Матни равон

Санаи 06.08.2025 дар толори хурди Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Гулистон ҷаласаи кории назди Раиси шаҳр доир ба иҷрои қарори Раиси шаҳри Гулистон аз 9-уми июни соли 2025, №153 «Дар бораи гузаронидани омӯзиши пеш аз даъватӣ ва омода намудани шаҳрвандони солҳои таваллудашон 1998-2007 ба хизмати ҳарбӣ дар даъвати тирамоҳии соли 2025» баргузор гардид.

Дар ҷаласаи мазкур муовини раиси шаҳр – раиси комиссияи даъват, роҳбарони мақомотҳои ҳифзи ҳуқуқи шаҳр, мудирони шуъбаву бахшҳо, роҳбарони воҳидҳои сохтории мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр, расиони ҷамоати шаҳракҳо, маҳаллаҳо, комиссари ҳарбӣ ва масъулини комиссариати ҳарбии шаҳр иштирок доштанд.

Ҷаласаи кориро Раиси шаҳри Гулистон Илҳом Пӯлотзода оғоз намуд.

Комиссари ҳарбии шаҳр Фитрат Раҳмонзода доир ба иҷрои қарори Раиси шаҳри Гулистон аз 9-уми июни соли 2025, №153 «Дар бораи гузаронидани омӯзиши пеш аз даъватӣ ва омода намудани шаҳрвандони солҳои таваллудашон 1998-2007 ба хизмати ҳарбӣ дар даъвати тирамоҳии соли 2025» гузориш манзур намуд.

Зикр карда шуд, ки ҷиҳати иҷрои қарори мазкур омӯзиши пешаздаъватӣ дар ҷамоати шаҳракҳо ва маркази шаҳр ба роҳ монда шуда, барои сафарбарӣ ба даъвати тирамоҳӣ омодагиҳо дар сатҳи зарурӣ дида шуда истодааст. Тибқи нақша ҷиҳати омӯзиши курси ронандагӣ дар Ташкилоти ҷамъиятии “Мададгори мудофиа”, ки бояд 45 нафар фаро гирифта шавад, дар айни замон 36 нафар омода мебошанд.

Сипас, Раиси шаҳри Гулистон Илҳом Пӯлотзода аз раисони ҷамоати шаҳракҳо, раисони маҳаллаҳо, масъулини комиссариати ҳарбӣ ва раиси комиссияи даъват доир ба вазъи корҳои омӯзиши пешаздаъватӣ пурсиш ба амал овард.

Баъдан ба комиссари ҳарбӣ, раисони ҷамоати шаҳракҳо, сардорони мизи бақайдгирии ҳарбии ҷамоати шаҳракҳо, шуъбаи рушди иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеа, бахшҳои дин, танзими ҷашну маросим, занон ва оила, кор бо ҷавонон ва варзиш, КИ ҲХДТ дар шаҳр ва собиқадорону фаъолон ҷиҳати ба роҳ мондани корҳои тарғиботиву фаҳмондадиҳӣ ва ҷалби даъватшавандагон ба сафи Қувваҳои мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон супоришҳо дода шуд.

Масъулин барои пеш аз муҳлат иҷро намудани нақшаи даъвати тирамоҳии ҳарбӣ муваззаф гардиданд.

 

Шарҳ додан


Защитный код
Нав кардан

Сомонаҳои расмӣ



Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон


МИҲД вилояти Суғд


АМИТ "Ховар"

Эълонҳо

  • 1
  • 2
  • 3
  • 4
  • 5

Диққат! Озмун!

Диққат! Озмун!

Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Гулистон барои ишғоли мансабҳои холии маъмурии хизмати давлатӣ озмун эълон...

04 Дек 2024

ДИҚҚАТ! ОЗМУН!

ДИҚҚАТ! ОЗМУН!

Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Гулистон барои ишғоли мансабҳои холии маъмурии хизмати давлатӣ озмун эълон...

24 Апр 2024

Диққат! Озмун!

Диққат! Озмун!

Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Гулистон барои ишғоли мансабҳои холии маъмурии хизмати давлатӣ озмун эълон...

25 Апр 2022

Диққат! Озмун!

Диққат! Озмун!

Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Гулистон ба мансабҳои холии маъмурии хизмати давлатӣ озмун эълон менамояд ...

04 Ноя 2021

Боздошти гурӯҳи қочоқчиёни маводи мухаддир / Ахбори Точикистон

Боздошти гурӯҳи қочоқчиёни маводи мухаддир / Ахбори Точикистон   https://youtu.be/ZH0ryjEAOyE

28 Ноя 2019

Мо дар Фейсбук

Ташрифкунандагон


mod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_counter
mod_vvisit_counterИмрӯз:2347
mod_vvisit_counterРӯзи гузашта:2257
mod_vvisit_counterҲамин ҳафта:6844
mod_vvisit_counterҲафтаи гузашта:13923
mod_vvisit_counterҲамин моҳ:41872
mod_vvisit_counterМоҳи гузашта:81967
mod_vvisit_counterҲамагӣ:8868566

Райъпурсӣ

Сомона чи хел аст?