18 Август 2025
Ҷиҳати ба таври шоиста истиқбол намудани 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар доираи нақша чорабиниҳо оид ба корҳои бунёдкориву ободонӣ бо дастгирии Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Гулистон бинои маъмурии Шуъбаи Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Гулистон таъмир карда шуд. Дар доираи корҳои таъмирӣ намои берунаи бино, дохили бино пурра рангу бор карда шуда, роҳравҳо ва зинаҳои дохили бино сангфарш карда шуда, маҷлсигоҳи калони шуъба низ таъмир гардид.
Ҳамчунин, толори варзишии Шуъбаи Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Гулистон аз нав таъмир карда шуда, барои боз ҳам беҳтар намудани шароити машқу тамрини кормандон бо дастгирии сардори шуъба Мирзоватан Раҳимзода як қатор таҷҳизоти нав ворид карда шуд. Толори варзишии шуъба дар беҳтарин шакл барои ба обу тоби бадан машғул гардидани кормандон қарор дорад.
Инчунин, таваққуфгоҳи шуъбачаи БДА шуъбаи ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳр дар ҳаҷми 300 метри мураббаъ мумфарш карда шуд.
Кормандони Шуъбаи Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Гулистон бо дасту дилу нияти пок, содиқона барои халқу Ватан фаъолияти пурсамар дошта, дар таъмини тартиботи ҷамъиятӣ, пешгирии ҷинояткорӣ саҳми арзанда гузошта, дар ошкор намудани ҷиноятҳои содиршуда ва дигар вазифаҳои хизматӣ садоқатмандона талош доранд.