Матни равон

Имрӯз, 05.02.2026 бо мақсади баланд бардоштани маърифати ҳуқуқӣ, сиёсӣ ва иҷтимоии ҷавонон, инчунин пешгирии паҳншавии андешаҳои ифротгароӣ ва хушунатомез, тибқи дастури Роҳбари Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва нақша чорабиниҳои Бахши кор бо ҷавонон ва варзиши шаҳри Гулистон ва мақомоти ҳифзи ҳуқуқ оид ба ташкил ва баргузории чорабиниҳо бахшида ба 12 феврал “Рӯзи байналмилалии пешгирии экстремизми хушунатомез, ки замина барои терроризм мешавад” дар толори хурди МИҲД-и шаҳр конференсияи илмӣ - амалӣ бо ҷавонони муассисаҳои таълимӣ ва коллеҷи тиббии шаҳр баргузор гардид.

Дар чорабинӣ мудири бахши кор бо ҷавонон ва варзиши шаҳри Гулистон Аҳлиддин Абдураҳмонов, сардори шуъбачаи кор бо ноболиғон ва ҷавонони шуъбаи Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Гулистон Партобов Сулаймон ва мудири бахши ҷавонони КИ ҲХДТ дар шаҳри Гулистон Фаридуншоҳ Абдуллоев иштирок ва суханронӣ намуданд.

зикр карда шуд, ки "Бо Қатъномаи Маҷмааи умумии Созмони Милали Муттаҳид таҳти №77/243 аз 20 декабри соли 2022 - 12 феврал ҳамчун “Рӯзи байналмилалии пешгирии экстремизми хушунатомез, ки замина барои терроризм мешавад” эълон карда шудааст.

Тундгароӣ ва экстремизму терроризм таърихи тӯлонӣ ва доманаи фарох дошта, дар як муддати кутоҳ ба вуқуъ напайвастаанд.

Тавре Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон қайд намуданд: “Доираи хатару таҳдидҳои аз терроризму ифротгароӣ бароянда мунтазам васеъ гардида, ин зуҳуроти харобиовар боиси оқибатҳои даҳшатбор мегарданд ва фаъолияти созмону гуруҳҳои террористиву ифротгаро хусусияти афзояндаи фаромарзиву фаромиллӣ касб менамоянд”.

Дар идома муовини прокурори шаҳр Далер Маҳмадализода қайд намуд, ки "Ҷумҳурии Тоҷикистон аллакай дар ду марҳила Стратегияи муқовимат ба экстремизм ва терроризмро барои солҳои 2016-2020 ва 2021-2025 муваффақона татбиқ намуда, Стратегияи ҳамсон барои давраи то соли 2040 ва Нақшаи амали он барои солҳои 2026-2030 дар арафаи татбиқёбист, ки натиҷаҳои он назаррас ба ҳисоб мераванд.

Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчун узви комилҳуқуқи ҷомеаи ҷаҳонӣ таҳти роҳбарии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон баҳри пешгирии ин зуҳуроти номатлуб дар арсаи байналмилалӣ ва тамоми сатҳҳо чораҳои муассир меандешад. Ин аст, ки таи чанд соли охир дар 3 марҳила конференсияҳои байналмилалии сатҳи баланд гузаронида шуда, масъалаҳои мубрами ҷаҳонӣ марбут ба пешгирии экстремизму терроризм ва амнияти сархадӣ таҳти баррасӣ қарор дода шуданд.

Тадбирҳои андешидаи давлату Ҳукумати Тоҷикистон дар ҳамоҳангӣ бо созмонҳои бонуфузи минтақавию байналмилалӣ, хусусан СММ, ташкилотҳои ғайридавлатӣ ва ҷомеаи шаҳрвандӣ натиҷаи мусбӣ дода, сол то сол сатҳи содиршавии ҷиноятҳои экстремистӣ на террористӣ тамоюли камшавиро касб намудааст. Чунин ҳолат ба таъмини амнияти миллӣ мусоидат карда, тибқи арзёбиҳои созмонҳои байналмилалӣ Тоҷикистон ва пойтахти азизи мо шаҳри Душанбе дар сархати кишвар ва шаҳрҳои барои зиндагӣ амнтарини ҷаҳон мавқеи устуворро касб намудааст".

Ҳамзамон, дар бораи ҷавобгарии ҳуқуқӣ барои иштирок дар гурӯҳҳои экстремистӣ ва паҳн намудани маводи ифротгароёна дар шабакаҳои иҷтимоӣ сухан ронда, шунавандагонро ба риояи қонун ва истифодаи оқилонаи интернет даъват карда шуд.

 

Шарҳ додан


Защитный код
Нав кардан

Сомонаҳои расмӣ



Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон


МИҲД вилояти Суғд


АМИТ "Ховар"

Эълонҳо

  • 1
  • 2
  • 3
  • 4
  • 5

Диққат! Озмун!

Диққат! Озмун!

Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Гулистон барои ишғоли мансабҳои холии маъмурии хизмати давлатӣ озмун эълон...

10 Сен 2025

Диққат! Озмун!

Диққат! Озмун!

Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Гулистон барои ишғоли мансабҳои холии маъмурии хизмати давлатӣ озмун эълон...

04 Дек 2024

ДИҚҚАТ! ОЗМУН!

ДИҚҚАТ! ОЗМУН!

Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Гулистон барои ишғоли мансабҳои холии маъмурии хизмати давлатӣ озмун эълон...

24 Апр 2024

Диққат! Озмун!

Диққат! Озмун!

Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Гулистон барои ишғоли мансабҳои холии маъмурии хизмати давлатӣ озмун эълон...

25 Апр 2022

Диққат! Озмун!

Диққат! Озмун!

Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Гулистон ба мансабҳои холии маъмурии хизмати давлатӣ озмун эълон менамояд ...

04 Ноя 2021

Мо дар Фейсбук

Ташрифкунандагон


mod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_counter
mod_vvisit_counterИмрӯз:1276
mod_vvisit_counterРӯзи гузашта:2263
mod_vvisit_counterҲамин ҳафта:17620
mod_vvisit_counterҲафтаи гузашта:25299
mod_vvisit_counterҲамин моҳ:21221
mod_vvisit_counterМоҳи гузашта:101163
mod_vvisit_counterҲамагӣ:9318537

Райъпурсӣ

Сомона чи хел аст?