Матни равон

Бегоҳии рӯзи 9-уми сентябри соли 2025 дар Майдони Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Гулистон чорабинии тантанавӣ бахшида ба 34-умин солгарди Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо шукуҳу шаҳомат хос баргузор гардид.

Дар чорабинии мазкур намояндаи ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, роҳбари гурӯҳи корӣ, директори Агентии таъминоти амволи махсуси назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Савзаалӣ Назирзода, сардори Раёсати рушди иқтисод, саводо ва мониторинги Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд Ҳакимҷон Ҳакимзода ва Раиси шаҳри Гулистон Илҳом Пӯлотзода иштирок намуданд.

Нахуст, роҳбари гурӯҳи корӣ, директори Агентии таъминоти амволи махсуси назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Савзаалӣ Назирзода сокинони шаҳри Гулистонро аз номи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ифтихори 34-умин солгарди Рӯзи Истиқлоли давлатии кишвар муборакбод гуфт.

Инчунин, сардори Раёсати рушди иқтисод, саводо ва мониторинги Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд Ҳакимҷон Ҳакимзода паёми табрикотии Раиси вилояти Суғд Раҷаб Аҳмадзодаро ба самъи сокинон расонид.

Дар идома Раиси шаҳри Гулистон Илҳом Пӯлотзода сокинони шаҳрро ба ин муносибат муборакбод намуд. Зикр карда шуд, ки Ватани маҳбуби мо – Тоҷикистони соҳибистиқлол 34 сол аст, ки чун узви комилҳуқуқи ҷомеаи ҷаҳонӣ арзи ҳастӣ дорад. Бо шарофати Истиқлолияти давлатӣ ва бо сарварии хирадмандонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ки нерумандтарин муҳофизи истиқлоли кишвар мебошанд, мардуми Тоҷикистон озодона, дар фазои сулҳу ваҳдат бо сари баланд зиндагӣ ва меҳнат мекунанд.

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зикр намудаанд, ки: “Истиқлоли давлатӣ барои мардуми мо имконияти нодири таърихӣ фароҳам овард, ки зери парчами миллии худ муттаҳид шуда, бо заҳмати аҳлонаву бунёдкорона бисёр мушкилоту монеаҳои сахту сангинро паси сар намоянд ва кишвари маҳбубамонро ба марҳалаи рушди устувори иқтисодиву иҷтимоӣ расонанд”.

Дар воқеъ Истиқлол ба мо имконияти таърихие фароҳам овард, ки Ватани худро соҳибӣ кунем, давлатдории миллии худро барпо намоем, суннату арзишҳои миллиамонро эҳё созем, ормонҳои деринаи халқамонро амалӣ гардонем ва зиндагии озодонаи мардумамонро ба роҳ монем.

Лозим ба зикр аст, ки шаҳри Гулистон дар зарфи 34 соли Истиқлоли давлатӣ ба яке аз марказҳои азими саноатї ва сайёњии вилояту ҷумҳурӣ мубаддал гардида, дар пешрафти, махсусан соҳаи саноати кӯҳии кишвар нақши бориз ва арзандаи худро гузошта истодааст. Имрӯз мардуми сарбаланди шаҳри Гулистон хуб дарк мекунанд, ки истиқлолият ва озодӣ арзиши нахустин ва бисёр азизу муқаддас дар ҳаёти ҳар як шахси огоҳу бонангу номус ва шарти муҳимтарини зиндагии шоистаи ҳар як фарди Ватан мебошад.

Ба истиқболи Ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатӣ тибқи нақшаи чорабиниҳо дар шаҳри Гулистон то имрӯз 213 адад иншоот мавриди истифода қарор дода шуд, ки 76,0 фоизи нақшаро дар бар мегирад.

Хушбахтона дар ин давра бо иштироки бевоситаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳр беш аз 15 иншооти ҷашнӣ мавриди истифода қарор дода шуд.

Изҳори итминон карда шуд, ки сокинони шаҳри Гулистон бо таҷлили ин санаи фархунда бори дигар барои тақвияти корҳои бунёдкориву созандагӣ дар шаҳр якҷоя камари ҳиммат баста, то ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатӣ нақшаҳои дар пеш доштаи худро пурра амалӣ мегардонанд.

Сипас аз ҷониби санъаткорони шинохтаи кишвар, вилоят ва шаҳр барномаи рангини фарҳангӣ манзури иштирокдорон карда шуд.

 

Шарҳ додан


Защитный код
Нав кардан

Сомонаҳои расмӣ



Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон


МИҲД вилояти Суғд


АМИТ "Ховар"

Эълонҳо

  • 1
  • 2
  • 3
  • 4
  • 5

Диққат! Озмун!

Диққат! Озмун!

Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Гулистон барои ишғоли мансабҳои холии маъмурии хизмати давлатӣ озмун эълон...

04 Дек 2024

ДИҚҚАТ! ОЗМУН!

ДИҚҚАТ! ОЗМУН!

Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Гулистон барои ишғоли мансабҳои холии маъмурии хизмати давлатӣ озмун эълон...

24 Апр 2024

Диққат! Озмун!

Диққат! Озмун!

Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Гулистон барои ишғоли мансабҳои холии маъмурии хизмати давлатӣ озмун эълон...

25 Апр 2022

Диққат! Озмун!

Диққат! Озмун!

Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Гулистон ба мансабҳои холии маъмурии хизмати давлатӣ озмун эълон менамояд ...

04 Ноя 2021

Боздошти гурӯҳи қочоқчиёни маводи мухаддир / Ахбори Точикистон

Боздошти гурӯҳи қочоқчиёни маводи мухаддир / Ахбори Точикистон   https://youtu.be/ZH0ryjEAOyE

28 Ноя 2019

Мо дар Фейсбук

Ташрифкунандагон


mod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_counter
mod_vvisit_counterИмрӯз:2652
mod_vvisit_counterРӯзи гузашта:2182
mod_vvisit_counterҲамин ҳафта:7789
mod_vvisit_counterҲафтаи гузашта:12824
mod_vvisit_counterҲамин моҳ:20613
mod_vvisit_counterМоҳи гузашта:73368
mod_vvisit_counterҲамагӣ:8920675

Райъпурсӣ

Сомона чи хел аст?