Матни равон

Имрӯз, 3-юми октябри соли 2025 бахшида ба Рӯзи забони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва иди касбии Рӯзи омӯзгорон дар Кохи фарҳангии “Истиқлол”-и маркази шаҳри Гулистон ҷамъомади ботантана бо иштироки омӯзгорон, намояндагони ҷамоати шаҳракҳо, корхонаву муассиса ва ташкилотҳо баргузор гардид.

Бо садо додани Суруди миллӣ чорабинии ботантана оғоз гардид.

Раиси шаҳри Гулистон Илҳом Пӯлотзода ҳамагонро бо таҷлили Рӯзи забони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Рӯзи омӯзгорон табрик намуд. Намояндаи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд Фирӯза Абдувоҳидзода паёми табрикотии Раиси вилоятро ба самъи иштирокдорон расонид.

Зикр гардид, ки масъалаи густариши забон ҳамчун яке аз рукнҳои асосии давлатдорӣ ва муқаддасот ҳамеша дар маркази таваҷҷуҳи давлати мо қарор дорад.

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон забони миллӣ ва ташаккули пайвастаи онро дар мақоми давлатӣ муҳимтарин рамз ва рукни истиқлолияти давлатӣ ва сиёсии мо арзёбӣ намуда, таъкид кардаанд, ки: “Ҳамаи мо бояд дар хотир дошта бошем, ки забони тоҷикӣ дар ҳама даврони таърихи тӯлонии халқамон нишонаи гӯёи ҳастии мо ва омили муҳимтарини ҳифзи мероси камназиру гаронмояи аҷдоди некному хирадмандамон будааст. Ин забон забони сулҳу дӯстӣ, меҳру муҳаббат ва садоқату бародарист. Гузаштагони мо низ забони хешро маҳз бо ҳамин сифатҳои олии он ситоиш кардаанд”.

Инчунин, зикр карда шуд, ки касби омӯзгорӣ, фаъолияти ҳамарӯзаи муаллими ҳақиқӣ ва заҳматҳои пайвастааш дар роҳи таълиму тарбияи насли наврас, тайёр кардани мутахассисон ва маърифатноксозии мардум сазовори иззату эҳтиром мебошад. Омӯзгор машъали фурӯзон аст, ки тинати мардумро нур мебахшад.

Нақши омӯзгор, махсусан дар даврони соҳибистиқлоли кишварамон ба маротиб афзуд.

Дар замони соҳибистиқлолӣ дар соҳаи маориф ҷиҳати бунёди муассисаҳои нави таълимӣ ва таҷдиду барқароркунии муассисаҳои таълимӣ дигаргуниҳои зиёде ба амал омад.

Хушбахтона, дар даврони соҳибихтиёрӣ омӯзгорони мо рисолати таърихии худро сарбаландона идома дода, дар эъмори давлати демократӣ, ҳуқуқбунёд, дунявӣ, ягона ва пойдории сулҳу ваҳдат ва худшиносии миллӣ, таълими илму фан ва тарбияи ватандӯстии насли навраси Гулистон чун созандагони ҷомеаи навин нақши босазо гузошта истодаанд.

Дар вазъи тантанавӣ ба як қатор омӯзгорон нишони сарисинагии “Аълочии маорифи Тоҷикистон” сипоснома ва туҳфаҳои мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр, Раёсати маорифи вилояти Суғд ва шуъбаи маорифи шаҳр супорида шуданд. Ҳамчунин, ба собиқадорони соҳа туҳфаҳои хотиравӣ тақдим гардид.

Дар охир барномаи марғуби консертии санъаткорон манзури иштирокчиён гардид.

Шарҳ додан


Защитный код
Нав кардан

Сомонаҳои расмӣ



Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон


МИҲД вилояти Суғд


АМИТ "Ховар"

Эълонҳо

  • 1
  • 2
  • 3
  • 4
  • 5

Диққат! Озмун!

Диққат! Озмун!

Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Гулистон барои ишғоли мансабҳои холии маъмурии хизмати давлатӣ озмун эълон...

10 Сен 2025

Диққат! Озмун!

Диққат! Озмун!

Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Гулистон барои ишғоли мансабҳои холии маъмурии хизмати давлатӣ озмун эълон...

04 Дек 2024

ДИҚҚАТ! ОЗМУН!

ДИҚҚАТ! ОЗМУН!

Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Гулистон барои ишғоли мансабҳои холии маъмурии хизмати давлатӣ озмун эълон...

24 Апр 2024

Диққат! Озмун!

Диққат! Озмун!

Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Гулистон барои ишғоли мансабҳои холии маъмурии хизмати давлатӣ озмун эълон...

25 Апр 2022

Диққат! Озмун!

Диққат! Озмун!

Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Гулистон ба мансабҳои холии маъмурии хизмати давлатӣ озмун эълон менамояд ...

04 Ноя 2021

Мо дар Фейсбук

Ташрифкунандагон


mod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_counter
mod_vvisit_counterИмрӯз:541
mod_vvisit_counterРӯзи гузашта:3103
mod_vvisit_counterҲамин ҳафта:541
mod_vvisit_counterҲафтаи гузашта:17912
mod_vvisit_counterҲамин моҳ:14304
mod_vvisit_counterМоҳи гузашта:79170
mod_vvisit_counterҲамагӣ:8993537

Райъпурсӣ

Сомона чи хел аст?