18 Август 2025
Тибқи нақшаи муштараки сохторҳои дахлдори шаҳри Гулистон бо мақсади иҷрои дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ки дар маҷлиси васеи КИМ ҲХДТ дар санаи 17-уми июли соли ҷорӣ таъкид гардида буд, гурӯҳи кории таблиғотии шаҳр дар Ҷамоати шаҳраки Чоруқдаррон бо усули "Хона ба хона" аз заминҳои наздиҳавлигии як қатор сокинон дидан карда, бо онҳо бевосита суҳбат намуданд.
Муовини Раиси шаҳри Гулистон Шарифҷон Саидраҳмон ва Раиси КИ ҲХДТ дар шаҳри Гулистон Бахтиёр Каримов зимни суҳбат бо сокинон доир ба исфтифодаи дурусту самараноки заминҳои наздиҳавлигӣ таъкид намуда, изҳор доштанд, ки яке аз воситаҳои муҳими таъмини зиндагии шоистаи ҳар сокини мамлакат истифодаи оқилонаи замин буда, инчунин заминаи хуби захирасозии маҳсулоти ғизоӣ барои фасли зимистон мебошад.
Ба сокинон аз таъкидҳои пайвастаи Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон доир ба захираи ғизои дусола дар ҳар як оила, истифодаи оқилонаи замин, рӯёнидани ду-се ҳосил аз заминҳои корам ва тозаву озодаву обод намудани хонаву дар ёдоварӣ карда шуд.