Матни равон

Санаи 22 октябри соли 2025 дар толори Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Гулистон ҷаласаи Шӯрои ҳамоҳангсозии фаъолияти мақомоти ҳифзи ҳуқуқи шаҳр баргузор гардид. Дар ҷаласаи Шӯро прокурори шаҳр, Раиси Шӯро Вазирзода Вазир Зокир ва ҳамаи аъзоёни Шӯро роҳбарони мақомоти ҳифзи ҳуқуқи шаҳр иштирок намуданд.

Ба ҷаласаи Шӯро муовини якуми Раиси шаҳр, роҳбари дастгоҳи Раиси шаҳр, раиси кумитаи идораи замин, директор ва кормандони КДФ “Бақайдгирии молу мулки ғайриманқул” дар шаҳр, мудирони шуъбаю бахшҳо ва роҳбарони воҳидҳои сохтории мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр, раисони ҷамоати шаҳракҳо, сардорони шуъбачаҳои милитсияи ҷамоатҳо ва минтақаи осоишгоҳ, нозирони минтақавии милитсия ва дигар шахсони масъул даъват шуда буданд, иштирок намуданд.

Дар ҷаласа тибқи рӯзнома ҳолати иҷрои қонунгузории замин ва пешгирии қонунвайронкуниҳо дар самти замин мавриди баррасӣ ва муҳокима қарор дода шуд.

Доир ба масъалаи баррасишаванда ахбороти муфаттиши калони прокуратураи шаҳри Гулистон, ҳуқуқшиноси дараҷаи 2 Раҳматуллозода Шамсулло Раҳматулло шунида шуда, мавриди муҳокима қарор дода шуд.

Раиси Шӯро, прокурори шаҳр Вазирзода В.З. баҳри бартараф намудани камбудиҳои ҷой дошта, ба раиси кумитаи идораи замини шаҳр ва дигар масъулони соҳаи назорати истифодаи замин ҷиҳати пешгирии қонунвайронкуниҳои замин ва назорати самараноку оқилона истифода бурдани заминҳои шаҳр супоришҳои мушаххас дод.

Таъкид гардид, ки дар ҷамоатҳо, махсусан дар Ҷамоати шаҳраки Адрасмон ҷиҳати пешгирии аз тарафи шаҳрвандон худсарона ишғол намудани қитъаҳои замин ва пешгирии ҳолатҳои ғайриқонунӣ додани замин гузаронидани корҳои фаҳмондадҳӣ бетаъхир гузоштани муҳлат амалӣ карда шаванд. Чунки сол аз сол чунин ҷиноятҳо зиёд гардида истодааст.

 

Шарҳ додан


Защитный код
Нав кардан

Сомонаҳои расмӣ



Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон


МИҲД вилояти Суғд


АМИТ "Ховар"

Эълонҳо

  • 1
  • 2
  • 3
  • 4
  • 5

Диққат! Озмун!

Диққат! Озмун!

Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Гулистон барои ишғоли мансабҳои холии маъмурии хизмати давлатӣ озмун эълон...

10 Сен 2025

Диққат! Озмун!

Диққат! Озмун!

Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Гулистон барои ишғоли мансабҳои холии маъмурии хизмати давлатӣ озмун эълон...

04 Дек 2024

ДИҚҚАТ! ОЗМУН!

ДИҚҚАТ! ОЗМУН!

Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Гулистон барои ишғоли мансабҳои холии маъмурии хизмати давлатӣ озмун эълон...

24 Апр 2024

Диққат! Озмун!

Диққат! Озмун!

Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Гулистон барои ишғоли мансабҳои холии маъмурии хизмати давлатӣ озмун эълон...

25 Апр 2022

Диққат! Озмун!

Диққат! Озмун!

Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Гулистон ба мансабҳои холии маъмурии хизмати давлатӣ озмун эълон менамояд ...

04 Ноя 2021

Мо дар Фейсбук

Ташрифкунандагон


mod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_counter
mod_vvisit_counterИмрӯз:162
mod_vvisit_counterРӯзи гузашта:2135
mod_vvisit_counterҲамин ҳафта:7893
mod_vvisit_counterҲафтаи гузашта:12799
mod_vvisit_counterҲамин моҳ:48563
mod_vvisit_counterМоҳи гузашта:79170
mod_vvisit_counterҲамагӣ:9027796

Райъпурсӣ

Сомона чи хел аст?