02 Октябр 2025
Имрӯз, 02.10.2025 дар толори КВД “Экпедитсияи комплекси геологии Қайроққум” тибқи ҷадвали тасдиқгардидаи Раиси вилоят, Раиси Маҷлиси вакилони халқи вилояти Суғд Раҷаб Аҳмадзода аз 25-уми сентябри соли 2025 вохӯрии вакили Маҷлиси вакилони халқи вилояти Суғд аз ҳавзаи интихоботии Қайроққум №15 Илҳом Пӯлотзода бо интихобкунандагони ҷамоати шаҳраки Сирдарё баргузор карда шуд.
Илҳом Пӯлотзода Раиси шаҳр зимни суханронӣ таъкид намуд, ки давоми соли ҷорӣ дар натиҷаи фаъолияти дастаҷамъона ва иҷрои дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати милӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ҳамаи соҳаҳои хоҷагии халқи шаҳр ба дастовардҳои назаррас ноил гардида истодаем.
Таъкид гардид, ки дар соли ҷорӣ баҳри истиқболи сазовори ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатӣ дар шаҳр 56 иншоот ба нақша гирифта шуда, 45 адад ба истифода дода шуд ва 6 иншооти дигар корҳо дар марҳилаи анҷомёбӣ қарор дошта 5 иншооти дигар то охири сол ба истифода дода мешавад. Дар маҷмуъ дар шаҳр 280 иншоот ба нақша гирифта шуда, то имрӯз наздик ба 80% нақша иҷро карда шудааст.
Ҳамчунин доир ба корҳои ободониву созандагӣ дар шаҳр, дастгирӣ ва рушди соҳаҳои иҷтимоӣ, тозаву озода нигоҳ доштани шаҳр, сафарбарии ҷавонон ба сафи Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон, самаранок истифода бурдани неруи барқ, омодагии ҳамаҷониба ба давраи тирамоҳу зимистони солҳои 2025-2026, дастгирии қисми ниёзманди ҷомеа таъкид карда шуд.
Дар фарҷом аз ҷониби сокинон суолу пешниҳодҳо манзур карда шуда, мубодилаи афкор сурат гирифт.