Матни равон

Раиси вилояти Суғд Раҷаб Аҳмадзода дар шаҳри Гулистон бо раванди бунёд ва навсозии як қатор иншооти истеҳсоливу иҷтимоӣ шинос шуд.

Тибқи иттилои масъулин дар шаҳри Гулистон аз ҷониби соҳибкорони ватанӣ сохтмони корхонаи истеҳсоли зарфҳои алюминӣ ва пластикӣ, инчунин коргоҳи истеҳсоли рангҳои сохтмонии ҶДММ “Тиглат” идома дорад. Корхона дорои се сехи истеҳсолӣ мебошад. Дар сехи зарфҳои алюминӣ ва пластикӣ ҳафт намуд маҳсулот, дар сехи истеҳсоли рангҳои сохтмонӣ то 12 намуд ранг ва дар сехи сеюм хокаи ороишиву пардоздиҳӣ истеҳсол карда мешавад.

Дар дохили корхона инчунин анборҳои нигоҳдории маҳсулот ва сехҳои ёрирасон бунёд ёфтаанд. Таҷҳизоти коргоҳ аз Ҷумҳурии мардумии Чин ва Ҷумҳурии Туркия ворид гардида, истеҳсолот мутобиқ ба талабот ва меъёрҳои байналмилалӣ ба роҳ монда мешавад.

Ҳамзамон, дар шаҳри Гулистон бо саҳми соҳибкорони маҳаллӣ корхонаи истеҳсоли газаблок низ бунёд гардида истодааст. Дар иншоот корҳои сохтмонӣ ба поён расида, дастгоҳу таҷҳизоти муосир насб шудааст. Иқтидори истеҳсолии корхона то 3000 метри мукааб газаблок дар як моҳро ташкил дода, бо ба фаъолият оғоз кардани он 25 нафар сокинони маҳаллӣ бо ҷои кори доимӣ таъмин хоҳанд шуд.

Бо мақсади беҳтар гардондани хизматрасонии тиббӣ дар шаҳр корҳои таъмиру таҷдиди пурраи бинои КАТС-и шаҳри Гулистон низ идома дорад. Бинои сеошёна бо маблағгузории мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр пурра навсозӣ шуда, корҳои сохтмонӣ аз ҷониби ҶДММ “Некқадами Хуҷанд” амалӣ гардида истодааст.

Зимни сафари корӣ Раиси вилоят инчунин бо ҷараёни татбиқи лоиҳаи таҷдиди Неругоҳи барқи обии “Қайроққум” шинос гардид. Ин лоиҳа бо дастгирии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва шарикони рушд аз соли 2019 оғоз ёфта, то имрӯз қисми зиёди корҳо ба анҷом расидаанд. Барои татбиқи лоиҳа беш аз 300 нафар мутахассисони ватанӣ ва хориҷӣ фаъолият доранд. Пас аз анҷоми пурраи корҳо иқтидори истеҳсолии неругоҳ аз 126 мегават то 174 мегават расонида мешавад.

Раиси вилояти Суғд Раҷаб Аҳмадзода зимни боздид аз корҳои сохтмонӣ таъкид дошт, ки татбиқи чунин лоиҳаҳои саноативу энергетикӣ барои рушди иқтисодиёт, таҳкими иқтидори энергетикӣ ва фароҳам овардани ҷойҳои нави корӣ дар минтақа аҳамияти калон дорад.

 

 

Шарҳ додан


Защитный код
Нав кардан

Сомонаҳои расмӣ



Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон


МИҲД вилояти Суғд


АМИТ "Ховар"

Эълонҳо

  • 1
  • 2
  • 3
  • 4
  • 5

Диққат! Озмун!

Диққат! Озмун!

Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Гулистон барои ишғоли мансабҳои холии маъмурии хизмати давлатӣ озмун эълон...

10 Сен 2025

Диққат! Озмун!

Диққат! Озмун!

Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Гулистон барои ишғоли мансабҳои холии маъмурии хизмати давлатӣ озмун эълон...

04 Дек 2024

ДИҚҚАТ! ОЗМУН!

ДИҚҚАТ! ОЗМУН!

Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Гулистон барои ишғоли мансабҳои холии маъмурии хизмати давлатӣ озмун эълон...

24 Апр 2024

Диққат! Озмун!

Диққат! Озмун!

Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Гулистон барои ишғоли мансабҳои холии маъмурии хизмати давлатӣ озмун эълон...

25 Апр 2022

Диққат! Озмун!

Диққат! Озмун!

Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Гулистон ба мансабҳои холии маъмурии хизмати давлатӣ озмун эълон менамояд ...

04 Ноя 2021

Мо дар Фейсбук

Ташрифкунандагон


mod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_counter
mod_vvisit_counterИмрӯз:2103
mod_vvisit_counterРӯзи гузашта:1874
mod_vvisit_counterҲамин ҳафта:5899
mod_vvisit_counterҲафтаи гузашта:14358
mod_vvisit_counterҲамин моҳ:24026
mod_vvisit_counterМоҳи гузашта:72018
mod_vvisit_counterҲамагӣ:9075277

Райъпурсӣ

Сомона чи хел аст?