаи самараноки заминҳои наздиҳавлегӣ, захираи ғизои дусола, омодагӣ ба даъвати тирамоҳии ҳарбӣ, таваҷҷуҳ ба рушди соҳаи варзиш, иҷрои барномаҳои давлатӣ, иҷрои нақшаи "Обуна-2026", риояи талаботи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи танзими ҷашну маросим дар Ҷумҳурии Тоҷикистон", тақвияти корҳои ҳуҷҷатнигорӣ, ҷалби кадрҳои соҳибтахассус, тақвияти корҳои созандагиву бунёдкорӣ ба истиқболи Ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатӣ ва иҷрои дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати милӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар маҷлиси васеи КИМ ҲХДТ аз 17-уми июли соли 2025 ба масъулин тавсия ва супоришҳо дод.

Раиси шаҳри Гулистон Илҳом Пӯлотзода изҳори итминон дошт, ки масъулини сохторҳои дахлдори шаҳри Гулистон тавсияҳои гурӯҳи кориро дар амал татбиқ намуда, ҷиҳати тақвияти корҳо дар самтҳои марбута минбаъд низ саъю талош менамоянд.

 

Шарҳ додан


Защитный код
Нав кардан

Сомонаҳои расмӣ



Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон


МИҲД вилояти Суғд


АМИТ "Ховар"

Эълонҳо

  • 1
  • 2
  • 3
  • 4
  • 5

Диққат! Озмун!

Диққат! Озмун!

Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Гулистон барои ишғоли мансабҳои холии маъмурии хизмати давлатӣ озмун эълон...

04 Дек 2024

ДИҚҚАТ! ОЗМУН!

ДИҚҚАТ! ОЗМУН!

Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Гулистон барои ишғоли мансабҳои холии маъмурии хизмати давлатӣ озмун эълон...

24 Апр 2024

Диққат! Озмун!

Диққат! Озмун!

Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Гулистон барои ишғоли мансабҳои холии маъмурии хизмати давлатӣ озмун эълон...

25 Апр 2022

Диққат! Озмун!

Диққат! Озмун!

Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Гулистон ба мансабҳои холии маъмурии хизмати давлатӣ озмун эълон менамояд ...

04 Ноя 2021

Боздошти гурӯҳи қочоқчиёни маводи мухаддир / Ахбори Точикистон

Боздошти гурӯҳи қочоқчиёни маводи мухаддир / Ахбори Точикистон   https://youtu.be/ZH0ryjEAOyE

28 Ноя 2019

Мо дар Фейсбук

Ташрифкунандагон


mod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_counter
mod_vvisit_counterИмрӯз:994
mod_vvisit_counterРӯзи гузашта:1712
mod_vvisit_counterҲамин ҳафта:13683
mod_vvisit_counterҲафтаи гузашта:14256
mod_vvisit_counterҲамин моҳ:4451
mod_vvisit_counterМоҳи гузашта:81967
mod_vvisit_counterҲамагӣ:8831145

Райъпурсӣ

Сомона чи хел аст?