31 Декабр 2025
Имрӯз, 29.12.2025 тибқи нақшаи тасдиқгардидаи Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷаласаи ҷамъбастии бахши кор бо ҷавонон ва варзиши шаҳри Гулистон барои натиҷагирӣ дар соли 2025 ва вазифагузориҳо барои соли 2026 доир гардид.
Дар ҷаласаи мазкур муовини Раиси шаҳри Гулистон Шарифҷони Саидраҳмон, мудири бахши кор бо ҷавонон ва варзиши шаҳри Гулистон Аҳлиддин Абдураҳмонов, масъулини МДМВ, волонтёрон ва аъзоёни фаъоли маҳфили "Пайравони Пешвои миллат" иштирок намуданд.
Дар кори ҷаласаи ҷамъбастии фаъолияти бахш 3 масъала дар шакли зерин пешниҳод гардид:
1.Ҳисоботи фаъолияти Бахши кор бо ҷавонон ва варзиши шаҳри Гулистон дар самтҳои кор бо ҷавонон ва рушди соҳаи варзиш дар соли 2025 ва вазифаҳо барои соли 2026 бо дарназардошти муваффақият, мушкилот, ҳолат ва дурнамо;
2.Пешниҳоди нақшаҳои кории фаъолияти бахш барои соли 2026;
- мавриди баррасӣ қарор додани камбудӣ ва мушкилотҳои ҷойдошта дар соҳаи кор бо ҷавонон ва варзиши шаҳр (тариқи пурсиши масъулони соҳа аз ҷониби муовини Раиси шаҳр);
Аз рӯи масъалаи якум мудири бахши кор бо ҷавонон ва варзиши шаҳри Гулистон дар самтҳои кор бо ҷавонон ва рушди соҳаи варзиш дар соли 2025 бо дарназардошти муваффақият, мушкилот ҳолат ва дурнамо ҳисобот пешниҳод намуда, оид ба дастовардҳо ва мушкилотҳои соҳа ибрози андеша намуда таъкид дошт, ки дар ин давра байни ҷавонон, волидайни онҳо ва аҳолии ҷамоати шаҳракҳо ва маҳаллаҳои шаҳр, корхонаву ташкилотҳо, инчунин муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ ва коллеҷи тиббӣ бо ин мақсад беш аз 74 вохуриву мулоқот ва хониши сиёсӣ, 45 конференсия, мизи мудаввар, 129 аксияву ҳамоиш, 51 маҳфил ва 7 роҳпаймоӣ дар мавзуъҳои “Ҷавонон”, “Паём”, “Манфиатҳои миллӣ”, “Паём роҳнамо барои фардои дурахшон”, “Паёми Пешвои миллат – ҳидоятномаи халқ ба сӯи фардои дурахшон”, “Пешгирии шомилшавӣ ба ҳизбу ҳаракатҳои тундрав”, “Пешгирии хурофоту бегонапарастӣ ва падидаҳои номатлуб дар ҷомеа” “Экстеремизм ва терроризмро маҳкум мекунем”, “Муқовимат бо экстеремизм ва терроризм кори дастаҷамъист”, “Тарбияи ватандӯстии ҷавонон омили муттаҳидии миллат”, “Қувваҳои муссалаҳ – мактаби тарбияи ватандӯстии ҷавонон” “Эмомалӣ Раҳмон бунёдгузори Қувваҳои Муссалаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон”, “Ҷавонон нерӯи созандаи кишвар”, “Ҷавонон ва ҳифзи манфиатҳои миллӣ”, “Хизмати ватан-модар шараф аст!”, “Артиши миллӣ сипари боэътимоди ватан”, “Артиши миллӣ-кафили сулҳу ваҳдат”, “Модар бақои ҳаёт”, “Мадар сарвати бебаҳо ва сарчашмаи ҳаёт”, “Саҳми Пешвои муаззами миллат дар тарғиб ва ҷаҳонишавии Наврӯз”, “Душанбе тахту бахти тоҷикону Тоҷикистонӣ”, “Маърифати ҳуқуқии шаҳрвандон омили муҳими ваҳдату ягонагӣ”, “Таваҷҷуҳ ба баланд бардоштани тарбияи ватандӯстӣ, маърифати ҳуқуқӣ, худшиносиву худогоҳии миллӣ ва зиракиии сиёсии ҷавонон-василаи пешрафт ва пешгирии ҳамагуна омилҳои номатлуб дар ҷомеа!”, “Ватандӯстӣ аз худшиносии миллӣ сарчашма мегирад”, “Таваҷҷуҳ ба зиракии сиёсии ҷавонон-василаи пешгирии ҳамагуна падидаҳои номатлуб дар ҷомеа”, “Ваҳдат сарчашмаи сулҳу суботи кишвар”, “Танзим баракати зиндагист”, “Соҳибқирони шоирон устод Рӯдакист”, “Мавлоно тарбиятгари инсони комил”, “Офтобо бори дигар хонаро пурнур кун”, “Забони миллат-ҳастии миллат”, “Бистсолаи омӯзиши фанҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ”, “Қонуни масъулият дар таълиму тарбияи кӯдак”, иштироки фаъолона доштан дар озмуни ҷумҳуриявии “Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст”, “Огаҳ будан аз таъриху тамаддун ва фарҳанги асили ниёгон” “Ҳифзи арзишҳои миллӣ-сулҳу суботи кишвар, муҳимтарин вазифаи ҷавонон ”, “Конститутсия – бахтномаи миллат”, “Конститутсия – кафили ҳуқуқ ва озодиҳои инсон ва шаҳрванд”, “Нақши Пешвои миллат дар татбиқи сиёсати давлатии ҷавонон ва варзиш”, “Нақши иҷлосияи 16-уми Шӯрои Олӣ дар рушди минбаъдаи давлатдории миллӣ”, “Парчамат бодо парафшон Тоҷикистони азиз”, “Парчам – рамзи давлатдорӣ ва ҷовидонии миллат”, “Коррупсия падидаи хатарзо барои амнияти миллӣ”, “Волонтёрӣ – шараф ва мактаби худшиносиву худогоҳии миллӣ аст!”, “Ҳаёт бидуни зӯроварӣ”, “Ҳифзи арзишҳои миллӣ рисолати шаҳрвандист”, "Пешгирии коррупсия кори дастаҷамъист", "Кафолати ҳуқуқҳои инсон - омили пешрафти ҷомеаи башарӣ" ва дигар мавзуҳои муҳим ба роҳ монда шуд.
Ҳамчунин аз ҷониби масъулини бахш ва ҷавонони фаъоли шаҳр зиёда аз 195 мақолаҳои тарғиботиву ташвиқотӣ ва 215 видионаворҳои (видиоролик) тарбиявӣ дар мавзуъҳои гуногун баҳри ҳифзи Истиқлолият, ваҳдату ягонагӣ, арҷ гузоштан ба арзишҳои милливу башарӣ, пешгирии шомилшавии ҷавонон ба ҳизбу ҳаракатҳои тундрав, пешгирии бемориҳои сироятӣ ва маъракаҳои муҳими сиёсӣ таълиф гардида, теъдоде аз онҳо дар ҳафтаномаи “Соҳил”, сомонаи расмии мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр, сомонаҳои расмии Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раёсати кор бо ҷавонон ва варзиши вилояти Суғд ва саҳифаи расмии бахши кор бо ҷавонон ва варзиши шаҳр ба нашр расидааст.
Лозим ба зикр аст, ки соли равон барои дастгирии ҷавонони лаёқатманди шаҳр шумораи гирандагони Стипендияи Раиси шаҳр 40 нафаро ташкил дода, маблағи он 1800 мебошад, ки хонандагони аълохону фаъол сазовори Степендияи Раиси шаҳр гардиданд.
Лозим ба зикр аст, ки бо ташаббуси бевоситаи Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон миқдори гирандагони Стипендияи Президентӣ дар сатҳи ҷумҳурӣ аз 400 нафар ба 3000 нафар расонида шуд ва тибқи тақсимот, барои шаҳри Гулистон 16 адад Стипендияи Президентӣ ҷудо гардидааст, ки ин шумора солҳои қаблӣ ҳамагӣ 3 ададро ташкил медод. Ин амал бори дигар аз ғамхориву дастгирӣ нисбат ба ҷавонон ва сиёсатаи ҷавонпарваронаи Асосогузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон шаҳодат медиҳад.
Инчунин, дар давоми соли ҷорӣ 8 нафар ҷавонони имконияташон маҳдуд ва ниёзманд аёдат гардида, маводи хурока ва кумакпули дастрас карда шуданд.
Ҳамзамон, бо мақсади ҳавасмандгардонии ҷавонони фаъол, афсарону сарбозон ва баланд бардоштани ҳисси ватандӯстии онҳо дар давоми соли ҷорӣ беш аз 116 нафар ҷавонон бо Сипоснома, Ифтихорнома, Шаҳодатнома ва тӯҳфаҳои хатиравӣ қадрдони гардиданд.
Ҳамзамон, зикр кардан ба маврид аст, ки барои дастгирии ҷавонони лаёқатманди шаҳри Гулистон низ ҳамасола 19-то квотаи Президентӣ бо дарназардошти 10-ҷой барои духтарон ва 9 ҷой барои писарон мебошад.
Дар ҳудуди шаҳр дар умум 136 иншооти варзишӣ фаъолият дошта, аз ин теъдод 56 майдончаи варзишӣ, 6 ҳавзи шиноварӣ, 9 варзишгоҳ, 26 толори варзишӣ ва 38 майдончаи бозии кўдакона мебошад.
Тибқи нақшаи тасдиқгардида бо мақсади оммавигардонии варзиш ва тарғиби тарзи ҳаёти солим ҳар ҳафта рўзи шанбе ташкил ва баргузории машқи пагоҳирўзӣ ба роҳ монда шудааст. Дар давраи ҳисоботӣ 91 маротиба машҳҳои пагоҳирўзӣ дар боғҳои фарҳангию фароғатӣ, варзишгоҳи марказӣ ва дар гулгашту хиёбонҳои шаҳр ва ҷамоати шаҳракҳои тобеи шаҳри Гулистон, бо ҷалби 19350 нафар доир гардид, ки ба он 9250 нафар ҷавондухтарон ва бонувон иштирок доштанд.
Дар шаҳр як мактаби варзишӣ амал менамояд, ки дар он 27 нафар мураббӣ фаъолият дорад. Дар мактаби варзишӣ 9 намуди варзиш: футбол, волейбол, муайтай, ҳендбол, гўштини тарзи юнонӣ-румӣ, гуштини тарзи озод, муштзанӣ (бокс), шоҳмот ва тениси руйи миз амал намуда, ба 50 гурўҳҳои машқӣ бо ҷалби 736 нафар наврасону ҷавонон, аз ҷумла 79 нафар духтарон машқу тамрин менамоянд.
Варзишгарони шадр дар давоми соли 2025, дар 16 мусобиқаҳои дохилимактабӣ – бо гирифтани 546 медал ва 5 мусобиқаи шаҳрӣ ва кушоди шаҳрӣ бо гирифтани 176 медал, 5 муособиқаи вилоятӣ бо гирифтани 15 медал, 2 мусобиқаи ҷумҳуриявӣ бо гирифтани 9 медал ва дар 1 чемпионати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо гирифтани 1 медал мушараф гардидаанд. Дар маљмўъ варзишгарон давоми соли ҷорӣ соҳиби 745 медал гардиданд.
Ҳамзамон, бо мақсади иҷрои дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва нақшаи кории Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон мусобиқаҳо бо усули маҳал ба маҳал ва байни ташкилоту муассисаҳо аз руйи намудҳои волейбол, футбол, гуштингирӣ, тениси руйи миз ва шашкаю шоҳмотбози беҳтарин 300 мусобиқа ташкил ва баргузор карда шуд.
Дар фарҷом иброз карда шуд, ки дар соли 2026 низ фаъолияти соҳаро ҷонок намуда баҳри расидан ба натиҷаҳои назаррас саъю талош карда мешавад.





















