10 Март 2026
Муҳтарам намояндагони аҳли қалам!
Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Гулистон дар роҳи татбиқи сиёсати хирадмандонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ- Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба рушди матбуот ва дигар воситаҳои ахбори омма эътибори бештар зоҳир менамояд. Дар ин замина бояд таъкид кард, ки ҳар сол санаи 11-уми март ҳамчун Рӯзи матбуоти тоҷик дар тамоми қаламрави ҷумҳурӣ, бахусус дар доираҳои фарҳангии кишвар ва аҳли қалам ботантана таҷлил мегардад. Мо хуб огоҳ ҳастем, ки ин ид ба ифтихори нашри нахустин рӯзномаи тоҷикии “Бухорои шариф” иртиботи қавӣ дорад.
Дар таърихи беш аз садсолаи мавҷудияташ матбуоти тоҷик рисолати худро содиқона ба ҷо оварда, имрӯз ҳам мавқеи устувор ва ҷойгоҳи хосро соҳибӣ намудааст. Мақому мавқеи матбуот, пеш аз ҳама, аз таҷрибаи пешқадаму ғании он сарчашма мегирад.
Агар ба марҳилаҳои ташаккулёбии матбуоти тоҷик назар афканем, он новобаста аз имконоту шароит, вазъи сиёсиву иҷтимоӣ давраҳо рисолати худро содиқона ба ҷо оварда ҳамеша дар рушду такмил буд.
Махсусан, дар оғози даврони соҳибистиқлолӣ, ки тарғиби худшиносиву худогоҳӣ, ҳифзи арзишҳои миллӣ, таҳкими истиқлолияти давлатӣ ва таъмини пойдории ваҳдату ягонагии халқ тақозои вақт буд, ин рисолати бузургро матбуоти тоҷик сарбаландона ба сомон расонд.
Имрӯз низ матбуоти тоҷик дар баробари таъмини иттилооти зарур, дар ташаккули афкори ҷомеа, махсусан, тарбияи маънавии мардум нақши созанда дорад.
Рӯзномаи “Соҳил” низ аз ҷузъҳои ҷудонопазири матбуоти тоҷик маҳсуб меёбад. Нашрияи мазкур ҳамчун оинаи ҳақиқии рӯзгори мардуми шаҳр хизмати босазо дошта, тайи ин солҳо вобаста ба талаботи замон мазмуну мундариҷаи рӯзнома беш аз пеш такмил ёфта истодааст.
Кормандони нашрия аз имкониятҳои мавҷуда истифода бурда кӯшиш менамоянд, ки рӯзнома саривақт ба табъ расида, мунтазам дастраси хонандагон гардад.
Аҳли қалами шаҳрро ба муносибати Рӯзи матбуоти тоҷик таҳният гуфта, бароятон саломативу сарбаландӣ, бурдборӣ ва комёбиҳои баланди эҷодӣ орзумандам.
Рӯзи матбуоти тоҷик муборак!





















