Матни равон

Дар доираи татбиқи Барномаи рушди соҳаи қолинбофӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2021–2025 тадбирҳои муассир амалӣ гардида, барои рушди устувори соҳа, баланд бардоштани сифати маҳсулот ва таъмин намудани рақобатпазирии он дар бозорҳои дохиливу хориҷӣ заминаи мусоид фароҳам оварда шудааст.

Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди «Қолинҳои Қайроққум» бо истифода аз дастгириҳои давлатии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон тавонистааст то 40 фоизи маҳсулоти истеҳсолии худро ба хориҷи кишвар содирот намуда, дар баробари бозори дохилӣ дар бозори байналмилалӣ низ мавқеи устувор касб намояд.

Зимни шиносоӣ бо фаъолияти корхона ба Раиси вилояти Суғд Раҷаб Аҳмадзода иттилоъ дода шуд, ки бо ворид ва насби хатҳои нави муосири истеҳсолӣ ҳаҷми истеҳсол афзуда, сифати маҳсулот беҳтар гардида ва навъи қолинҳои истеҳсолшаванда зиёд шудааст.

Корхона иқтидор дорад солона аз 4,5 то 5 миллион метри мураббаъ қолинҳои хушсифат истеҳсол намуда, дар баробари таъмини бозори дохилӣ ба Федератсияи Русия, Қазоқистон, Қирғизистон ва дигар кишварҳо содирот намояд.

Тибқи маълумоти оморӣ, соли 2025 дар шаҳри Гулистон ба маблағи 4 миллиарду 871 миллиону 516,6 ҳазор сомонӣ маҳсулоти саноатӣ истеҳсол гардида, ин нишондиҳанда нисбат ба соли 2024 беш аз 1 миллиарду 136,9 миллион сомонӣ афзоиш ёфтааст.

Ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти ҶДММ «Қолинҳои Қайроққум» дар ин давра ба 153 миллиону 573,9 ҳазор сомонӣ баробар шуда, истеҳсоли маҳсулоти қолинию тафтенгӣ дар қиёс ба соли қаблӣ 127,6 фоизро ташкил додааст.

Масъулини корхона таъкид мекунанд, ки дастгириҳои пайвастаи давлатӣ ва таваҷҷуҳи хосаи Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба рушди соҳаи саноат, бахусус қолинбофӣ, ба густариши истеҳсол, афзоиши ҳаҷми маҳсулоти содиротӣ ва ивазкунандаи воридот мусоидати назаррас намудааст.

Дар доираи омодагиҳо ба ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар корхона ворид ва насби ду хатти нави истеҳсолӣ ба нақша гирифта шуда, истеҳсоли навъҳои муосири маҳсулоти қолинӣ ба роҳ монда мешавад. Ин иқдом имкон медиҳад ҳаҷми содироти маҳсулот боз ҳам афзоиш ёбад ва ҷойҳои нави корӣ таъсис дода шаванд.

 

Шарҳ додан


Защитный код
Нав кардан

Сомонаҳои расмӣ



Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон


МИҲД вилояти Суғд


АМИТ "Ховар"

Эълонҳо

  • 1
  • 2
  • 3
  • 4
  • 5

Диққат! Озмун!

Диққат! Озмун!

Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Гулистон барои ишғоли мансабҳои холии маъмурии хизмати давлатӣ озмун эълон...

10 Сен 2025

Диққат! Озмун!

Диққат! Озмун!

Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Гулистон барои ишғоли мансабҳои холии маъмурии хизмати давлатӣ озмун эълон...

04 Дек 2024

ДИҚҚАТ! ОЗМУН!

ДИҚҚАТ! ОЗМУН!

Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Гулистон барои ишғоли мансабҳои холии маъмурии хизмати давлатӣ озмун эълон...

24 Апр 2024

Диққат! Озмун!

Диққат! Озмун!

Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Гулистон барои ишғоли мансабҳои холии маъмурии хизмати давлатӣ озмун эълон...

25 Апр 2022

Диққат! Озмун!

Диққат! Озмун!

Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Гулистон ба мансабҳои холии маъмурии хизмати давлатӣ озмун эълон менамояд ...

04 Ноя 2021

Мо дар Фейсбук

Ташрифкунандагон


mod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_counter
mod_vvisit_counterИмрӯз:422
mod_vvisit_counterРӯзи гузашта:2193
mod_vvisit_counterҲамин ҳафта:7566
mod_vvisit_counterҲафтаи гузашта:19325
mod_vvisit_counterҲамин моҳ:52887
mod_vvisit_counterМоҳи гузашта:101163
mod_vvisit_counterҲамагӣ:9350203

Райъпурсӣ

Сомона чи хел аст?