14 Январ 2026
Раиси вилояти Суғд Раҷаб Аҳмадзода дар шаҳри Гулистон бо ҷараёни сохтмони корхонаи нави саноатӣ шинос гардид.
Бо саҳми Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди «Дилроз-Ғаюр» дар шаҳри Гулистон корхонаи саноатӣ дар самти истеҳсоли нахҳои базалтии гармнигоҳдоранда бунёд шуда истодааст. Ин иқдоми муҳим дар доираи сиёсати саноатикунонии босуръати кишвар ва бо ҷалби сармояи хусусӣ амалӣ мегардад.
Тавре зимни боздид ба Раиси вилояти Суғд Раҷаб Аҳмадзода иттилоъ дода шуд, корхонаи мазкур бо саҳми соҳибкорони ватанӣ дар ҳамкорӣ бо шарикони рушд аз Ҷумҳурии Мардумии Чин бунёд ёфта, иқтидори истеҳсолии он 50 ҳазор тонна нахҳои базалтии гармнигоҳдоранда дар як солро ташкил медиҳад.
Корхонаи истеҳсоли масолеҳи сохтмонӣ дар масоҳати 6 гектар замин қомат афрохта, пас аз ба фаъолият оғоз намудани он беш аз 80 нафар сокинони маҳаллӣ бо ҷойи кори доимӣ ва маоши хуб таъмин хоҳанд шуд.
Айни замон барои иҷрои корҳои сохтмонӣ шумораи зиёди сокинони маҳаллӣ ва мутахассисони чинӣ ба кор ҷалб гардидаанд ва корҳои бунёдӣ мутобиқи нақша ҷараён доранд.
Раиси вилояти Суғд Раҷаб Аҳмадзода зимни шиносоӣ бо ҷараёни сохтмон ба масъулон дастур дод, ки корҳои сохтмонӣ бо риояи талаботи меъморию техникӣ, стандартҳои сифат ва дар муҳлатҳои муайяншуда анҷом дода шаванд. Таъкид гардид, ки мавриди истифода қарор гирифтани чунин корхонаҳо ба рушди соҳаи саноат, зиёд гардидани ҷойҳои корӣ ва таъмини бозори дохилӣ бо маҳсулоти ватанӣ мусоидат хоҳад кард.




















