24 Октябр 2025
Бо мақсади амалӣ намудани дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва дар асоси нақшаи чорабиниҳои Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Гулистон 24 октябри соли 2025 дар толори МТМУ №6-и Ҷамоати шаҳраки Зарнисори шаҳри Гулистон бо омӯзгорон ва хонандагони синфҳои болоӣ мулоқот доир гардид.
Дар кори мулоқот мудири бахши кор бо ҷавонон ва варзиши шаҳр - Аҳлиддин Абдураҳмонов, намояндаи мудири шуъбаи маориф - Ғаниев Фирӯз, нозири калони шуъбачаи кор бо ноболиғон ва ҷавонони ШВКД дар шаҳри Гулистон майёр Партобов Сулаймонбек ва раиси ҷамоати мазкур Мавлонов Хуршед ширкат намуданд.
Нахуст, оид ба дастуру супоришҳои Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ки зимни ироаи Паёми навбатиашон ба Маҷлиси Олӣ 28 декабри соли 2024 баён доштанд ибрози назар карда шуд.
Зимни баргузории вохӯрӣ аз ҷониби маърӯзачиён пеш аз ҳама оид ба пешгирии содиршавии ҳодисаҳои номатлуб аз қабили шомилшавии ҷавонон ба ҳизбу ҳаракатҳои террористиву экстремистӣ, ҷинояткорӣ аз ҷониби наврасону ҷавонон ва баланд бардоштани тарбияи ватандӯстии шаҳрвандон, баланд бардоштани маърифати сиёсию-ҳуқуқӣ ва фарҳангии онҳо, ҷалби саривақтии ҷавонон барои даъват ба хизмати ҳатмии ҳарбӣ дар сафи Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон, татбиқи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи масъулият барои таълиму тарбияи кӯдак", дастовардҳои даврони Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва ҳамзамон оид ба тарзи дуруст истифода бурдани шабакаҳои иҷтимоӣ ибрози назар карда шуд.





















