06 Феврал 2026
Имрӯз, 06.02.2026 дар Маркази саломатии шаҳри Гулистон бо иштироки кормандони соҳаи тардурустии шаҳр доир ба пешгирии падидаҳои номатлуб дар ҷомеа, аз қабили экстремизм ва терроризм, таълимоти ғайрирасмии динӣ, пешгирии омилҳои коррупсионӣ ва инчунин баланд бардоштани худшиносиву худогоҳии миллӣ вохӯрӣ баргузор карда шуд.
Дар вохӯрии мазкур сардории шуъбаи дар шаҳри Гулистон будаи РКДАМ Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вилояти Суғд Қаҳҳоров Комрон ва роҳбари Маркази саломатии шаҳр Ҷонибек Ҳомидҷонов иштирок ва суханронӣ намуданд.
Зикр гардид, ки дар таҳаввулоти ҷаҳони имрӯза, ки ҳамагон аз он огоҳем мубориза бо экстремизму терроризм хусусияти аввалиндараҷа барои ҳар як давлати соҳибистиқлол касб намудааст.
Миллатҳо ва халқҳои зиёде ҳастанд, ки дар гузаштаи на он қадар дур барои дастёбӣ ба истиқлолият даҳсолаҳо талош карда, дар ин роҳ ҳазорон фарзандони огоҳ ва азизи худро аз даст додаанд, вале муваффақ нашудаанд. Имрӯз низ шоҳиди талоши пайгирона ва озодихоҳонаи халқҳое ҳастем, ки даҳҳо миллион аҳолӣ доранд, аммо аз ҳуқуқҳои оддитарини миллӣ ва миливу фарҳангӣ маҳруманд. Аз ин рӯ, онҳо истиқлолиятро чун василаи ягонаи ҳифзи асолату ҳувият ва бақои таърихии худ медонанд.
Масъалаи муҳимтарин, ки имрӯз назди ҳар як шаҳрванди Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор дорад, ин аст, ки ҳар як шаҳрванди худогоҳи кишвар бояд то чӣ андоза муҳим будани истиқлолу озодӣ, давлати миллӣ, сулҳу оромӣ, суботи сиёсӣ ва ваҳдати миллиро амиқан дарк намояд ва барои таҳкиму тақвият бахшидани низоми давлатдории демократӣ ва ҳуқуқбунёду дунявӣ, ки бо майлу иродаи халқи Тоҷикистон интихоб шудааст, саҳми ватандӯстонаи хешро гузорад.
Лозим ба таъкид аст, ки дар вазъи пурпечутоби ҷаҳони имрӯз ҳамаи давлатҳо дар пайи ҳифзу нигаҳдошти амнияту истиқлоли давлатии худ ҳастанд. Ҳар кишваре, ки мардуми он дар ин роҳ бетарафӣ ва беаҳамиятӣ зоҳир мекунад, ҷойи тардид нест,ки соҳибистиқлолии худро аз даст хоҳанд дод. Имрӯзҳо хоинони миллати тоҷик, ки чашми бино ба сӯйи дастовардҳои кишвар надоранд, вале ба камбудиҳои ҷузъӣ ба масали “аз пашша фил сохтан” одат кардаанд бо ҳар роҳу восита мехоҳанд ба тинҷиву амонии кишвари мо латма зананд. Вале мо набояд фаромӯш созем, ки ҳарчанд, ки истиқлоли кишвари мо ҷавон аст, вале решаҳои он ба умқи таърихи пурифтихори халқамон мерасад ва аз муборизаҳои фидокоронаи ҳазорон нафар фарзандони далеру қаҳрамони миллатамон, ки дар роҳи озодиву истиқлоли сарзамини аҷдодиямон ҷон фидо кардаанд, шодоб мегарданд. Ин ба он далолат мекунад, ки дар натиҷаи ҳамдиливу ҳамдигарфаҳмӣ, кӯшишу меҳнати дастҷамъонаи садоқатмандона ба Ватан мо метавонем соҳибистиқлолӣ ва якпорчагии кишварро ҳифз намуда онро боз ҳам ободтар созем.
Ҳамчунин, таъкид гардид, ки Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба истиқболи ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатии кишвар дар Паёми навбатии худ ба Маҷлиси Олии кишвар пешниҳод намуданд, ки соли 2026 "Соли вусъат додани корҳои ободониву созандагӣ ва тақвияту таҳкими худшиносиву худогоҳии миллӣ" эълон карда шавад ва доир ба ин масъала Фармони Президенти кишвар ба тасвиб расид. Ҳар як шаҳрванди кишварро мебояд, ки нахуст худогоҳ бошад, кӣ будани худ ва чӣ рисолат доштанашонро донад ва бо шинохти аҷдод ва миллат ва фаъолияти фидокорона барои миллат ба худшиносии комил расад.






















